Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҶИЛОИ МАВҶИ ИСТИҚЛОЛ

ЧАРО НАҲЗАТИЁН ОНРО НАМЕБИНАНД?

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорист.

Ин неъмати бузург ба Тоҷикистони азиз нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ овард.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешавад.

Дар он давра ҳам бадхоҳону манфиатталабон, бахусус ТЭТ ҲНИ бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ пайи ҳавову ҳавас ва ба даст овардани манфиат ба пешаи навниҳоли истиқлол теша заданд.

Акнун, пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим, метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию  давлатдории  мустақилона  моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем». Ба замми ин ҳанӯз ҳам ин бадхоҳон дар паноҳи сояи хоҷагонашон истода, думликон ба онҳо хушомад гуфта, бо дидани музаффариятҳо дар кишвар аз дур аккос мезананд.

Душвортарин муаммои мо дар зарфи чаҳор як аср ин масъалаи истиқлолияти  энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият, роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ  дорад.

Бинобар ин, нахустин иқдомҳои ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои  роҳсозию  коммуникатсияро дида, дариҷаи наҷотро низ дар он дарёфт. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энер­гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқа­ворӣ, ки ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони  нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳу  пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нергоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерӯгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд.  Аз ҷумла, сохмони  нерӯгоҳҳои барқи  обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1, 2 давоми ҳамин музаффариятҳост.

Боз як руйдоди муҳим, ба кор андохтани чархаи якуми НБО-и Роғун дастовардест бе чунун  бе чаро. Он нишони олиҳимативу нангу номуси мардуми сарбаланди тоҷик аст.

Бинед, ки садои «вафодорони аҷнабӣ» боз баланд гашта истодааст. Онҳо бо алфози пучу подарҳаво ба ин дастовард муғризона нигариста, мисли шағолони аз туъма бенасиб ба худ мепечанд.

Ин ҳама дастовардҳо мисли ҷилои рангаест, ки дар баҳри беканори давлатдорӣ бо самараи истиқлолият ба даст овардем. Хоинони миллат, ба монанди наҳзатиён бошанд, онро нодида мегиранд. Чӣ мемонад гӯем, ки онҳо бо хиёнату бадгӯӣ одат кардаанд. Ва «Тарки одат амри маҳол».

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори «НФ».