Чт11152018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

Имрӯзҳо аҳли ҷомеаи Тоҷикистони азизи моро масъалаҳои гаравиш ва пайравӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, дастгирии ақидаҳои тундгароёнаю бебунёд аз тарафи баъзе ҷавонони кутоҳандеш ба ташвиш овардааст.

Хоса мо, омӯзгоронро ин ҳаракатҳои тамаъҷӯёна аз ҳама бештар ба изтироб овардааст. Зеро мо хуб ҳис менамоем, ки заррае беэътиноии мо дар ин маврид метавонад, даҳҳо ва ҳатто садҳо ҷавонону наврасонро, ки хеле камтаҷрибаю рӯзгорнадидаанд, ба гирдоби балоҳо кашад. Аз ин рӯ, вазифаи тарбиявии хешро даҳчанд шуморида бо масъулияти тамом фаъолият намуда истодаем.

Аъзоёну сарварони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ барои ноил намудани ҷавонон ба сафҳои худ ва бор намудани  ақидаҳои бебунёдашон аз ҳар гуна воситаҳои ташвиқотӣ тавре ки аз баромадҳои собиқ аъзоёнашон ифшо шуда истодааст, васеъ истифода менамоянд.

Хушбахтона, таҷрибаи зиндагӣ борҳо исбот намудааст, ки нияти баду нопок ҳеҷ вақт пойдор намемонад, яъне "Бори каҷ ба манзил намерасад". Ҳаёти осоиштаву гулгулшукуфон, зиндагии хурраму ободи пойдор дар ватани ҷоноҷонамон нишон дода истодааст, ки ҳама кӯшишҳои онҳо беҳуда ва ниятҳои сарварони хориҷиашон амалинашаванда аст. Ақидаву ниятҳои онҳо барои мардуми тоҷик бегона буда, мо, тоҷикистониён ба он ниёз надорем. Бе ҳамаи даъвату даъвоҳо ва ваъдаҳои онҳо мо аз оромиву осоиштагии ватанамон, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони  фарзонаи миллат, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояндаву барҷо аст, баҳравар гашта, хушбахтона кору фаъолият дорем. Озодона метавонем ҳама фарзу суннатҳои диниву аҷдониамонро ба ҷой оварем.  Мехоҳем дар ҷаҳони навин дар қатори дигар халқҳои ҷаҳон барои боз ҳам ободтару шукуфонтар шудани давлатамон дар атрофи ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ва Сарвари он зичтар ҷамъ шуда, собиқона меҳнат кунем.

Т. ҶОБИРОВ, омӯзгор.