Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

НАФРАТИ МАРДУМ НАҲЗАТИЁН МЕАФЗОЯД. ЧАРО?

 Инак боз дар торномаҳои гуногуни интернетӣ дар бораи баргузории тазоҳуроти   беш   500 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - волидайн, хешу табор ва ҷабрдидагоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии ҳизби наҳзати исломӣ зарари ҷонӣ ва молӣ дидаанд, инчунин онҳое, ки фарзандонашон бо роҳнамоии ҲНИ ба давлатҳои Афғонистон, Ироқ ва Сурия, барои иштирок дар ҷангҳо ба ҳайси муҷоҳид равон намудаанд,   дар назди сафоратхонаи кишвари Олмон дар Душанбе иттилоъҳо нашр мешавад.

Ва  ташаббускори он  модари Абдусамадов Ҳусейн - Шодмонова Гулчеҳра, ки фарзанди ӯро ҳизби наҳзати исломӣ гумроҳ карда, дар куштори сайёҳони хориҷӣ истифода бурд, ба ҳисоб мерафтааст.

Ҳадафи тазоҳургарон ин маҳкум намудани кишвари Олмон барои ҳимояи ҲНИ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додани кишвари Олмон, ҳамчун кишвари пуштибон аз ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мебошад.

 Воқеан ҳам ин даъвои мардум  чӣ асос дорад, рӯз то рӯз барои аҳли ҷомеаи  кишвар ва умуман ҷаҳон   равшан гашта истодааст. Зеро садҳо ҷавонон бо ҳидояти  наҳзатиён гумроҳ шудаву   аз падару модари худ хешу ақрабояшон  ҷудо гардида ва ё қурбони  найрангҳои онҳо гардидаанд.

Ин найрангҳои онҳо  ҳанӯз аввалҳои  солҳои навадуми  асри гузашта Тоҷикистони моро ба гирдоби ҷанги бародаркуш расонида буд. Маҳз ҳамин  найрангҳо ҷавонии моро дар солҳои  навадум хати батлон кашида буд.

Мутаассуф пас аз  як соли боди бозсозиҳо, ки ба даврони қадамҳои нахустини соҳибистиқлолии  кишвар рост омад, наҳзатиҳо Тоҷикистони  ободу зебои маро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Ва ана ҳаминтавр мо ҷавонони солҳои  навадум бо даврони «тиллоӣ»ии умри хеш  хайрбод гуфтем.

Гӯиё дар кӯчаҳо ҷавонони «доно», ки  зери бағал камону даври тасбеҳ дар даст ва риши ғуливу роҳгардиҳои нописандона рехта буд.  Касе ёрои бо сари баланд гашту гузор карданро  надошт. Дар ин росто оне, ки бо заҳмат  маълумоти олӣ гирифтаву каси таёқ дар даст аз паси пода гашта як шуда буд. Овози беҳаёёнаи гуруҳи дуюм дар кӯчаҳо  ғаши касро меовард, аммо чи илоҷ,ки  даст кутоҳӣ мекард.

Мардум аз тарси  намояндаҳои  ба қавли худашон маъмул  «опозитсия » ба дод омадаву забони гуфтор надоштанд.

Шабҳо мардум хоб надошт. Бахусус падару модарон тарси зиёд доштанд. Тарси фарзанд- шоҳписару духтарони болиғ, манзили ободи хеш.

Аммо аз ҳар канор хабарҳои ҳархела меомад-фалониро сӯзонданду фалониро сарбуриданд. Амволи фалон роҳбарро  тасарруф намуда, ба домони поки зану духтараш тамғаи  «беномусӣ»- раво дидаанд.

Моликияти давлат  зери милли автомат хусусӣ мешуд. Акнун корхонаву ҷойҳои корӣ нест мешуд. Ҷавонон барои қути лоямут рӯ беруна мебурданд. Аммо на ҳамавақт пораи нони  бо азобҳо барои аҳли байташон  пайдо кардаро дар ватан,  дар ҳалқаи аҳли байт серӣ мехӯрданд. Баъзеҳоро барои «ду тангаи» дар муҳоҷират ёфта ба қатл мерасониданд. Афсӯс, ки ҳамаи инро болои ҷанговарон қумондонҳо роҳбарӣ мекарданд. Қумондонҳое, ки  дар хориҷ аз хоҷагонашон таълим мегирифтанд. Қумондонҳое, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 1991 пинҳонӣ  ҲНИ ташкил намудаву зери ливои он  Тоҷикистонро ба ба давлати исломӣ табдил доданӣ буданд.

Шуруъ аз соли 1992 берун аз ҳудуди кишвар дар Афғонистону Эрон зери тавсияи  хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикистон хуни бародар мерехтанд. Тайи ин солҳо ба майдони сиёсии кишвар абармарди даврон Эмомалӣ Раҳмон омада буд. Даҳҳо маротиб ҷони худ ба хатар мондаву ба онҳо мефаҳмонд, ки аз баҳри силоҳу  хунрезиҳо гузаранду  ба ҳам оянд Тоҷикистони навинро   бо риштаҳои меҳру  муҳаббат  аз нав бунёд кунанд. Танҳо баъди  панҷ соли  ҷустуҷӯи роҳҳои сулҳомез  ва гузаштҳои зиёди давлату ҳукумати  кишвар  Ваҳдати миллӣ                                                                                                                  боис шуд.  

  Ободиву рӯ ба пешрафт овардани  Тоҷикистон ба   зархаридони  хориҷӣ нафорид, ки ба ҷои шукргузорӣ аз давлату миллат боз носипосӣ карданд.  Ҳамаҷо аъзоёни онҳо  ба ташкили гуруҳҳои ифротгаро  ва ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба сафҳои онҳо шуда истодааст.

 Имрӯзҳо қисми зиёди аъзоёни дар хориҷ  паноҳ шудаи ҲНИ   тутиёни сухангӯи хоҷагони Ирону Арабии худ шудаанд ва чун мусичаҳои бегуноҳ  дар шарқу ғарб доду вой мебардоранд. Аммо садошон додрасе надорад.

Имрӯз  роҳбарияти давлату кишвар дар пешрафти  мамлакат саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Чашми мардум кушода шудаву эшон  дигар ба фанду ваъдаҳои бардурӯғи наҳзатиён боварию эътимод надорад.  Мардум медонад, ки онҳо киянду чикора. Ҳарчанд то ҳанӯз миёни мардум ҳастанд  пайравони онҳо, ки аз он даврони нобасомониҳо  бурд кардаву  пайт меҷуянд ба умеди фардо.

Акнун вақти он расидааст, ки  ҲНИ  ва аъзоёни он  барои хунҳои рехтаи бародарон, барои сарсаниву саргардонии ҳаммилатон, барои вайронаҳои  кардаашон ва пеш аз ҳама барои даврони ҷавонии насли мо   панҷоҳсолаҳо  назди давлат, миллат ва имону виҷдони худ ҷавобгӯянд.

Тазоҳуротии рӯзи   10 декабр ҳам шояд волидайни ҷавонони  гумроҳшуда аз сафорати Олмон бипурсанд, ки барои кадом кори сиёҳашон онҳо пуштибони  наҳзатиёни исломӣ шуданиянд. Чаро  нафрати мардум нисбати наҳзатиён зиёд мегардад? Ҷавоби Сафоратро он рӯз хоҳем шунид?!

Бузургмеҳри Рустоӣ.