Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ГИРЕҲИ ДИЛҲО КУШОДА ШУД

 

Аз барқарории муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон, манзур сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва гуфтушуниди сатҳи давлатии сарони ду кишвар дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе  чор моҳ гузашт. Вале банда ҳанӯз ҳам аз таассуроти чорабиниҳои муҳими Душанбе фориғ нашудаам. Ва мехоҳам андешаҳои худро рӯйи коғаз биёрам.  

Подробнее...

ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ҶАНГ НЕСТ

ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ҶАНГ НЕСТ

Бархурди андешаҳову рушди бемайлони технологияи коммуникатсионӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ намегузорад, ки шахсе ё гуруҳе бидуни дахолат вобаста ба ин ё он руйдод дар ҷомеа кору фаъолият кунад. Сабабу оқибатҳои даргириҳои динию мазҳабиву нажодӣ дар мамолики Мисру Фаластину Сурияву Ироқ ва Покистону Афғонистони ба мо ҳамсоя имрӯз наинки мардуми ҷангзадаи мамолики зикршударо балки кулли сокинони сайёраро ба таҳлука гирифтор кардааст. Чун оина рушан аст, ки дар меҳвари асосии ҳамаи ин даргириҳо кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳ меистанд. Ва бо ин аъмоли хеш ҷилва медиҳанд, ки молику ҳукмрони аслии сайёра онҳоянд.

Подробнее...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (12.05.2018 шаҳри Душанбе)

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯзҳо мардуми мусулмони олам, аз ҷумла сокинони кишвари мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор доранд, ки ҳамчун айёми раҳмату мағфират, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва иҷрои амалҳои хайру савоб рӯзи 17-уми май фаро мерасад.

Подробнее...