Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ГИРЕҲИ ДИЛҲО КУШОДА ШУД

 

Аз барқарории муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон, манзур сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва гуфтушуниди сатҳи давлатии сарони ду кишвар дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе  чор моҳ гузашт. Вале банда ҳанӯз ҳам аз таассуроти чорабиниҳои муҳими Душанбе фориғ нашудаам. Ва мехоҳам андешаҳои худро рӯйи коғаз биёрам.     

Аҳли фазл ва доноёни тавонои кишвар хуб медонанд, ки дӯстии ду халқ – тоҷикону ӯзбекҳо таърихи барҷастаю намоён дошта, дар асри XV дар шахсияти ду нобиғаи адабиёту фарҳанг – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ решаҳои мустаҳкам ва навдаҳои гавҳарбор гирифт. Ин дӯстӣ дар замони шӯравӣ вусъату густариш ёфт ва дарахти решаустувори он шоху навдаҳои фарохтар сабзонд. Дар он даврон рафту омади сокинони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва баракс озодона, саршори рафоқату садоқат буду чун гулистонҳои ҳарду кишвар шукуфону муаттар. Дар вусъату равнақи дӯстии ду халқ ҳеҷ монеае вуҷуд надошт.

Баҳорони соли 1990 мо, кормандони идораи нашрияи Файзобод, бо нияти тамошои шаҳрҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон, хусусан қадамҷоҳои бузургони гузаштаи халқамон Самарқанду Бухоро, дар ду мошини сабукрав ба сафар баромадем. Аз ин сафар лаҳзаҳои хотирмонтаринаш ин аст, ки ҳар куҷое маҳтал мешудем - ба чойхона ё ошхона, ба дӯкон ё мағоза, ба Регистони Бухоро ё ба Арки шоҳӣ ва дигару дигар ҷоҳо ҳайати моро ба унвони «Меҳмонони азизи Душанбе» бо маҳбубияту самимият пазироӣ менамуданд.

Чаро эътироф накунем, ки ҳарду халқ – тоҷику ӯзбек ташнаи дӯстии дерина буданд. Ин чиз ҳини кушодани гузаргоҳҳои байни  Тоҷикистону Ӯзбекистон бараъло ҳис карда шуд. Манзараҳои вохӯрии сокинони назди гузаргоҳҳоро, ба фикрам, ҳар касе дид, ашк нарехта намонд. Ашкҳои шодмонии онҳо санги дили бепарвотарин инсонро об мекард. Охир, дами бист сол модар духтарро, падар писарро надида буданд. Мо дидем, ки даста-даста одамон  ба пешвози якдигар оғӯшкушоён қадам мезаданд. Муштоқи ҳамдигар баъди салому алеку бӯсобӯсӣ сари дастурхони наврӯзӣ нишаста, шаҳди ҳиҷрон чашиданд.

Давоми бист сол байни ду сарҳад бунбасте буд. На дур малмалак: Тоҷикистони оғӯштаи ҷангро фалокати гуруснагӣ таҳдид менамуду садҳо тонна озуқа дар роҳи оҳани ҷумҳурии ҳамсоя пӯсида нобуд мешуд.

Аз шодиву нишоти сокинони наздики гузаргоҳҳо сухан гуфтему нагуфтем, ки муаллими деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод Шариф Иброҳим боре бо чӣ забон алам кард. Ин омӯзгори серсобиқаи корӣ вақти дар донишкада таҳсил кардан бо духтари ӯзбекистонӣ риштаи муҳаббат баст. Омӯзгорон, зану шавҳар соҳиби фарзандони солеҳанд. Аз ин оила ду нозанин дар зодгоҳи модарашон келин шуда рафтанд. Ва дар замони ноҷӯрии муносибатҳо хабаргирии дуҷониба қатъ гардид. Набераҳо ба синни балоғат расида бошанд ҳам, бобою момои тоҷикистонии худро надиданд. «Имрӯз, ки роҳ кушода шуд, - мегӯяд Шариф Иброҳимов, - гиреҳи дилҳои мо ҳам кушода шуд».

Ҳамсари сокини деҳаи Бобои Валӣ Султон Маҷидов муаллима Мунира Маҷидова ҳам тоҷики Ӯзбекистон аст. Хешу табори ду ҷониб аз дарди фироқ азоб мекашиданд. Ҳамин буд, ки ҳафтаи аввали кушодани гузаргоҳҳо ба Ӯзбекистон сафара карда, дидор дида, хурсанд баргаштанд. 

Бо қаноатмандии беҳад бояд изҳор кунем, ки дар тамоми гузаргоҳҳо, аз ҷумла гузаргоҳҳои байнисарҳадии воқеъ дар вилояти Фарғона, ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Спитамен, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷикент дарҳои дӯстӣ ба рӯи ҳамдигар боз шуда, рафтуомад соддаю осон гардонда шудааст.

Коре, ки бо азми қавии ду ҷониб – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом гирифт, дар таърихи халқҳои тоҷику ӯзбек бо хатҳои заррин сабт мегардад. Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо бо даъвати Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст. Давоми ду рӯз, 8-10 марти соли 2018, сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрӯзаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муҳокима намуда, дар ин хусус 27 созишнома ба имзо расонданд. Асоси асосҳои ин ҳуҷҷатҳо ба мустаҳкам шудани равобити дуҷониба, пойдории сулҳу суботи комил дар ҳарду кишвар, мустаҳкам гардидани риштаҳои дӯстию хешу таборӣ равона гардидааст.

Мардум эътироф мекунад: Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин кораш боз як қаҳрамонии дигар нишон дод.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонеъ аз музокироти давлатӣ гуфт: «Мо дар муносибатҳоямон саҳифаи нав боз мекунем ва дар  ин бобат саҳми Эмомалӣ Раҳмон бузург аст».