Вт04232019

Last updateПн, 22 Апр 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

НОШУКРӢ АЗ ИН ДИЁР ГУНОҲЕСТ НОБАХШИДАНӢ

Ҳамарӯза ҷомеаи мо ба пешравиҳои  назаррас ноил гардида истодааст. Илму техника дар ҳоли рушди босуръат тараққӣ намуда истодааст. Агар ба таръихи ҳаёти инсоният назар намоем, маълум мегардад, ки инсон барои як амалро иҷро намудан ба чи гуна мушкилиҳои тоқатфарсо рӯ ба рӯ мешуд.

Барои мисол: барои аз як ҷой то ба ҷойи дигар рафтан, сару либос  аз ҳоли якдигар бохабар будан, пайдо намудани хурока,  маҳали зист ва  ғайраҳо мисол шуда метавонанд.Имрӯз бошад чӣ ? Барои ҷое рафтан техника ин мушкилиро  аз байн бурд,ё барои дидорбинии якдигар таввасути технологияи муосир аз қабили компиютер, теленфон, интернет хизмати беандоза  намуда истодааст. Хушбахтона ҳамаи ин воситаҳои маиши  дар боло зикр гардида  дар кишварамон маҳфӯз аст.

Ҳамасола дар минтақаҳои кишварамон сохта ва ба истифодадиҳии  даҳҳо корхонаҳои  саноатӣ,ба кор даромадани агрегати якуми НБО «Роғун»,  корхонаҳои и стеҳсолӣ  ва ғайрахо,ки шумораашон ҳазорҳоро ташкил медиҳад идома дорад. Дар зарфи начандон солҳои тӯлонӣдар кишварамон,хусусанноҳияи Файзобод пешравиҳои назаррас ба вуқуъ омад. Вале ҳастанд ноҷавонмардоне, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳои ҳукумату давлат нарасида азми  Сурияву Ироқ  ва кишварҳои Арабитабор мекунанд. Ба он ҷое, ки майдони ҳарбу зарб, ваҳшоният, қатл, ғорат,  авбошӣ, таҷовуз, ки амалҳои номатлуби инсоният манша гирифта истодааст, ин нобакорҳои худфиреб ҳамроҳи худ зани тоҷик  фарзанди хешро ба майдонҳои ҷангу оташ ҳавола доданд. Охир ҳамарӯза мо таввассути воситаҳои ахбори дохилию хориҷӣ аз амалҳои нопоки онҳо ошноӣ пайдо менамоем. Медонем, ки онҳо чӣ гӯна гуруҳои терористию эктримистӣ дар ин давлатҳо таъсисдода  инсонҳоро мисли ҳайвон қатл мекунанд. Занону кудаконро гаравгон мегиранд.           

Оё он ҷавонҳое, ки имрӯзҳо дар ин кишварҳои ҷангзада иштирок намуда истодаанд дар бораи зани хеш, модари хеш ва ҷигарбандони хеш чизе наандешиданд. Фикр накарданд,ки пас аз марги онҳо зану фарзанди онҳо ба чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ хоҳанд гашт. Имрӯзҳо зарурате моро пеш меояд, ки то кореро анҷом диҳем, дигар ҷавонони тоҷик мисли он ҷавонони роҳгӯмзада фирефтаи гурӯҳҳои терористию экстримистӣ нашаванд. Ин гурӯҳҳои террористию экстримистии дар кишварҳои ховарӣ миёна, ки бо номҳои Давлати исломӣ, Ал-қоида, Ҳаракати исломии Узбекистон ва даҳҳои дигар таъсисёфта  ҳамеша аз неруи динӣ истифода менамоянд, ва дар меҳвари асосии онҳо маҳз ҷавонони гумроҳгаштаи зудбовар қарор дорад, ки имрӯз натиҷаашро  бо чашми сар дида истодаем. Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз ин даргириҳо ва таъсиси ин гурӯҳҳои ҷудоихоҳи террористию экстримистӣ дар кишварҳои арабитабор таъсис дода мешаванду дар кишварҳои аврупоӣ не?

Чунки баъди ҷанги якуми ҷаҳонӣ  кишварҳои Аврупоӣ амал намудани сиёсати ҳизбҳои динӣ истифода менамуданд, ки дар натиҷа чи қадар ҷавонону ноболиғон фирефтаи ин гуруҳо гардида амали онҳо ба ноором гардидани вазъи минтақа оварда расонид. Дар кишвари худамон бошад чӣ? Чун намояндагони Ҳизби наҳзати исломии имрӯз дар Тоҷикистонамон мамнуъро имкон фароҳам омад даст ба амалҳои ғайри қобили қабулро аз ҷумла: ба номуси ноболиғдухтарон  дастдарозӣ кардан, сохтмони хонаҳои гаронбаҳо, ба айшу ишрат машғул шудан,ба таҳсили ҷавондухтарону ҷавонписарон дар муассисахои таҳсилоти миёна монеъа шудан  ва ғайраҳоро амалӣ намуданд. Оё ҳамаи ин аз рӯӣ адолат буд? Албата, ки не? 

Хушбахтона, имрӯз осмони софу ҳамаи шароитҳо барои насли ҷавон фароҳам оварда шудааст,  озодона зиндагӣ дорем. Моро мебояд, ки  дар гулгуншукуфоии меҳани хеш саҳмгузор бошему ба фаъолияти ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоихоҳ роҳ надиҳем ва нагузорем, ки чунин кирдорҳои қобили қабул набудароро амалӣ намоянд. Зеро ношукрӣ аз ин рӯзгори хушу обод гуноҳест нобахшиданӣ.

Исмоил    Муҳиддинов, рӯзноманигор