ВОХӮРИҲО ОИД БА ПАЁМ
- Подробности
- Опубликовано 31.01.2019 13:47
- Автор: Super User
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо доир гардиданд.
САНОАТИКУНОНИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ -ТАЛАБИ РӮЗ
- Подробности
- Опубликовано 30.01.2019 10:13
- Автор: Super User
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар баробари дигар самтҳои пешрафти иқтисодиёти мамлакат, соҳаи кишоварзиро низ мавриди таҳлил қарор дода, барои рушди он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН САДО ВА ИФТИХОРИ ТОҶИКОН БУД
- Подробности
- Опубликовано 28.11.2018 10:17
- Автор: Super User
Парчами миллӣ дар радифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллӣ ва Нишон яке аз рукнҳои аслии шинохт ва муаррифии давлат маҳсуб меёбад.
ДАР МУЛОҚОТИ ВАКИЛ
- Подробности
- Опубликовано 30.01.2019 10:00
- Автор: Super User
Ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Хайрулло ва раиси Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони кумитаҳои маҳал атрофи Паёми ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
МО СОҲИБИХТИЁРЕМ!
- Подробности
- Опубликовано 12.09.2018 14:13
- Автор: Super User
Вожаи Истиқлолият моро ба андеша мекашад, то дарк кунем, ки он чӣ чиз асту чӣ медиҳад. Ҳафтод сол зери байрақи соҳибихтиёрӣ зиндагӣ кардем. Вале соҳибихтиёрии мо, тоҷикистониҳо, нисбӣ буд. Москваро гӯш мекардем, аз ӯ мепурсидем, ки фалон корро чӣ навъ оғоз кунему чӣ тарз ба анҷом расонем. Чунки мо фарогири СССР – Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ будем. Ҳамеша ду парчам меафрохтем: Парчами СССР ва Парчами Тоҷикистон.