Вт11132018

Last updateЧт, 08 Нояб 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ДАРДИ ҶОМЕА

Яке аз зуҳуроти номатлубе, ки дар заминаи эътиқодҳои динию мазҳабӣ ба амал меояд, экстремизм маҳсуб мешавад, ки он имрӯз ба ҳар роҳу восита ва мусоидати баъзе давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, хатари ба миён омадани имконият ва заминаҳои дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва муҳимтар аз ҳама суботу амнияти дилхоҳ ҷомеаро дар пай дорад.

Имрӯз дар замони иттилоот ва рушди технологияи инноватсионӣ ҷавононе ҳастанд, ки тамоми рӯз бо интернет машғул буда, ғайр аз он ба кори дигаре даст намезананд. Агар онҳо худогоҳу худшинос, хушахлоқ ва бо дигар навъи донишу малакаҳо мусаллаҳ набошанд метавон гуфт, ки дучори мушкилоти ақлонию равонӣ ва гумроҳиву бадахлоқӣ хоҳанд шуд. Омилҳои дигаре мавҷуданд, ки сабаби шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд. Аз ҷумла надоштани саводи кофӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ҷавононро ба фиребу найранг ва доми наҳангҳои дохилию хориҷӣ меафканад. Ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бештар ба доми ин ҳизбу ҳаракатҳои нопок афтода, ба ДИИШ дода мешаванд, ки боиси ҳалок шудани онҳо мегардад. Омили дигар ин фазои беназоратии интернетӣ ва шабакаҳои моҳворавист. Маҳз аз интернет ва ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии «Однокласники», «Фейсбук», «Имо» ва ҳамсоли инҳо ҷавонон ва наврасон ба осони зери таъсири идеологияи таҳрифшудаи динии «давлати исломӣ» ва дигар кишварҳо қарор мегиранд. Террористон мекӯшанд, то фазои ноамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад. Ба ин восита эътимоди мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод мекунанд.  Ба ин хотир амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мегӯянд.

Табаров Нур, сармутахассиси бахши

дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои

миллии Ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиев.