Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

БАДАХШОН АНГӮШТИ ШАШУМ НЕСТ,

ОН ЯК ГӮШАЕ АЗ ТОҶИКИСТОНИ БИҲИШТИСТ

Имрӯзҳо вобаста ба вазъи амниятии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар сомонаҳои хабариву иҷтимоӣ хабарушарҳу тавзеҳот зиёд ба чашм мерасад. Баъди анҷоми сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мулоқот бо фаъолону аҳли зиё, намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилояти мазкур аз вазъи ҷинояткориву бетартибӣ ва бехатарии амнияти сокинону сайёҳон ба ин минтақаи туристиии кишвар  интиқоди шадид намуданд.

Сарвари давлат вобаста ба мушкилоти мавҷуда ба масъулини сохторҳои низомиву ҳокимияти маҳаллӣ вобаста ба риояи қонуну тартиботи ҷамъиятӣ муддати як моҳ супориш дода буданд.

Пас аз анҷоми муҳлати якмоҳаи супоришӣ, аниқтараш сар аз рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ сару  садоҳои иғвоангезонаву  фитнагароёна дар  сомонаҳои иҷтимоӣ ба миён омад. Бадхоҳони миллат бо суханони муғризонаи худ садо баланд карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сари мардуми Бадахшон борони тиру тупро меборад. Ва ба ин хотир дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаву гурӯҳҳои алоҳидаеро ҳам бо шиорҳои гуногун кушоданду луқмапартоӣ карданд. Ҳатто баъзе аз ин хоинони миллат гуфтанд, ки Тоҷикистон ин вилояти куҳиро ҳамчун ангӯшти шашум нигоҳ медорад. Ба монанди ин боз даҳҳо дигар шиору овезаҳое, ки фитнагароён мехостанд бо ин амалашон дар расонаҳои интернетӣ миёни мардуми сарбаланди Бадахшон нобовариро нисба ба Ҳукумати кишвар ба миён оранд.

Ахиран 16.10.2018 дар маҷлиси фаъолони ВМКБ  аз фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд. Дар он қайд гардид, ки сулҳу оромӣ заминаи асосии созандагию ободкорӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии шахсияти таърихӣ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки нангу номус, тавоноии Пешвои муаззами миллат аз тамоми манфиатҳои шахсӣ боло дониста шуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Дар ин ҷаласа аз  он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки на ҳама сокинони вилоят ба ин дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат бо самимияту садоқат ҷавоб мегардонанд. Даст задани қисмати муайяни ҷавонону наврасон ба ҷинояткориҳо, аз қабили нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо аз мушкилоти асосӣ унвон карда шуда, таъкид гардид, ки ояндаи миллат аз дараҷаи дониш, шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи насли имрӯза вобастагии ҷиддӣ дорад.  Зикр карда  шуд, ки имрӯзҳо роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба тарбияи насли ҷавон таъсиргузор буда,  онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Маҳз бо тавсия ва дастгирии ин гурӯҳҳо ҷавонон даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.

“Ҳарчанд аксари сокинони ВМКБ маърифатпарвару самимӣ ва меҳмоннавозу меҳнатдӯстанд, мутаассифона, кирдорҳои шахсони алоҳида аз қабили даст доштан дар гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир, риоя накардани талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ин мардуми банангу ори кӯҳистони тоҷикро аз ҷиҳати манфӣ муаррифӣ менамояд”,- таъкид дошт Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов. Зикр гардид, ки чунин амалҳо монеи рушду пешрафти минтақа гардида, онро даҳсолаҳои дигар ба қафо мебаранд.

Ба дасисабозону фитнагарон гуфтанием, ки Бадахшон ҷузъи ҷудонопазири Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ва он ҳеҷ вақт ба андешаи нотавонбинонаи шумо зери нишони давлату ҳукумат нест. Бадахшон як гӯшае аз Тоҷикистони биҳиштосост ва бо Тоҷикистон мемонад. Аз сӯйи дигар қонун ва риояи Конститутсияи кишвар барои ҳамаи мардуми тоҷик новобаста аз мавқеи географию вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ ба ҳама баробар аст. Аз ин лиҳоз наметавон ба амалҳои ҷиноии дилхоҳ гурӯҳу шахси алоҳида чашм пушид. Зеро он ба устувории ҷомеаву таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар халал ворид мекунад.

Бунёд ҲОТАМ.