Ср11272024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БОЙГОНӢ

ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

Тибқи нақшаву дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳи кории таблиғотӣ ба шаҳру вилоятҳои кишвар сафарбар карда шуда буданд. Чунин гурӯҳи корӣ аз 8 то 17-уми январи  соли 2018 дар ноҳияи Файзобод бо сокинон мулоқотҳо доир намуданд.

А.Бегназарзода – муовини аввали раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Х. Асозода-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Л.Собиров - сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ.Барфиев - мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Қ. Партоев- сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин гурӯҳ шомил буданд. Гурӯҳи тағлиботӣ дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам М.Раҷабзода, муовини раиси ноҳия Н.Раҷабова, прокурори ноҳия С.Азиззода, раиси суди ноҳия С.Қудратзода, сардори КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҷ.Баротов, сардори ШВКД ноҳия С.Сайфзода, раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ А.Азизов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ф.Наҷмиддинов вохӯриҳо гузарониданд.

Дар вохӯриҳои баргузоршуда, сараввал, роҳбари гурӯҳ Муовини якуми раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бегназарзода А. ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Асозода аз нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. 

Пешниҳод шудани Паём аз  тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва  дар доираи манфиатҳои миллии кишвар, мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию  хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани   ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст – гуфтанд намояндагони ҳукумат.

Дар Паём масъалаҳои афзалиятноки ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ва сиёсати хориҷии он таҳлилу баррасӣ гардид.

Пешвои муаззами миллат зикр карданд, ки  бо мақсади пешгирӣ аз ин гуна хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд: “Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез” баргузор мешавад. Бешубҳа, баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар кишвари мо самараи сиёсати хориҷии пешгирифтаи Пешвои муаззами миллати мо, яъне  сиёсати “дарҳои кушода” буда, аз фароҳам будани амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз устувории сиёсати давлатдорӣ ва самимияти халқ башорат медиҳад.

Х. Асозода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки бахши марказии Паёми Пешвои муаззами миллатро баррасии вазъияти иқтисодии мамлакат ва таҳлили дурнамои миёнамуддат ва дарозмуддати он ташкил медиҳад. Дар он аз ҷумла омадааст, ки «Ҳукумати
мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаи обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст. Қ. Барфиев зимни суханронӣ таъкид кард, ки  барои расидан ба ин мақсади стратегӣ моро зарур аст, ки низоми нави рушди босуботи иқтисодии бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, тараққиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ асосёфтаро оғоз намоем ва вусъат диҳем.

Партоев Қ. оид ба нуқтаҳои асосие, ки ба бахши иқтисодӣ аз ҷумла кишоварзӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои обӣ, соҳибкорӣ ва рушди иҷтимоии кишвар баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бе воридоти технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникии парвариши зироатҳо ғайриимкон мебошад.

Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии маркази Тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Л. дар вақти вохӯрӣ бо мардум чунин ибрози ақида намуданд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмуи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.     

Тавре, ки Президенти кишвар таъкид карданд, «Сиёсати дарҳои боз чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеъӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод». Ин сиёсат  доираи шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистонро васеъ намуда, барои таъмин намудани ширкати густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ замина фароҳам оварад. Масъалаи дигаре, ки мардум бисёр аз он хурсанд мебошанд, ин масъалаи бардоштани лимити барқ мебошад, зеро яке аз мушкилоти асосии ноҳия ва деҳаҳои дурдаст ин норасоии барқ дар фасли сармо мебошад. Махсусан, дар ноҳия дар солҳои охир оиди таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, дастгирӣ намудани соҳибкорон, афзоиш додани боғот, таъмири роҳҳо, сохтан ва ба истифода додани мактабҳо дастовардҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло дар ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо дастгирии аҳолӣ як комплекси калони варзишӣ сохта шуда истодааст, ки минбаъд барои рушди варзиш кӯмаки калон мерасонад. Инчунин, як лоиҳаи калон оиди бо оби нӯшокӣ роҳандозӣ шуда истодааст, ки барои самаранок истифода бурдани об кӯмак хоҳад расонд. Дар кули ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар рафти вохӯриҳо ҳунармандон маҳсулоти истеҳсолкардаашонро ба намоиш гузошта буданд, ки ин яке аз нишонаҳои дар амал татбиқ намудани  Паёми Пешвои миллат мебошад.

Дар ин вохӯриҳо инчунин сокинони ноҳия  чанде аз камбудиҳоро низ ёдовар шуданд:

- дар аксари ҷамоатҳои деҳот, мутаассифона баъзе аз нафарон заминҳои зиёдро дар ихтиёри худ қарор дода, онро самаранок истифода намебаранд. Аз ин рӯ чунин муносибат метавонад минбаъд барои рушди иқтисодии ноҳия зарари ҷиддӣ дошта бошад;

(Бояд қайд намуд, ки ин раванди ҷойдошта дар дигар манотиқи кишвар низ ба чашм мерасад ва тоқозои аз нав дида баромадани таҷдиди чунин заминҳоро ба миён овардааст).

-дар ноҳия баъзе корхонаҳо шахсӣ гардонида шуда бошанд ҳам, вале онҳо бо иқтидори пурра кор ва фаъолият намекунанд, ки садди рушди иқтисодиёти ноҳия гаштааст;

- муҳоҷирати зиёди ҷавонон ба Федератсияи Русия ва тариқи он шомил шудани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ, ки ин омил метавонад барои ҷавононе, ки дар Федератсияи Русия бесарпарст мебошанд, таъсири манфии худро гузорад;

- норасоии синфхонаҳо ва мактабҳо ба чашм мерасад;

 - дар баъзе аз ҷамоату деҳотҳо вуҷуд надоштани варзишгоҳ барои ҷавонон;

-  дар баъзе аз ҷамоатҳо норасоии оби тоза ва оби кишоварзӣ ба чашм мерасад;

- месазад, ки дар ноҳия минбаъд бахши паррандапарварӣ, ниҳолпарварӣ, истеҳсоли меваҷот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият дода шавад;

- дар оянда саршумори чорво дар ноҳия ба танзим дароварда шуда, хатари эрозияи хок дар чарогоҳҳо пешгирӣ карда шавад;

-  дар ноҳия ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва гиёҳҳои шифобахш аҳамияти зарурӣ дода шавад ва боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи экологии аҳолӣ ба тақвият бахшидан зарурият дорад.

Дар вохӯриҳо оид ба иҷроиши ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва иштироки фаъолона дар татбиқи Барномаҳои “Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, «Соли 2018-2028 – амал Об барои рушди устувор», ҳалли саривақтии мушкилот ва меҳнати босубот баҳри пешрафти ҷомеа аз иштирокдорони вохӯриҳо даъватҳои судманд ба амал оварда шуд.