Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Солҳои 90-уми бозсозӣ барои ба амал омадани сохтори бисёрҳизбӣ шароити хуб муҳайё намуд. Дар як муддати кутоҳ ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ташкил ёфт. Бояд ин ҳизбҳо дар ҳалли ҳамаи мушкилиҳо ҳукуматро дастгирӣ карда ба устувор мондани соҳибихтиёрии давлатӣ мусоидат менамуданд.

Агар ҳизбу созмонҳо бо нияти хайру нек амал кунанд, ба пешравию тараққиёти кишвари худ саҳми бузург гузошта метавонанд. Бо вуҷуди бесарусомониҳо, ки бештар миллион мардуми осоишта бехонумону фирорӣ шуданд, дар асоси фарҳанги қадимаи хеш мо тавонистем сулҳу субот ва ваҳдатро таъмин кунем. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба манияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Аксари ин зуҳуротҳои даҳшатнок таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ки ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баракс аз ҷониби душманони  ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Баъзе созмонҳои байналмилалӣ ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифрогарро дар борҳо ғарқ шудани ҳазорон гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Мо инро дар мисоли Сурия, Яман, Ироқ ва Афғонистон мебинем, ки дар ин ҷо ташкилоти террористӣ бо дастгирии кишварҳои манфиатдор таъсис ёфта, ба манфиати мусулмонон не, ба барномаҳои хоҷагони бегона кор мекунанд. Аз ҷумла ТТЭ ҲНИТ мисли ҳамин ҳизбҳои зархарид исбот шуд.

Афсӯс мехӯрем ин зархаридон дил, ки хонаи Худост, аз асли худ дур карда, ғуломи ҳалқабаргӯши хориҷиён гаштанд. Ин зархаридон вақте ки дар ватан зиндагӣ доштанд, нону намаки замони истиқлолро чашида, бӯйи пулро ҳис карда майл бар дигар намуданд. Онҳо дарк намекунанд, ки ин озодии мо, Истиқлолияти мор обо пулу мол харида наметавонанд.

Дар замони Истиқлолият Сарвари давлати навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон – вориси содиқи тамаддуни ҳазорсолаи мо, ҳамчун пайрави С.Айнӣ бо шуҷоату ғайрати бузургтар барои рушди  устувори фарҳанги миллат камари ҳиммат бастанд. Орзуҳои Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода дар замони Истиқлолият амалӣ гардид.

Аминем, ки ғояҳои ватанпарваронаю башардӯстонаи устодони зикршударо нафароне, ки дар хориҷи кишвар бар зидди кишвари мо айбҳо меҷӯянд. Медонистанд, шояд пушаймон шуда аз Ватан-Модар бахшиш мепурсиданд. Дар созандагию ободии кишвар агар саҳм ҳам гузошта натавонанд, аққалан забони худро бо гапҳои дурӯғ олуда насохта, гуноҳҳои худро ҷуброн мекарданд. Чунки замони пирӣ фаро мерасад, рӯзе шумо ба хоҷагонатон нодаркор шудед, шуморо аз дар берун мекунанд, шумо маҷбур шуда боз дари Ватанро мекубед.

Мо, омӯзгорон. Аз сафарҳои роҳбари давлатамон ба дигар кишварҳо, аз таассуротҳояш мазмуни шеъри М.Турсунзодаро дарк мекунем:

Агарчӣ борҳо афтодаам аз ёру диёрам дур,

Ба сайёҳӣ маро карданд гарчӣ дӯстон машҳур.

Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Э.КАБИРОВ, директори МТМУ №53.