Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

МАЪЛУМОТНОМА ОИД БА ИҶРОИ БУҶЕТИ МАҲАЛЛИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2019

 

     Дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 ба қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти маблағҳои мақсадноки аз буҷети ҷумҳуриявӣ воридгашта, ба ҷои 25367737 сомонӣ, 25658482 сомонӣ ё ба андозаи 101 фоизи нақша маблағҳо ворид шудаанд, ки аз нақша ба маблағи 290745 сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4546556 сомонӣ зиёд аст.

Подробнее...

ҲАШТ ИСТГОҲИ НАВ

Муассисаи нигоҳдории роҳҳо дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 287,2 ҳазор сомонӣ корҳоро иҷро намуда, дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт дар ҳудуди ноҳия 8 адад истигоҳҳо ба таври замонавӣ навсозӣ карда шудаанд.

Подробнее...

ЯК МИЛЛИОН-ТЕЪДОДИ ХОНАНДАГОНИ WWW.NABZIFAYZOBOD.TJ

Дар ҳаёти фарҳангии ноҳия боз як рӯйдоди наку сабт гардид. Рӯзи 5 апрели соли равон сафи хонандагони торномаи «Набзи Файзобод» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ба як миллион нафар расид. Яъне давоми се сол дар саросари олам як миллион нафар хонандагон аз кору пайкори созанда ва рӯзгори сокинони Вашгирди бостон огоҳӣ гирифтанд. Ин рӯйдодро барои   ҳамдиёронамон муборак мегӯем.

«НФ».

САВДОГАРӢ КОРИ НАВРАСОН НЕСТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 2 августи соли 2011 қабул гардид, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд пурзӯр намуда, онҳоро вазифадор менамояд, ки дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои фарзанд мавқеи хоса дошта бошанд.

Подробнее...

ТУҲФА БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

Дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба – 9 май ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокини деҳаи Ҳаймаҳмадии Ҷамоати деҳоти Бӯстон Маҳмадалӣ Табаров  ва Ятим Табаров, сокини деҳаи Хоҷамарди Ҷамоати деҳоти Ҷавонон кӯмакпулии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ ба ҳар нафар ва туҳфаи  раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода ба ҳар кадом иштирокчӣ 600 сомонӣ,инчунин ба   Мурод Раҷабов ва Ҳалим Сангов, ки дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ меҳанти арзанда кардаанд, 350 сомонигӣ ва ба чор нафар маъюбони ҷанги Афғонистон - Файзалӣ Ғуломов, Акрам Ҷалилов, Раҳимбек Сафаров ва Дониёр Юсуфов ба маблағи 150 сомонигӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

Подробнее...

ҲАМКОРӢ БО ВАО БАҲРИ ПЕШРАФТ АСТ

29 июли соли равон нишасти матбуотии раиси ноҳия,  узви ММ-ии МО Раҷабзода Миралӣ   бо кормандони васоити ахбори умуми мамлакат ва ноҳия доир гардид.

Дар оғози нишаст Раҷабзода Миралӣ назди рӯзноианигорон аз дастоварду мушкилоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия дар нимсолаи аввли соли равон сухан кард.

Подробнее...

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 апрели соли равон даври ноҳиявии озмуни «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид.

Подробнее...

ҲУНАР БЕҲ АЗ ЗАР БУВАД

Бо ин унвон 27 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе   Фестивали ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид.

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 74-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ.

Ҳамдиёрони азиз! Соли 74-ум аст, ки 9-уми май Рӯзи ғалаба бар ашадитарин душмани инсоният- фашизм дар саросари дунё ботантана таҷлил карда мешавад.

Бо вуҷуди гузаштани муддати тӯлонӣ осори ҷанг эҳсос мегардад. То ба имрӯз ҷароҳатҳои ин ҷанг аз дили инсоният нарафтааст. Ҳанӯз хам аз заминҳои захмини кишварҳои ҷангзада бомбаю снарядҳои натаркида – нишони рӯзҳои мудҳиш – пайдо мегарданд. Осори ин ҷанги даҳшатбор дар сарзамини Тоҷикистон низ то имрӯз эҳсос мешавад.

Подробнее...

Подкатегории