Вт11132018

Last updateЧт, 08 Нояб 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ИФРОТГАРОӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткорирр ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард»  иброз намуданд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар олами ислом ягона сиёсатмадоре мебошанд, ки дини мубини Ислом ва мусулмононро аз тероризму экстремизм орӣ ва беолоиш дониста, бо дифоъ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид борҳо матраҳ намудаанд.

Имрӯз олами ислом ба қатлу талаву тороҷ, ваҳшату даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини Ислом анҷом дода мешавад. Омили асосие, ки боиси бештар гаравидани ҷавонон дар шароити имрӯза гаштааст, ин шабакаҳои интернетӣ мебошад, ки аз ҷониби гурӯҳҳои муайян барои мағзшӯии ҷавонони камогоҳу камсавод роҳандозӣ мешавад. Муттаасифона, шоҳиди он мегардем, ки гурӯҳе аз соҳибназарон ва ходимони дин иштироки баъзе аз ҷавонон дар низоъҳои мазҳабиро як василаи худкушӣ медонанд. Ба назари эшон ин зумра ноогоҳона вориди майдонҳо гардида, мусулмонони дигарро ба қатл мерасонанд ва ҷони худро низ дар ин роҳ талаф медиҳанд. Тибқи иттилои расмӣ зиёда аз 300 ҷавони тоҷик дар ин майдонҳо қарор доранд ва ҷавонони кишварҳои мусулмониро бо баҳонаи “ҷиҳод” фирефта намуда, дар асл ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ месозанд. Аз наворҳое, ки онҳо дар шабакаҳои ҷаҳонии интернет ҷой додаанд, бармеояд, ки мақсад аз иштирок дар низоъҳои Сурия, ин “ҷиҳод” дар роҳи Худост. Аммо чи гуна ҷиҳод? Магар рехтани хуни як мусулмони дигар ҷиҳод аст? Дар кишваре, ки зиёда аз 95 % -и он мусулмон аст пас ин “муҷоҳидон” бар муқобили кӣ ҷиҳод мекунанд? Зеро Худованд дар Қурони карим дар ояти 10-уми сураи “Ҳуҷурот” мефармояд:

«Ҷуз ин нест, ки муъминон бародари якдигаранд, пас миёни бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад».

Инчунин, дар ояти дигар дар сураи “Моида” ояти 33 чунин ҳушдор медихад:

«Ҷазои касоне, ки бо Худою расули Ӯ ҷанг мекунанд ва дар замин ба қасди фасод мешитобанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд ё бар дор карда шаванд, ё дастҳову пойҳои онҳо аз ҷониби мухолиф бурида шавад, ё аз Ватан дур карда шаванд. Ин расвоии онҳо дар дунёст ва дар охират барои онҳо азоби алим ҳаст».

Пас дар воқеъ чунин хулоса кардан мумкин аст, ки пайвастан ба гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва муқобили дигар мусулмонон ба даст силоҳ гирифтан навъе аз худкушист. Худкушие, ки назди Парвардигор наҳйи шудааст ва Худованд шахси худкушро ҳаргиз дӯст надорад.

«Ва хештанро бо дастҳои худ ба вартаи ҳалокат маяфканед ва некукорӣ кунед! Ҳамоно Худо некукоронро дӯст медорад». (сураи Бакара ояти 195) Таҳлилхо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки онҳо натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Намояндагони равияҳои тундгаро аз камсаводии онҳо истифода намуда, эшонро ба равияҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеа, ки ба тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистон бетараф нест, вазифадор аст, ки ба ободии кишвар, тинҷию оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намуда, алайҳи террористу экстремист, ки номи поки исломро олуда мекунад, бетараф набошад. Сарбаландии миллат, тарақӣ ва рушди тамоми соҳаи ҳаёт бар души ҷавонони бофарҳанг буда, онҳо монанди аскаре ҳастанд, ки дар эҳёи саноат, зироату тиҷорат ва тамоми падидаҳои пешбарандаи ҳаёти халқ дастони моҳиру ақлҳои ихтироъкори онҳо хеле зарур мебошад. Пас, бояд ба тарбияву таълими неки фарзандон аҳмият дод ва онҳоро бо илми фоидаовар ва амали хуб мусаллаҳ намуд.

Бекназар Шоев, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди мақомот.