Вс10212018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ҲИЗБИ МАНЪШУДА

                             Саҳифаҳои таърихи башарият ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърихи инсоният бо усулу шеваҳои гуногун аз худ дарак медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстримизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳақиқатан, ин зуҳуроти номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Дар охири асри XX ҷумҳурии мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар сари амалҳои тахрибкорона ТЭТ ҲНИ  меистад, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шуд. Ин гурӯҳи иртиҷоӣ бо кумаку дастгирии хоҷагони хориҷию дохилии худ вазъиятро моҳирона истифода бурда, бо шиору овезаҳои динии худ мардумро бар муқобили давлат бархезонд ва низои дохилӣ-ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки дар он даҳҳо ҳазор фарзандони миллат ҷони худро аз даст доданд.

Ҷинояти вазнини аз ҷониби ин ҳизби террористӣ содиршударо тамоми мардуми кишвар фаҳмиданд ва бори дигар ба хиёнати онҳо эътимод пайдо намуданд. Кӯрнамакони наҳзатӣ пешравиҳои миллату давлати моро чашми дидан надоранд. Онҳо амалҳои иғвогаронаи худро ривоҷ дода, мехоҳанд ҳамватанони моро мисли худ бар муқобили давлату миллат бархезонанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ гурӯҳи ҳафтнафараи сайёҳони дучархасавори хориҷиро, ки аз самти шаҳри Кӯлоб ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, як дастаи ҷиҳодпешаи аз тарафи ТЭТ ҲНИ  созмонёфта дар роҳ, нахуст бо мошини сабукрав пахш карда, сипас бераҳмона бо корду табар онҳоро захмин намуданд, ки дар натиҷа 4 нафар ҳалок ва ду нафар дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Сохторҳои қудратии кишвар барои дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани афроди дар ин ҷиноят дастдошта сафарбар шуда, 4 нафари онҳо безарар гардонида шудаанд, аъзои дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша Ҳусейн Абдусамадов ва роҳбари гурӯҳ, узви фаъоли собиқ Ҳизби наҳзати ислом Носирхуҷа Убайдов дастгир шуданд.

Маълум шуд, ки роҳбарияти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ нақшаи ин амали зиштро дар хориҷа тарҳрезӣ намуда ин амали ғайриинсониро бо мақсади поён бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва коҳиш додани ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон роҳбарӣ ва маблағгузорӣ намудааст.

Роҳбари ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Муҳидддин Кабирӣ кӯшиш кард бо анҷом додани ин амали террористӣ вазъи дохилии Тоҷикистонро ноором созад.

Душманони миллат аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ андешаҳои ифротгароёнаи хешро пахш менамоянд.

Онҳо худро ҳимояткунандаю ҳидоятгари дини мубини ислом нишон медиҳанд, вале аслан аз кӯчаи асли ислом нагузаштаанд, зеро ҳама донандагони дини ислом, пайравони аслии он ҳамеша ростию муҳаббати байни инсонӣ, роҳи дурусти ҳаёти осоиштаро талқин намудаанд.

Мардуми мо, ба вижа ҷавононро мебояд, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротию тундгаро нашуда, ҷиҳати омӯхтани донишҳои замонавӣ ҳамвора талош намоянд.

Вазифаи асосии зиёиёни кишвар, омӯзгорон ва ахли ҷомеа аз он иборат аст, ки насли наврасу ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянду онҳоро ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ҷалб созанд.

Қиёмиддин АЗИМОВ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5.