Вс10212018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ШИРКАТИ «ЛЕСАКҲО» ДАР ГУФТУШУНИДИ ВАРШАВА

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеаи ҷаҳонӣ ин густариши равияҳои террористӣ ва экстремистии динӣ мебошад. ҲНИ, ки ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шудааст, аз қабили ниходҳое мебошад, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад.

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи намояндагони гурӯҳи наҳзатиҳоро, ки ҳамчун хоинони давлату миллат дар зери қаноти хориҷиҳо паноҳ мебаранд, шинохтанд. Новобаста аз ин онҳо боз дар гуфтушуниди САҲА ширкат намуда, худро сафед кардан мехоҳанд.

Ин хоинони миллат барои ин Ватан заррае хизмат накардаанд, онҳо танҳо мардумро зидди ҳамдигар шуронида, оташи ҷангро баланд намудаанд, ки ин амали разилонаи онҳоро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кардаст.

Ин хоинон ба чашми миллати тоҷик хок пошиданд. Наҳзатиҳои хоин худро шахси диндору мусулмон нишон дода, пинҳонӣ ба миллати тоҷик хиёнат карданд. Акнун пардаи руйи Кабирӣ дарид ва симои аслии ин хоини террористро миллати точик шинохт.

Вақте, ки мардуми тоҷик дар хоку хун оғушта буданду, касе умеди зинда монданро надошт ва ё мардум аз гуруснагӣ ҷон мебохтанду бехонаву дар гардида буданд, пешвоёни наҳзатиҳо дар биноҳои боҳашамат дар давлати исломии Эрон умр ба сар мебурданд. Рӯйи хони онҳо пур аз нушу неъмати дунё буд, майишат мекарданд, аз кори кардааш ҳаловат мебурданд, ба ҳоли мардуми мазлум механдидиданд. Ба андешаи банда хонаи шайтонсиратони наҳзатиҳо аз мурдаи ҳазорон ҷавони бегуноҳ сохта шуда, шароби хурдааш хуни дили модари тоҷик буд.

Иштироки Мухиддин Кабириӣ дар баъзе  чорабиниҳои байналмиллалӣ ба мисли САҲА ба ҷуз аз русиёҳии худи ӯ ва ҳаммаслаконаш дигар чизеро ба бор оварда натавонист. Бо ин амалхои худ Кабирӣ ва ёронаш давра ба давра пустеро аз рӯи худ боз мекунанд, ки ин нишонаи чандруягӣ ва ноустувории онҳост.

Ҳизб ва хоҷагони он барои ба шуури пешбар ва асосии ҷомеаи мо табдил додани шуури мутаассибонаи динӣ кӯшида, мехоханд, ки мо аз ҳурофоти динӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ пой берун нагузорем ва барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ саъю талоши ҷиддӣ надошта бошем.

Мардуми сарбаланди тоҷик дигар сиёҳро аз сафед хуб фарқ мекунад. Акнун медонад, ки ширкати ин хоинони миллат дар гуфтушуниди Варшава ба чи далел аст.  Танҳо як далел. Ба даст овардани мақоми аввала ва ба маънии дигар «Обро лой кардану моҳӣ гирифтан». Яъне ба ин боз мехоҳанд, ки дубора сари мардум борони тиру тупро бирезанд, ки ба ин ҳеҷ гоҳ дигар миллати сарбаланди тоҷик роҳ намедиҳад.

Бунёди ҲОТАМ, фарҳангшинос .