Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҲИЗБИ ХОИНУ БАДХОҲ

 

Бояд қайд намуд Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ташкилоти хадамоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон табдил ёфта барои дар Тоҷикистон ба амал овардани «Инқилоби исломӣ» ва таъсис додани «Давлати исломӣ» тайёрӣ медиданд.

Сарварону пешвоёни ҲНИ курсҳои махсуси тайёриро дар Эрон гузашта ақида ва маросими сару либоси фирқаро тарғиб мекарданд.

Бо пуштибонии Эрон ёрии молиявиро дареғ надошта дар байни аҳолии Тоҷикистон тазаҳуроти васеи сиёсиро такшил намуданд. Оқибат ин тазаҳурот соли 1992 ба шакли ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта боиси марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид. Мардуми Тоҷикистон то имрӯз оқибатҳои онро бартараф накардааст.

Бо кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғалабаи ақли солим мусаллам аст, кӯшишҳои таъсис додани «Давлати Исломӣ» дар Тоҷикистон шикаст хӯрд. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дарк намуд, ки дар Тоҷикистон ба амал овардани «Инқилоби исломӣ» ғайриимкон аст.

Дар воқеаҳои хунини солҳои охири кишвар, аз ҷумла куштани аскарбачаҳо дар Камароби Ғарм, ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ва куштани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара бевосита Ҳизби наҳзати исломӣ даст дорад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки толибилмони тоҷике, ки дар донишогоҳҳои Эрон таҳсил мекунанд, аксаран аз ҳамон ноҳияҳое ҳастанд, ки таъсири ҲНИ дар гузашта бештар буд. Ва наҳзатиён ба равияи шиа алоқаманд ҳастанд.

Маълум аст, ки фирқаи шиа барои ҳокимияти сиёсӣ мубориза бурда бо экстремизму терроризм пайванд мебошад. Чуноне ки мо инқилобҳои ҶИЭ дар таҷрибаи «Ҳизбуллоҳ»-и Эрон дар кишварҳои мусулмонӣ мушоҳида мекунем. Ногуфта намонад, ки ҲНИ ҳамон нақши «Ҳизбуллоҳ»-ро мебозад.

Ислом моро ба покизагӣ, некукорӣ ва хулқу атвори нек ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, он ба ягон ҳизбу ҳаракат муҳтоҷ нест. Барои мусулмони комил шудан панҷ аҳкоми шариатро риоя кунед, кифоя аст. Бинобар ин моро зарур аст, ки дар байни мардум ниятҳои нопок ва экстремистию террористии ҲНИ-ро фаҳмонда, аз ғаразҳои нопоки онҳо ҷомеаро хабардор намоем.                                                                                                                                                                                                                                                   Файзиддин АТОЕВ