Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҚОТИЛОНИ БАШАР

АНДЕШАҲО АТРОФИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҚОҲИРА

Имрӯз ба касе ё кишваре пӯшида нест, ки ҷаҳони муосир бо як хатари ҷиддӣ, чун терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гаштааст.

Чунон ки борҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Пезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, «Ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ қодир нест, ки бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза барад. Танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа ва кишварҳо мешавад бо он муборизаи беамон бурд ва пеши роҳи онро гирифт».

Мутаассифона, ҷомеаи Тоҷикистон низ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ гаштааст. ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ нияти халалдор намудани кишварро дошта, тинҷию оромиро намехоҳанд. Созмонхои хориҷӣ ба монанди САҲА ва ғайра ба ин гурӯҳҳои мухолиф минбару паноҳандагии сиёсӣ додаанд. Онҳо бе асос ва бидуни хиҷолат доир ба роҳбарияти олии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи онҳо бадгӯӣ мекунанд. Ҳатто пешравиҳову дастовардҳои Тоҷикистонро, ки тайи чанд соли охир ба даст омадааст, нодида мегиранд, ки инро мардуми тоҷик хуб медонанд.

Хушбахтона, қишри асосии ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонони ҳушёру ғаюр ва босавод ташкил медиҳанд ва онҳо ақидаҳои ифротиву бадхоҳонаи наҳзат ва дигар созмонҳои террористиро қабул надоранд.

Исботи гуфтаҳои боло эътирозу роҳпаймоиҳои ахири ҷавонон алайҳи ҳизбу гурӯҳҳои мухолиф дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки 16 октябри соли 2018 дар шаҳри Қоҳираи Миср чаҳорумин Конференсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» ба кори худ оғоз кард. Дар ҳошияи конференсияи мазкур ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон бо шумули донишмандони соҳа, пажӯҳишгарон, сарони муфтиҳо, вазирони Кумитаи дин, сафирони фавқулода ва мухтори муқими Миср ва намояндагони баландпояи Ҳукумати Миср ширкат варзиданд.

Раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукарам Абдулқодирзода зимни маърӯзаи худ дар масъалаи мубориза бо терроризм иброз намуд, ки ТТЭ ҲНИ аз ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» сарчашмаи идеологӣ мегирад ва дар ин масъала кишвараш бо Миср мубориза мебарад. Созмонҳои исломӣ масъулияти зиёдеро бар дӯши худ гирифта, бо соҳибони фатвоҳои гумроҳкунанда бояд мубориза баранд. Чунончӣ, ташкилотҳои террористӣ паси номи “Ислом” пинҳон гардида, талош доранд, то мардумро бо ақидаҳои зиддиҳукуматии худ қонеъ гардонанд.

С. Абдулқодирзода дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии солонаи муфтиёт изҳор намуд, ки ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ, ки дуюмин соли 1973 бар асоси идеологияи ихвониҳо таъсис ёфтааст, зери шиори “марг волотарин орзуи мост” амал намуда, куштор ва нобудсозии насли одамиятро методи хеш қарор додаанд. Онҳо бо ин шиор фалсафаи хешро оид ба нобудсозии тамаддуни башарият эълон намуданд.

Ишора кардан хуб аст, ки вобаста ба шиори наҳзатиён Худованди Карим дар китоби осмонӣ, Қуръони карим мефармояд:«ба сабаби ин ҳодиса бар Бани Исроил ҳукм кардем, ки  ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва  фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар ки сабаби зиндагии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро зинда карда бошад. Ва ба дурустӣ ки пайғамбарони Мо  бо нишонаҳои равшан ба онҳо омадаанд. Боз ҳам бисёре аз онҳо баъд аз ин дар замин  таҷовузкунандагонанд. (сураи Моида, ояти 32)

Ҳамин ишораи Қуронӣ барои наҳзатиён бояд ки дарси адабу баргаштан аз роҳи хатои худ бошад.

Дар ҳақиқат бисёре аз кишварҳо бар зидди ташкилотҳои террористӣ мубориза мебаранд, зеро ин ташкилотҳо аз афкори ғалат ва инҳирофӣ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва тахрибсозро дар ҷомеаҳо мунташир месозанд ва ихтилофу фитнаро дар миёни мардум эҷод намуда, амну суботро аз байн мебаранд ва боиси парокандагии давлат ва порашавии он ба давлатҳои хурди бо ҳам оштинопазир мегарданд.

Эълон гардидани ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористию экстемистӣ аз ҷониби Конференсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» исботи  хоини миллату қотили башарият будани наҳзатиён аст.

Носирхӯҷа Раҳимов,

сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии ноҳия.