Вт07232019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ШУКРОНА БОЯД КАРД

Боиси сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар умр ба сар мебарем. Ҳамарӯза шоҳиди навгониҳои ватани азизамон гардида истодаем. Рушду нумӯъ ёфтани кишвар ба шарофати истиқлолият ва саъю талошҳои шабонарӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар мегардад. Се ҳадафи барномавӣ, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар зина ба зина ҳалли худро ёфта истодаанд.

Инак мо дар рӯзҳое қарор дорем, кули мардуми тоҷик  бо қаноатмандӣ  истиқбол аз мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали НБО «Роғун» мекунем. Зеро ин рӯдоди  таърихӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон аст. Орзуест, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ  сокинони кишвар орзу мекарданд ва насиб будаст имрӯз он амалӣ гашт.

 Мутаассуф то ба имрӯз ягон нафар аз он мунақиддоне, ки дур аз Тоҷикистон ҳамарӯза ба ҳар пешравии мо  «айб» меёфтанд, ҷуръати мардонае надоранд, ки  ба ҳамватанонашон ин рӯдодро табрик гӯянд.

Афсӯс, ки онҳо дар ихтиёри худ неву   булбулони хоҷаҳои хориҷиянд, ки бе иҷозаи онҳо алифро лом нахоҳанд гуфт. Чи илоҷ, ки онҳо дигар моли худ нестанду барои ҳама гуна ҷомеа ҳамчун шахси хатарзо арзи вуҷуд доранд. Молу дороии дунё, ки аз ҳисоби берунаҳо комашонро ширин кардаанд, худашонро низ аз ихтиёр додаанд. Аксари ин фирефташудаҳо наҳзатиҳои  роҳгумзадаанд, ки дар чорраҳи тақдир  ҳайрону зор мондаанд.

Имрӯз агар ба вазъи сиёсии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ховари Миёна диққат кунем, мебинем, ки манзалати инсон  арзише надорад. Тавассути воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ, аз ҷумла оинаи нилгун, интернет ва дигар воситаҳои иттилоърасон даргириҳои хунини кишварҳои Афғонистон, Ироқ, Сурия, Лубнон, Кения, Нигерия ва ғайраро мебинем. Маълум, ки ҳуқуқу озодии инсон аз ҷониби ин давлатҳо ҳифз карда намешаванд. Арзиш надоштани қадру манзалати инсон, аз ҷумла зан, ки қисме аз ҷониби гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба қатлу таҷовуз ва гарав гирифта шуда, қисми дигар барои раҳоӣ ёфтан бо наздикони хеш таввссути Баҳри Миёназамин бо қаиқҳои ноустувор дар баҳр ғарқ гардида, нафарони наҷотёфта дар кишварҳои  Аврупо фирорӣ ва бесарпаноҳ мондаанд.

Мо, мардуми кишвари соҳибистиқлолро ҳамаи  ин воқеаҳои ҷаҳони муосир  бетар намегузорад. Акнун бояд  ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва аз ғамхориҳои давлату ҳукумат миннатдор шудаву шукронаи  сулҳу оромии Тоҷикистони азизро  кунем.

Р. Ноҳид