ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН САДО ВА ИФТИХОРИ ТОҶИКОН БУД
- Подробности
- Опубликовано 28.11.2018 10:17
- Автор: Super User
Парчами миллӣ дар радифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллӣ ва Нишон яке аз рукнҳои аслии шинохт ва муаррифии давлат маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки парчамбадори миллату ватананд, бо ифтихор гуфтаанд: «Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шуълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад. Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст».
Воқеан, маънии бештари ин гуфтаҳоро кас берун аз Ватан рӯшантар эҳсос менамояд. Лаҳзае, ки ҳамватанони бурунмарзии мо дар давлати Арабистони Саудӣ (соли чанде пеш насиби мо низ зиёрати Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шуда буд), баробари дидану назар андохтан ба Парчами давлатамон медидем, ки вуҷуди онҳоро як ҳиссиёти баланди ифтихори миллӣ ва меҳру садоқат ба сарзамини бостониамон фаро мегирифт. Либосҳо ва рӯймоли сафеде, ки бо рамзи Парчами Тоҷикистон сар ва китфони моро зеб медод, диққати зоирин – тоҷикони дигар давлатҳоро бештар ҷалб менамуд.
Дар ҳақиқат Парчами мо ифодаи нангу номуси ҳар як шаҳрванд, баёнгари истиқлолияти мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, башоратдиҳандаи азму иродаи устувори халқамон мебошад. Парчами мо пайванди дирӯзу имрӯз, қутбнамои фардои нек, ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагист. Мо зери Парчами миллӣ саф ороста ваҳдату ягонагӣ, нангу номус, забону фарҳанги худро ҳимоя мекунем. Ҳарҷо ки Парчами Тоҷикистон партавфишон аст, онҷо садои тоҷик ва ифтихори тоҷикӣ рӯшан ҷило медиҳад.
Парчами миллии мо дар қатори Парчамҳои ҷаҳонӣ дар диёре, ки фарсахҳо дур аз Ватани мост, парафшонӣ мекард ва он мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо буд. Тоҷиконе, ки аз дигар давлатҳо ба зиёрати Хонаи Худованд омада буданд, баробари дидани Парчами Тоҷикистон болои китфони мо ашки шодию ифтихормандӣ мерехтанд. Парчами Тоҷикистонро ба рӯю дидаҳо молида шукрона аз Тоҷикистони азизу роҳбари хирадманди он мекарданд.
«Чи хуш аст бароям, ки Тоҷикистони азизамонро миёни миллионҳо намояндагони давлатҳои дунё бо нишони ин муқаддасоти миллӣ – Парчам шинохтам. Мо, тоҷикон ҳар куҷо бошем, шукронаю ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони азизи мо сол то сол ободу шукуфон, тинҷу ором гардида истодааст. Дасти дуо мебардорем, ки он боз ҳам ободтару шукуфонтар гардида, Роҳбари давлатамонро Худованд сари ҳар нафас нигаҳбон, Парчами Тоҷикистон дар рӯи ҷаҳон партавфишон бошад, - мегуфт Сайёра Рауфова бонуи тоҷике, ки муқими шаҳри Томски Федератсияи Россия буд. – Индуои як ман не, дуои тамоми модарони тоҷики ҷаҳон дар ҳаққи Тоҷикистону сарвари Худоди мост».
Т. МУНАВВАРА.