БОЙГОНӢ
ОМОДАГИҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ КИШВАР
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
24 Апр 2018
- Опубликовано 24.04.2018 14:48
МАҶЛИСИ ВАСЕИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ
Маҷлиси васеи назди раиси ноҳия, ки рӯзи 9 апрели соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ноҳия баргузор шуд, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар семоҳаи аввали соли 2018 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, бештар сари камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ислоҳи онҳо сухан рафт. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ зимни муҳокимарониҳо сабабҳои ҷой доштани камбудиҳо ва ислоҳи саривақтии онҳоро аз масъулини соҳаҳо пурсон шуд.
Хусусан ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои дар рафти маҷлисҳои назоратии назди раиси ноҳия давоми семоҳаи аввал ба миёномада мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт.
Супоришҳо дар самти кишоварзӣ, ташкили ниҳолхона, гулхона ва лимӯхонаҳо дар ҳудуди ҷамоатҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ, мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи коркарди шир ва бобати соҳилмустаҳкамкунии Оби Лояк, ташкили курсҳои ронандагӣ аз ҳисоби даъватшавандаҳо ноиҷро мондаанд.
Таъкид шуд, ки масъулони самти саноату сохтмон ва иқтисод дар бобати иҷрои саривақтии нақшаи андоз, вусъати корҳои сохтмонии партовгоҳҳо, терминали мусофиркашонӣ, муассисаи таълимии рақами 26, хати оби варзишгоҳи марказӣ, хатҳои равшандиҳии марказҳои ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод, сохтмони сехи макаронбарорӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳ намуда, чораҳои зарурӣ баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки ба ғанӣ гардидани буҷаи ноҳия мусоидат мекунанд, фаъол бошанд. Зеро ин тадбирҳо ба пешрав гардидани некуаҳволии мардум ва боло бурдани сатҳи зиндагии эшон таъсири мусбат мерасонад.
Ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи маорифу фарҳанг ва тандурустӣ бояд мавриди таваҷҷуҳи масъулини соҳа гардад, зеро дар ин самт камбудиҳо ҳанӯз ба чашм мерасанд. Тайи чанд соли охир иштирок дар озмунҳои фаннӣ нигаронкунанда аст.
Ҳамчунин Раҷабзода М. масъалаҳои ободонӣ, иҷрои нақшаи баҳории даъвати наваскарон, бунёди боғҳои нав ва кишти картошкаро аз масъулияти ҳамарӯзаи роҳбарон арзёбӣ намуд.
Кишоварзон бояд баҳри таъмини саривақтии нақшаҳо кӯшиш намуда, супориши бунёди боғҳо ва кишти картошкаро дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонанд.
Маҳз меҳнати созандаву бунёдкорона пешрафти ҳамаи соҳаҳоро таъмин намуда, омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки аллакай шурӯъ гардидааст, дар сатҳи талабот таъмин менамояд.
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
13 Апр 2018
- Опубликовано 13.04.2018 14:37
Рӯзи 2 апрели соли равон Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум, баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар ҳозир буданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии Сари чинор рақами 21 Низомиддини Шамсиён котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Каримзода Манучеҳри Бобӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №8, Саидова Тоҷиниссо, вакил аз ҳавзаи интихоботии №18, Қаҳҳоров Ёрибег, вакил аз ҳавзаи интихоботии №31 интихоб гардиданд.
Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:
- Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Ҷавонон, Қалъаи дашт.
- Ахбори Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Оиди беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳия”.
- Дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи аввали соли 2018.
- Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияи доимии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим.
- Тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия
Рӯзномаи пешниҳод-гардида аз ҷониби вакилони халқ тасдиқ гардид.
Аз рӯи масъалаи аввали иҷлосия рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Ҷавонон, Қалъаи дашт Зарипова Зикагул, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон маълумот дод.
Аз рӯи масъалаи дуюми иҷлосия раиси Комиссияи доими Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шамсиддин Абдураҳимов баромад намуд.
Сардори раёсати молияи ноҳия Раҷабов Иноятулло масъалаи сеюми иҷлосияро ба баррасии вакилон пешниҳод кард.
Муовини раиси ноҳия Раҷабова Н.Ҷ. Низомномаи комиссияи доимии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро барои тасдиқ манзури вакилон гардонд.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Ш.Қ. аз рӯи масъалаи панҷуми иҷлосия баромад намуд.
Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар анҷоми кори иҷлосия умедворӣ аз он намуд, ки вакилони халқ дар оянда баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кӯшишу ғайрати худро дареғ намедоранд.
Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Суруди миллӣ садо дод.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАВРӮЗ»
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
27 Март 2018
- Опубликовано 27.03.2018 15:36
Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!
Инак, боз ба сарзамини куҳанбунёду файзбори тоҷикон Наврӯзи хуҷастапай қадами фархунда ниҳод.
Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.
Асрҳо боз гузаштагонамон бо пазмониҳои зиёд ин иди миллиро интизор гардида, онро бо як ҷаҳон омодагиҳо ва шодию фараҳ истиқбол менамоянд.
Мардуми тоҷик аз қадимулайём дар арафаи ҷашни Наврӯз тибқи дастуру анъанаи ниёгон ботини худро аз андешаҳои носолим пок месозанд, либоси идона ба бар намуда, ба аёдату муборакбодии якдигар мераванд, ба ятимону пирон, барҷомондагону ниёзмандон дасти сахову мурувват дароз менамоянд, дар ҳаққи якдигар дуои нек мекунанд.
Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ҷашни Наврӯз васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад».
Бояд қайд намоем, ки ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилои тоза касб намуда, дар баробари идомаи анъанаҳои неки ниёгон бо мазмуну симои нав зуҳур намуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз ҳамчун иди ҷаҳонӣ дар кишварҳои зиёди олам таҷлил мегардад.
Дар арафаи ин иди бошукӯҳ дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи модар, ҳамасола доир намудани мулоқоти Президенти мамлакат бо зиёиёни кишвар ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.
Боиси хурсандии зиёд аст, ки сокинони ноҳияи Файзобод чун ҳарсола дар арафаи Наврӯзи имсола корҳои ободониро беш аз ҳарвақта вусъат бахшида, дар тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, маҳалҳои зист, бунёди боғу токзорҳо, шинонидани дарахтони ороишию гулбуттаҳо саҳми арзанда мегузоранд. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 8000 бех дарахтони ҳамешасабзи арча ва гулу гулбуттаҳои гуногун шинонида, ин амалҳои некро босуръат идома дода истодаанд. Хурду бузурги ноҳия баҳри ободии диёру Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш менамоянд, ки деҳу диёру кишварамон аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва шукуфонтар гардад.
Ҳамдиёрони азиз! Ба ҳар яки Шумо саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори хушу осуда ва ба ҳар як хонадони диёр файзу баракат таманно мекунам.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак!
НАВРӮЗИ ФАРХУНДАПАЙ
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
13 Апр 2018
- Опубликовано 13.04.2018 14:32
(ГУЗОРИШ АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯ)
Даҳаи охири моҳи март дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон иди Наврӯзи фархундапай, ки яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони бофарҳангу соҳибтамаддунамон буда, бо омаданаш аз фарорасии фасли баҳори нозанин, эҳё ва бедории табиат, оғози кишту кор мужда меорад, таҷлил гардид. Бо омадани Наврӯз ҳама кунҷу канори Тоҷикистони офтобии мо ба худ ҳусни зебову дилрабо касб кард, ки ин ҳама моро ба сӯи созандагию бунёдкориҳо, фатҳи қуллаҳои баланду дастовардҳои шоёни меҳнатӣ даъват менамояд.
Наврӯзи дилафрӯз дар диёрамон бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса қайд карда шуд. Чанд рӯз пеш маркази ноҳия, шаҳраки Файзобод ба истиқболи ин ҷашн орову зиннат гирифта буд. Субҳи рӯзи 21 март бошад, ба ҳар нафаре, ки нигарӣ, таъби болида дошт. Одамон даста-даста бо чеҳраҳои шукуфону диданӣ сӯйи наврӯзгоҳ - майдони тозабунёди варзишӣ қадам мезаданд. Аз ин табъи болидаву чеҳраҳои хандон пайдо буд, ки Наврӯзи оламафрӯз бо қудуми мубораки хеш ба ҳар хонадон шодиву нишот ва файзу фаровонӣ овардааст.
Сокинони диёри файзборамон, чун дигар заҳматкашони кишвар Наврӯзи Аҷамро ҳамин тавр бо рӯҳи болида истиқбол гирифтанд. Вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, бунёди боғҳои нав, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ шаҳодати ин гуфтаи мост.
Даври майдони варзишӣ сокинони ҷамоатҳову хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо пешкаши дастоварду ҳунарҳои мардумӣ дастурхони идона оростанд.
Намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид, раиси ноҳия узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Раҷабзода Миралӣ ва дигар меҳмонон вориди базмгоҳ шуда, аз растаҳои идона дидан карданд ва изҳори миннатдорӣ намуда, аз тараддудҳои онҳо хурсанд шуданд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сокинони ноҳияро ба иди Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуда, таъкид сохт, ки Наврӯзи имсола ба мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба сокинони диёри мо, файзу фаровонӣ, сериву пурӣ, бахту барор, баракату саодат ато кард ва боварӣ ҳаст, ки минбаъд низ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Меҳнаткашони зафарманди диёрамон, афзуд раиси ноҳия, аз насими поку пурнакҳати Наврӯз руҳу илҳоми тоза гирифта, ба саъйи дучанд пайи корҳои ободонию бунёдкорӣ камар бастанд. Дар арафаи омодагиҳо ба ин ҷашни бошукӯҳ корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза ёфта, ҳазорҳо бех ниҳолҳои самаровару соядор, гулу гулбутта шинонида шуданд. Садҳо гектар боғу токзорҳо бунёд мешаванд.
Умеду боварӣ дорем, ки Наврӯзи имсола аз қудуми меҳмонон боз ҳам пурфайзтар гардида, ба аҳли олам, хоса Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон, бахту иқбол, файзу барор ва баракату саодат меоварад.
Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид аз номи Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар ҷамъомадагонро бо иди Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод гуфта, боварӣ изҳор кард, ки сокинони диёри файзборамон бо роҳи пешгирифтаи ҳукумати мамлакат дилпурона қадам мезананд.
Пас аз суханрониҳо барномаи театркунонидашудаи ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия пешкаши мардум гардонида шуд, ки ҳама саршор аз васфи Ватан, зебоиҳои фасли баҳору Наврӯзи дилафрӯз буд. Дар ҷашни бошукӯҳи Файзобод гурӯҳи “Ғарибшоҳ компания” ва овозхони шинохта Ҳабиба Давлатова ҳунарнамоӣ намуданд.
Тантанаҳои наврӯзӣ то бегоҳ идома ёфтанд.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР»
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
09 Март 2018
- Опубликовано 09.03.2018 14:06
Модарони меҳрубон,
Бонувони муҳтарам!
Ҳамасола дар айёми фарорасии фасли зебои сол-баҳори нозанин дар саросари кишвари азизамон яке аз ҷашнҳои зебову муқаддас - ҷашни «Рӯзи модар» бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат модарону хоҳарони азизро самимона табрику таҳният мегӯям.
Зан-модар дар ҳама давру замонҳо баробари офарандаю тарбиятгари инсон будан, боз қатори мардон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолона ширкат варзида, дар ташаккули равандҳои ҷомеа, зебову гуворо гардонидани зиндагӣ саҳми босазо мегузорад. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо зоҳир гардидани таваҷҷуҳу ғамхориҳои беназир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва дастгирии пайвастаи онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи занон дар зиндагӣ афзуда, саҳми онҳо дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат рӯз то рӯз беҳтару бештар мегардад. Дар ин давра дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон аввалин давлате буд, ки дар қатори дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ба Конвенсияи байналхалқӣ «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои таъбиз нисбати занон» ҳамроҳ гардида, аз ҷониби парламенти мамлакат қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардид. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва даҳҳо дигар қарору барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳаёти занон қабул ва амалӣ гардиданд.
Натаҷаи ҳамин ғамхориҳост, ки имрӯз, хушбахтона, дар ҷумҳурӣ соҳаеро ёфтан имкон надорад, ки дар он нақши дастони занону модарон, саҳми арзандаи онҳо набошад. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Бонувони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия баробари дигар занони кишвар ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат дар рушди иҷтимоиву иқтисодии диёру кишвар ҳиссагузорӣ менамоянд.
Сафи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд беш аз пеш меафзояд. Имрӯз дар ноҳия 8 нафар вакилони халқи ноҳия, 37 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 21 нафар хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занонанд. 33 нафар занон дар корҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Беш аз 80 нафар духтарони ноҳия тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил намуда истодаанд.
Боиси ифтихору шодмонист, ки имрӯз садҳо нафар бонувон - зодагони ноҳияи мо бо меҳнати ҳалолу пурсамар, фаъолияти ҷамъиятии худ дар ноҳия ва берун аз он соҳиби иззату икроманд.
Мо дар ҳаққи модарони мушфиқу ғамхор, занҳои меҳрубону босадоқат, хоҳарону бонувони азиз ҳар чӣ қадар сухан гӯем кам аст ва боз ногуфтаҳо мемонанд. Зеро ҳеҷ як ситоишеву сухане наметавонад бо меҳру муҳаббати модар, ранҷу машаққати ӯ дар тавлиду тарбияи фарзанд ва ободии хонадон баробар бошад. Чӣ тавре шоир мегуяд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Модарону хоҳарони азиз!
Бо истифода аз ин фурсати муносиб бо як ҷаҳон ихлосу меҳр ҳамаи модарону хоҳарони азиз, бонувони мушфиқу меҳрубонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба ифтихори иди зебои баҳор - «Рӯзи модар» самимона табрику муборакбод намуда, таманно мекунам, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва хонаободу саодатманд бошед.
Идатон муборак, модарону хоҳарони азизу гиромиқадр!