БОЙГОНӢ
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР»
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
09 Март 2018
- Опубликовано 09.03.2018 14:06
Модарони меҳрубон,
Бонувони муҳтарам!
Ҳамасола дар айёми фарорасии фасли зебои сол-баҳори нозанин дар саросари кишвари азизамон яке аз ҷашнҳои зебову муқаддас - ҷашни «Рӯзи модар» бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат модарону хоҳарони азизро самимона табрику таҳният мегӯям.
Зан-модар дар ҳама давру замонҳо баробари офарандаю тарбиятгари инсон будан, боз қатори мардон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолона ширкат варзида, дар ташаккули равандҳои ҷомеа, зебову гуворо гардонидани зиндагӣ саҳми босазо мегузорад. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо зоҳир гардидани таваҷҷуҳу ғамхориҳои беназир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва дастгирии пайвастаи онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи занон дар зиндагӣ афзуда, саҳми онҳо дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат рӯз то рӯз беҳтару бештар мегардад. Дар ин давра дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон аввалин давлате буд, ки дар қатори дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ба Конвенсияи байналхалқӣ «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои таъбиз нисбати занон» ҳамроҳ гардида, аз ҷониби парламенти мамлакат қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардид. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва даҳҳо дигар қарору барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳаёти занон қабул ва амалӣ гардиданд.
Натаҷаи ҳамин ғамхориҳост, ки имрӯз, хушбахтона, дар ҷумҳурӣ соҳаеро ёфтан имкон надорад, ки дар он нақши дастони занону модарон, саҳми арзандаи онҳо набошад. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Бонувони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия баробари дигар занони кишвар ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат дар рушди иҷтимоиву иқтисодии диёру кишвар ҳиссагузорӣ менамоянд.
Сафи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд беш аз пеш меафзояд. Имрӯз дар ноҳия 8 нафар вакилони халқи ноҳия, 37 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 21 нафар хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занонанд. 33 нафар занон дар корҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Беш аз 80 нафар духтарони ноҳия тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил намуда истодаанд.
Боиси ифтихору шодмонист, ки имрӯз садҳо нафар бонувон - зодагони ноҳияи мо бо меҳнати ҳалолу пурсамар, фаъолияти ҷамъиятии худ дар ноҳия ва берун аз он соҳиби иззату икроманд.
Мо дар ҳаққи модарони мушфиқу ғамхор, занҳои меҳрубону босадоқат, хоҳарону бонувони азиз ҳар чӣ қадар сухан гӯем кам аст ва боз ногуфтаҳо мемонанд. Зеро ҳеҷ як ситоишеву сухане наметавонад бо меҳру муҳаббати модар, ранҷу машаққати ӯ дар тавлиду тарбияи фарзанд ва ободии хонадон баробар бошад. Чӣ тавре шоир мегуяд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Модарону хоҳарони азиз!
Бо истифода аз ин фурсати муносиб бо як ҷаҳон ихлосу меҳр ҳамаи модарону хоҳарони азиз, бонувони мушфиқу меҳрубонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба ифтихори иди зебои баҳор - «Рӯзи модар» самимона табрику муборакбод намуда, таманно мекунам, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва хонаободу саодатманд бошед.
Идатон муборак, модарону хоҳарони азизу гиромиқадр!