ХАБАРҲО
ҲУНАР БЕҲ АЗ ЗАР БУВАД
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2019 11:08
Бо ин унвон 27 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар Фестивали мазкур муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳунарҳои мардумиро пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд. Ин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ шуд. Ҳунармандони диёри мо зери роҳбарии масъулини шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ ва меҳнат дар фестивали мазкур иштирок намуда, дар наминатсияи тоқидӯзӣ зинаи аввалро миёни шаҳру навоҳии кишвар касб карданд.
С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.