Сб12152018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

АЗ КӮЛБОРИ ГАДОӢ ТО ДАЪВОИ ПОДШОҲӢ

Пешвози меҳмонон аз ҷониби мизбонони «аврупоишуда», «занталоқ»-и наҳзатӣ, «занозанак»-и тоҷикӣ, «паймон»-и паймоншикастагон (ё эътилофи бузакон?) ва як… такка…

 

Тафсилоти ин ҳама дар нигориши рӯзноманигор ва соҳибкори тоҷики муқими Қазоқистон (собиқ хабарнигори рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», ҳоло «Народная газета») Саломиддин МИРЗОРАҲМАТОВ, ки дар шабакаи ҷаҳонии Facebook нашр шудааст.

Муаллиф нигоштаро мақола номидааст, вале он бештар ба фелейтон ё памфлет шабоҳат дорад. Азбаски мавзӯи нигориш ба мавзӯи муҳими рӯз табдил ёфтааст, қарор додем онро бознашр намоем. Бо камтарин ислоҳ (асосан аломатҳои китобатӣ ва баъзе калимаву ибораҳои барои мо ноҷоиз ва номатбӯъ) ва бе ҳеҷ ихтисор, зеро боре муаллиф ба мо занг зада, талаб карда буд, ки агар мақолаҳои ӯро бознашр мекунем, ихтисор накунем…

Тӯй пеш аз тӯй

Кабирӣ мехост дар Варшава ин навбат на танҳо бо костюми нав, балки бо «арӯсон»-и сиёсии нав ба саҳна ояд. Аммо ҳама «арӯсон» дастзада ва аз даст ба даст гузашта буданд. Ҳамон Беги оппозитсия — Шароф Гадоев, ки аз «Гурӯҳи 24» шармандавор ӯро ронда буданд, ҳамон Олим Шерзамонови Раҳматулло Зоировро ба пули кредиташ ивазкарда ва ҳамон як наҳзатии дигар, ки номаш аз ёдам рафт.

Ба як мусалмон чор зан доштан равост. Кӣ «арӯс» — и чоруми исломии рақами 1 мешавад, ҳоло маълум нест. Овоза ҳаст, ки Темур Варқӣ хеле уфаку туфак дорад, шабу рӯз Кабириро хорумол мекунад, яъне имконияти ӯ бештар аз дигарон аст ва ин рашки Сайидюнуси Истаравшаниро овардааст.

Алқисса, эътилофе, ки Кабирӣ се сол барояш ҷон мекоҳонд, эълон гашт: Паймони миллии Тоҷикистон.

Номи пурҷозиба ва дилрабо. Аммо маълум гашт, ки ин ном ҳам дуздӣ будааст. Олим ва сиёсатшиноси номдор Ҳафиз Бобоёров эълон дошт, ки ин ном моли ӯст ва Кабирӣ ин номи воқеан зеборо дуздидааст ё касе аз огоҳон фурӯхтааст.

Ҳатман бояд зикр кард, ки Кабирӣ талош дошт то Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷики обрӯманди муқими Аврупо бо ӯ бипайванданд. Аммо онҳо пайвастан ба як ҳизби бадномшуда ва чанд шахсияти беобрӯгаштаро мояи ор донистанд.

«Гурӯҳи 24», «Ватандор» ва Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон низ ба эътилоф напайвастанд. Посухи эътилоф бо Кабириро Суҳроби Зафар — роҳбари «Гурӯҳи 24» барвақт дода буд: «Мо ҳеҷ гоҳ ба киштии шикастаи Кабирӣ нахоҳем нишаст ва ягон хел ҳамкорӣ нахоҳем кард!»

Додоҷон Атовуллоев баёния пахш кард, ки бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳад баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд.

Дар «Варшава — 2» роҳбари наҳзатиён дигар илоҷ надошт ва ҳамон эътилофи фейкиро эълон кард. «Эътилофшудагон» аз қаллобии худ ба ваҷд омада, бешармона ба рақсу бозӣ даромаданд. Рақси дастобадасти аҷоибулғароиб.

Се провокатсияи М. Кабирӣ дар ҳошияи нишасти САҲА 

1. М. Кабирӣ ба нафаронаш супориш дод, ки аъзои ҳайати Ҳукумати Тоҷикис­тонро дар фурудгоҳи Варшава пешвоз гиранд.

- Онҳо меҳмону мо ин ҷо мизбонем, чун аврупоӣ шудем дигар, — гуфт Кабирӣ бо ҳамон табассуми мулоимхунукона.

Муҳиддино, ту агар дар Варшава мизбон бошӣ, пас ҷаласаи САҲА-ро ту омода сохта (ҳайати), Ҳукумати Тоҷикистонро ба ҳайси меҳмон даъват кардаӣ? Ту магар дабири кулли САҲА ҳастӣ? Агар ту аврупоӣ шуда бошӣ, ба Тоҷикистон чӣ муносибат дорӣ? Умуман, ту дар Аврупо чӣ гум кардӣ, дар ҳоле ки хоҷаҳоят дар Эронанд?

Ҳамин пешвозгирии ҳайати Ҳукумат аз ҷониби нафарони ту худ як таҳқири ҳукуматиҳо буд ва бори дигар нишон дод, ки ту як рӯ не, сад рӯ дорӣ.

2. Як лесаки Кабирӣ акси ду сол қабл барои ёдоварӣ бо Д. Атовуллоев ва писари Нурӣ — Муҳаммадҷон бардоштаро рӯзи аввали иҷлосияи САҲА дар саҳифааш ба намоиш гузошта, хонандаҳои Фейсбукро гумроҳ кард. Гӯё Д. Атовуллоев бо Кабирӣ пайваста бошад. Ҳатто М. Нурӣ дар ҳамоиш ширкат надошт.

3. Дар рӯзи аввал, вақте иҷлосия ба охир расиду ҳама аз толор баромаданд, як наҳзатӣ дағалона кӯшиш кард, ки ба дасти домулло Айёмиддин шиори «Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ»-ро зӯран часпонда, ӯро аксбардорӣ кунад. Вақте ки кӯшиши яке аз ҳамроҳони домулло барои бо сухани хуб пеши роҳи ин амали пастфитратонаро гирифтан натиҷа надод, ӯ мушти обдоре ба сари наҳзатибачаи авбош зад. Зеро дигар чора надошт, чунки ӯ мехост домуллоро таҳқир кунад.

Ман домулло Айёмиддинро аз солҳои 80-уми асри пешин хуб мешинохтам. Домуллои муҳтарам аз ҷумлаи наҳзатиҳои ангуштшумор буд, бо вай баҳс кардан хатар надошт. Агар ба як ҳарфи наҳзатиҳои дигар эрод мегирифтед, дарҳол дар рӯйхати сиёҳи онҳо сабт мешудед. Домулло рӯшанфикр буд, бо самимият дар байни мардум маҳбубият дошт. Ва аз ҳама муҳимаш, андешаи дигарро таҳаммул карда метавонист. Агар ба андешаи касе розӣ набошад, норозигиашро бо табассум иброз мекард. Ҷудошавии домулло аз Кабирӣ далолати самимият ва поктинатии ӯст.

Дар вақти танаффус наҳзатиҳо ӯро иҳота карда, саволборон мекарданд: «Ба Ҳукумат фурӯхта шудӣ? Ба ту чӣ қадар пул доданд? Хиёнат кардӣ?».

Гӯё, ки дар ҷаласаи САҲА не, дар майдони набард бошанд. Рафтори «кабиричаҳо» ва «кабирилесакони» солманд саҳнаеро аз филми амрикоие ба ёд меовард, ки чӣ тавр харкурраҳоро ба ошхона сар медиҳанд ва онҳо дар як они воҳид ҳамаро ба ҳам мезананд.

«Биё занталоқи тоҷикӣ бихӯрем…» 

Ин гуфтаи Муҳиддини «аврупоишуда» ҷумлаи таърихии маҷлис гашт. Қасами нав, ки аллакай дар интернет машҳур шудааст.

Ҳангоми танаффус наҳзатиҳо бо сардории Кабирӣ ба мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) низ дарафтоданду исбот карданӣ шуданд, ки ҳизби наҳзат террорист набуд ва нест. Домулло ба онҳо посух дод, ки ҳадафи шумо ҷорӣ кардани равияи шиа дар Тоҷикистон аст. Шумо моҳи сентябри соли 2015 бо супориши хоҷаҳоятон кӯшиши табаддулот кардед. Ва ба Кабирӣ муроҷиат карда, чашм ба чашм гуфт: «Писари ту як миллиону дусад ҳазор долларро аз ҷойи муайян гирифта, ба ҳоҷӣ Ҳалим дод».
Дар ҷавоб М. Кабирии маккор аз суоли мушаххас гурехт ва даступохӯрда гашт:

- Домулло, агар наҳзат террористӣ бошад, биё як занталоқи тоҷикӣ хӯрем!

Эҳ, Мулло Кабирӣ! Боз мегӯянд, ки ту сиёсатмадори «нестандарҷаҳонӣ»! Ин чӣ ҳарфу ин чӣ савганд аст?

Агар мулло Абдураҳим ба ин пешниҳод розӣ мешуду ҳар ду «занталоқи тоҷикӣ» мехӯрданд, пас ба Кабирӣ лозим меомад, ки занҳои худро ҳалола кунад, зеро кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 — ро инкор карда наметавонист.

Кабирии асабонишуда паст намеомад:

«Чӣ хел мо террорист ҳастем? Яроқ дар дасти шумо буд!».

Ҳақ асту рост! Ҳамон яроқ буд, ки аввал пешвоҳои собиқи наҳзат ва баъд Кабирӣ сармоядор шуданд. Ҳамон яроқ буд, ки соҳиби фурӯшгоҳ, бозори сердаромад, корхонаҳо ва заминҳои ҳосилхез шуданд. Ҳамон яроқ буд, ки Кабирӣ яке аз сердаромадтарин бозорро дар Тоҷикистон соҳиб шуд. Ҳамон «файзи» яроқ буд, ки як писараке аз Файзобод имрӯз дар Аврупо ҷавлон мезанад!

Босмачӣ – қаҳрамони миллат 

Дар галстукат садқа, Кабирӣ! Ин суханро кӣ ба даҳони ту монд?

Кабирӣ дар рӯзи «зоида» шудани эътилофаш эълон дошт, ки босмачиҳо ҳамчун қаҳрамонони миллӣ эътироф шаванд. Ӯ ба ҳамкосаҳояш вазифа дод, ки сафед кардани босмачиҳо аз барномаҳои асосии Паймони миллаткуш аст.

Ман мутмаинам, ҳар каси солимақл суханронии Кабириро дар ҷаласаи «эътилоф» мутолиа кунад, ҳатман ба хулоса меояд, ки ин даъват ба асри миёна аст. Ба маърӯзаи Кабирӣ ду шиор намерасад: «Зинда бод ҷаҳолат, таассуб ва торикӣ!», «Нест бод илм ва маърифат!».

Аз рӯйи ҳамин шиорҳо ҳизби наҳзат дар давоми бисту панҷ сол як насли нави ҷавонони тиҳимағзро тарбия карда, ба воя расонд, ки таассуб ва ҷаҳолат дар мағзу устухонашон ҷойгир аст. Аз забони Кабирӣ чанд маротиба ибораи «муборизаи миллӣ — мазҳабӣ» садо дод.

Муборизаи шумо, наҳзатиҳо, на миллӣ буд, на мазҳабӣ. Шумо соли 1992 мазҳабро барои ба даст овардани қудрат истифода бурдед. Ба шумо ҳукумат даркор буд, то ки моликияти умумихалқии ҷумҳуриро, ки он вақт тақсим нашуда буд, ба даст гиред. Шумо дар бораи кадом муборизаи миллӣ ҳарф мезанед?! Вақте ки пешвоҳои шумо ва муридонашон ҳамон солҳо дар ҳар як амри маъруфашон таъкид мекарданд, ки дар ислом миллат вуҷуд надорад?

…Баҳори соли 1929 собиқ беки Ғарм Фузайл Махсум мисли галаи гургон ба водии Рашт ҳуҷум кард. Мактабҳоро оташ зад, се муаллимаро дар Ҳоит ба дор кашид, ҷавонзани чорумро, ки ҳомиладор буд, мӯйсафедон дар сари дор аз дасти ин ҷаллод бо нолаву зорӣ гирифтанд.

Дигар муаллимҳо, аз ҷумла тағои ман Мирзоҳомид Каримов — писари исломшиноси забардаст, хатмкардаи мадрасаи Бухоро — Мирзокарим Туқсабо дар кӯҳҳо пинҳон шуданд (бобои ман он вақт дар қайди ҳаёт набуд).

Шахсиятҳои обрӯманди водии Рашт ба Фузайл Махсум маслиҳат доданд, ки баромада равад, вагарна, ба касофатии вай садҳо одами бегуноҳ кушта мешавад. Ба аспҳояш ҷав надоданд. Аз чунин пазироӣ ин «фанатик» — и хунхор ба ғазаб омада, бо алфози қабеҳ (мисли наҳзатиҳои имрӯза) ҳамаро дашном доду таҳдид кард, ки боз бармегардад.

Ворисони Фузайл Махсум соли 1992 водии Раштро Давлати исломӣ эълон намуданд ва ҳамаи онҳоеро, ки дар Душанбе донишгоҳ, техникум ва ҳатто ПТУ-ро хатм карда буданд, кофир эълон ва номашонро дар рӯйхати сиёҳ барои ба қатл расондан сабт намуданд. Пеши роҳи қатли омро қумандон Мирзохӯҷа Низомов гирифт.

Аз рӯйи мантиқи Кабирӣ, агар Фузайл Махсумҳо, Иброҳимбекҳо қаҳрамони миллӣ бошанд, пас роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ — Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов, ки тавонистанд дар зарфи ҳафтод сол потенсиали бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар ҷумҳурӣ бунёд созанд, бояд кофир ва душмани халқ эълон карда шаванд?!

Ҳукуматиҳо тавонистанд 

Суханронии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини директори Маркази исломӣ Рустам Азизӣ дар сатҳи баланд буд. Ҳама гуфтаашон мантиқӣ, далелҳо раднашаванда садо доданд.

Ман суханронии онҳоро гӯш карда, боз ҳамон шиори нашрияи «СССР»-ро ба ёд овардам: «Мо метавонем!».

Соярӯшанҳо

Қариб як соли охир дар рафтору гуфтору кирдори М. Кабирӣ дигаргуниҳо эҳсос мешуд. Ба назар мерасид, ки Артисти хизматнишоннадодаи Тоҷикистон режиссёри дигаре пайдо кардааст ва номи ӯ ҳам маълум шуд: Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён — собиқ Саймиддин Дӯстов.

Баъзе аз атрофиёни Кабирӣ аз пайдо шудани политтехнолог дафи шодӣ мезананд. Гурӯҳи дигар бар онанд, ки Дӯс­тов як шахсияти мармуз ва машкук аст, ки оқибат «раиси моро ба ҷарӣ мебарад».

Бале, ҳама медонанд, ки Дӯстов яке аз душманони Кабирӣ буд, то замони гуреза шуданаш.

Муҳоҷират ба Дӯстов осон наафтид. Ӯ бисёр орзу дошт, ки дар Олмон мақоми паноҳандагӣ гирад, аммо мақомоти Олмон ба вай рӯйи хуш надоданд ва ӯ ночор ба Австрия рӯ овард. Баъди чанде Дӯстовро аз Австрия низ ронданд (депортатсия карданд). Баъди ин, ӯ ба Полша омад. Як муддат дар лагери гурезаҳо буд. Сипас, аз ноилоҷӣ ё ҳирси молу пул, ба душмани собиқаш Кабирӣ пайваст. Тааҷҷубовар ин аст, ки С. Дӯстов политтехнологи пасипардагии Кабирӣ аст ва маълум нест, ки дар эътилофи дурӯғин ӯ узви наҳзат аст ё яке аз иттиҳодияҳои фейкӣ.

Лекин як чиз рӯшан аст: Як замоне Дӯстов на фақат узви фаъоли ҳизби Президент — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буд, балки борҳо ва ошкоро ба тоҷирон, сиёсатмадорон, вазирон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун хизматгор пешниҳод карда буд. Вай омода буд, ки ҳама корро барои баланд бардоштани имиҷи Ҳукумат кунад. Аммо ҳукуматиҳо, чунонки Дӯстов гумон мекард, содалавҳ ва гӯл набудаанд. Оре, се — чор дафъа аз ҳукумат пули калон «канд» ва бо ҳамин тамом.

Акнун Дӯстов рӯ ба наҳзат овардааст, ки «аз хук мӯе биканад» ( шиори зиндагии политтехнологи нодонакон).

Баъди шикастҳои пай дар пайи наҳзат дар раёсати ҳизб садоҳое баланд мешаванд, ки мабодо ҳамшаҳрии Кабирӣ фиристодаи Ҳукумат бошад? Чаро чеҳраи худро нишон намедиҳад? Чаро дигаронро «тела- тела» мекунаду худаш ҳанӯз дар паси парда аст?

Дӯстов бисёр мехоҳад  дар Аврупо як ташкилот оид ба дифоъ аз рӯзноманигорон таъсис диҳад. Аксари рӯзноманигорони дар Аврупобуда аз ҳамкорӣ бо Дӯстов даст кашидаанд. Яке аз онҳо чунин гуфт: «Дӯстов гумон мекунад, ки аксарият ба афсонаҳои ӯ бовар мекунанд. Мо-ку медонем Дӯстов кист?».

Ин ҳамон Дӯстове аст, ки чанд калимаро пеш аз вохӯриҳо аз ёд мекунад ва дар рафти суҳбат барои намоиши «донишмандӣ» истифода менамояд: фактчикен, инсайдер, рефлексия, ребрендинг, бренд, тренд ва ҳоказо.

Охирсухан   

Баъди ба мақола нуқта монданам чунин хабар расид: Темур Варқӣ эълон кардааст, ки барои табобати набераи Кабирӣ ба аҳолии дунё муроҷиатнома пахш намудаанд, ки ҳар касе чӣ имконе дорад, як сомонӣ, даҳ доллар, сад евро, ҳазор рубл ба номи онҳо бифиристад…

Магар Кабирӣ пул барои табобат надорад? О ту даст каш аз моҳонае, ки Кабирӣ ба ту медиҳад. Темуриён аз Канада набиёяд, Шерзамон костюми нав нахарад. Агар Кабирӣ 50 — 60 касро ба Варшава аз гӯшаҳои гуногуни дунё даъват карда намеовард, пули ҷарроҳии наберааш дар ҷайбаш мебуд.

 

Ё шумо ба гадоӣ одат кардаед?