Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ…

Дар Паёми имсолаи ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироакардаашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «Соли 2017 дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъ идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пурнизоъ эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористӣ ва ифротгароён қарор гирифт».

Дар ҳақиқат, агар ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳангу тамаддуни минтақаҳои гуногунро коста мегардонанд.

Дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротгароӣ надорад. Чуноне ки гуфтаанд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Барои давлатҳои абарқудрат ташкили ҳизби исломӣ ва ё ташкили давлат зери ниқоби ислом манфиатбахш мебошад.

Гурӯҳҳои мансабталошу иғвогар бо ҳар роҳҳо мардуми содаро ба ақидаҳои номатлуб доир ба ислом гумроҳ месозанд.

Имрӯзҳо ваҳшоният ва ҷиноятҳое, ки дар як қатор мамлакатҳои дунё, аз қабили Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистон ба вуқӯъ омадаанд, наметавонанд ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузоранд.

Яке аз омилҳои ҳифзи пояҳои давлати миллӣ, ваҳдат, суботи ҷомеа ва рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ пешгирии амалҳои  номатлуб ва ҷилавгирӣ аз ифрот ва ақидаҳои бегона ба ҳисоб меравад. Вазифаи ҳамаи мо, шаҳрвандони Тоҷикистони азиз, аз он иборат аст, ки бо талошҳои ҳамарӯзаву ҳарлаҳзаина нагузорем, ки ақидаҳои носолиму ихтилофӣ ба ҷомеаи мо роҳ ёбанд.

Шоира АКОБИРОВА, МТМУ №40.