БОЙГОНӢ
РАМЗИ “СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ” ТАСДИҚ ШУД
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
02 Фев 2018
- Опубликовано 02.02.2018 15:57
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро, бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур, тасдиқ намуданд.
Рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегардад, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст.
Рамз обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтобаро, ки чун нишони ҳунарҳои мардумӣ ҳастанд ва бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб мешавад, инъикос менамояд.