Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

НУРИ РОҒУН ВА ҒАРАЗИ БАДХОҲОН

         Инак, он рӯзи таърихию саид фаро расид, ҳамон рӯзе , ки бахусус мардуми шарифи тоҷик истиқбол кардани онро бо тамоми ҳастӣ муддати 40 сол интизорӣ мекашиданд.

 Ва инак, расиданд ба он рӯзи мурод , рӯзи амалишавии армонҳои худ, албатта бо ҷаҳду талош ва ҷадали фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон.Вале барои расидан ба воқеияти ин рӯзҳои саид чӣ мушкилиҳову чӣ зиддиятҳоеро паси сар кардан лозим омад, чӣ монеаҳоро бартараф кардан зарур шуд, танҳо Худо медонаду ҷаҳон. “Дер ояду дуруст ояд”,- мегӯянд дар халқ. Ба ҳар сурат дар ҳақиқат дер омаду ба бахти мардуми тоҷик дуруст омад. Бо ин ҳама бо чашми сар диданҳову аз воқеияти ин воқеоти муҳим огоҳ буданҳо иддае аз бадхоҳони ин миллат боз ҳам ба ғаразнависӣ ва дурӯғ гуфтан мехоҳанд ин миллати ба муродрасидаро бадном кунанд.Аммо ин ҳамон мақоли машҳури “ба элак об бардоштан”-ро мемонад. Зеро дунё аз қаҳрамонии миллати бо нангу ор ва сарвари муаззаму қаҳрамони мо огоҳанд  ва бо дурӯғсозию дурӯғгӯиҳои ин як мушт инсонҳои худро бадномсохта бовар надоранд. Ҳамчунин дурӯғбофиҳои ин ашхос сабаби боз ҳам бадномию беобурӯии худу ҳизби бадномгардидаашон мегардад. Худ қазоват кунед. Бо итиллои рӯзномаи “Тоҷикистон”Кабирӣ ва аъзоёни ҳизби ӯ, ки гӯё 43 ҳазор аъзо доранд, ҳамагӣ ба маблағи  3 ё 5 ҳазор сомонӣ ба кори сохтмони Роғун саҳм гузоштаанд. Агар ин гуфтаҳо дурустанд, пас сохтмони ин неругоҳи азим муддати 30 сол не, балки зиёда аз садсолаҳо идома меёфт. Ҷойи дигар як таҳлилгари наҳзатӣ мегӯяд: “ Таҳлилҳо нишон медиҳанд Роғунсозии Кабирӣ ғайришиорию намоишист ва тиҷориву манфиатовар буд, аммо Роғунсозии Раҳмон ҷашниву намоишист”. Аммо гузашти вақт нишон дод, ки комилан ин андешаҳо бепояву бараксанд. Ҳамаи инро метавон гуфт, ки аз рӯйи боло гирифтани яке аз хислатҳои пасти инсонӣ , ки онро бахилию нотавонбинӣ мегӯянд, сарчашма мегирад. Яъне наҳзатиҳо ба тақдир тан надодаву бо ҳар роҳ мехоҳанд сухани носазое баҳри  миллату  ватани худ раво бинанд. Аммо чи тавре мегӯянд “неши ақраб на аз рӯи кин аст”.   Иншоолоҳ нури Роғун    чашми ин бадхоҳони беватанро кур хоҳад кард.

 Акмал Ҳаким, омӯзгор.