Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ТАНГНАЗАРӢ РАВО НЕСТ!

Ҳафтаи гузашта дар торномаи «Тоҷнюс» ва баъдан дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» оид ба муноқишаи сокинони деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзхобод маводи интиқодие ба нашр расид, сару садооҳои зиёдеро ба бор овард. Хусусан, дар маводи рӯи чоп омада зикр мешуд, ки гӯё дар ин вохурӣ раиси ноҳия Имомназар Каримиён бо нафарони ба шикоят омада даст ба гиребон шуда, ангушти модари 59-соларо шикаста бошад.

Ин ба кадом ақл рост меояд, охир раисро ҳам пеш аз ҳама модар зодааст, дувум Имомназар Каримиён аз рӯзи ба ҳайси раиси ноҳияи Файзобод таъин шуданаш, нахуст дар фикри беҳбуди щароити зисту зиндагии пирони куҳансол, собиқадорони ҷангу меҳнат шуд. Дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии ноҳия даъвати ин нафарон дар мадди аввали раиси ноҳия аст. Дигар ин ки раиси ноҳия рӯзи қабули шаҳрвандонро ҳар рӯзи шанбе доир мекунад. Чаро ин бародарон дар рӯзи вохӯрӣ ба қабули раис наомаданд, ки ҳамаи масъулин он ҷо ҳузур доранд. Ва метавонистад ин мушкилоти худро бе муноқмша ҳал намоянд. Ё чаро онҳо дар соатҳои корӣ ба қабули раис наомаданду баъди соати панҷ вориди утоқи кори раис шуданд. Шояд ин ҷо паҳлуҳои дигари масъала, яъне омодагиҳои пешакӣ аз ҷониби бародарон матраҳ шуда бошад. Аммо ин ҷонибро шояд макомоти ҳуқук хулоса намояд. Назари мо ин аст, ки раиси ноҳия дар ин рӯзҳое ки омодагӣ ба як чорабинии мухими сиёсӣ меравад наметавонад, ки пайи тамоми арзу шикояти мардум шавад. Хуб мешуд агар ин масъала дар сатҳи ҷамоат ё муовини соҳавиъ масъулини тақсимоти заминҳои назди ҳавлигӣ ҳалли худро меёфт. Дар акси сурат онхо тариқи номаи шикоятӣ ба раис ё органҳои салохиятдор даъво пеш мебурданду ба ин амал на худ, на раиси ноҳияро доғдор намекарданд.

          Имомназар Каримиён барои пешрафти соҳаҳои хочагии халқи ноҳия талошҳои зиёд дорад. Аллакай бо кушишҳои ҳамаҷонибаааш ва дастгирии соҳибкорни маҳаллӣ як қатор иншоотҳо сохта ба истифода дода шуданнд, ки ҳусни шаҳраки Файзобод ва деҳоти онро афзудааст. Ва боварӣ дорем, ки ин часпу талошҳо, ки маҳаки асосӣ ободгароӣ ва шукуфоии Файзобод аст, дар ояндаи наздик таваҷҷуҳи сокинони маҳалро ба раиси ноҳия боз ҳам қаррин хоҳанд гардонд.