Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

АРҶГУЗОРАМ БА МАРЗИ ВАТАНАМ

           (дар ҳавои назм)
Дар айёми тифлӣ хок мехӯрдам,
То хоки Ватан ҳазм шавад дар баданам.
Шифобахшанда бошад хоки мушкбез,
Зи дасти модари ранҷдидаи муътабарам.
Ба хок оғӯшта мекард ӯ танамро,
Бошад, ки арҷ гузорам ба марзи Ватанам.
Аз машомам зудуда нагардад ҳеҷ
Накҳати атрогини ҷон Меҳанам.
Ҳуҷраи бо сафедхок олудаи бобоӣ
Буд ибтидо ба сӯи дониш қадамам.
Имрӯз ба муроди хеш ноил гаштам,
Раҳмати Худо ба устодону падарам.
Душманони Ватан гандумнамои ҷавфурӯшанд,
Оқибат хоку тӯроб шаванд, ба ин боварам.
Ин тоифаи буздили бемазҳабу бедин
Шарманда шаванд, қасам ба номи Модарам.
Модаре бо ғазаби ашколуда мегуфт:
«Гӯшти баданашонро1 ба дандонҳо меканам.
Аз доғи фарзанд обу адояму месӯзам,
Гумроҳшудагон тир заданд бар ҷигарам.
Хонаашон бисӯзаду хароб гардад, кошкӣ,
Пордуми хару латтаи бадбӯй барин дар назарам».
Бипарҳез, барҳазар бош, эй ҷавони ҳушманд,
3-ин хоинони шӯъбадабоз, нагӯ нест хабарам.
Об нарез ҳаргиз ба дасти нопоки ҷоҳилон,
Аз роҳат баргард, маёлой хоки поки кишварам.
Фирдавс ҚУРБОНЗОДА.