Ср11272024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БОЙГОНӢ

АНДЕШАҲО АТРОФИ РУШДИ ФАЙЗОБОД

Мақсади ҷамъомади мазкур баррасии масъалаҳои доғи рӯз ва монеаҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, муайян кардани роҳҳои ҳалли проблемаҳо ва таҳия намудани пешниҳод барои Парлумони кишвар ва шарикони рушд, аз ҷумла, DAI, DFID, мусоидат намудан ба беҳтаршавии робитаи мутақобилаи вакилон ва интихобкунандагон дар ноҳияи мо буд.

Чорабиниро раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ оғоз намуда, оид ба бурду бохти соҳаҳои ноҳия, зарурияти баланд намудани малаки мутахассисон вобаста ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таҳияи дархостҳои лоиҳавӣ ибрози назар намуд.

Сипас Хурсандмурод Ҳакимов, ҳамоҳангсози Барномаи дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет ва Бахтиёр Иномов, мушовири ҳамин барнома доир ба муҳтаво ва ҳадафи чорабинӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҳошияи ҷамъомади зикргардида бо назардошти пешниҳоди роҳбарияти ноҳия ва вакили мардумӣ санаи 6 феврали соли ҷорӣ дар ноҳия мизи мудаввар бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ оид ба омӯзиши тарзи таҳияи дархости лоиҳавӣ ва нақшаи тиҷоратӣ доир гардид.  Дар ҷараёни суҳбат гуфта шуд, ки беҳтар намудани малакаи мутахасисони ноҳия оид ба ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок яке аз ҳадафҳои асосӣ ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мегардад ва ба корҳои созандагию бунёдкорӣ  вусъат мебахшад.

Зимни баромади худ Хурсандмурод Ҳакимов, ҳамоҳангсози  Барномаи “Дастгирии назорати парламентӣ оид ба идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет” ҳадафи чорабиниро баён намуда, роҳҳои ҳалли самараноки масъалаҳои вобаста ба иҷрои саривақтии Барномаи рушди ноҳия дар ҳамкорӣ бо вакилони мардумӣ ва вазорату идораҳои дахлдор, тарзи таҳияи дархостҳои лоиҳавӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, ҷалби захираҳои беруна, истифодаи мақсадноки захираҳо ва манбаъҳои имконпазири маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки ноҳияи Файзободро маънидод кард.

Эътироф карда шуд, ки ин чорабинӣ донишу малакаи иштирокчиёнро оид ба  тарзи таҳияи дархостҳои лоиҳавӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ ҷиҳати ҷалб ва истифодаи самараноки захираҳо як зина боло бардошт.