Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ТАЛАБИ РӮЗ

 

Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдорҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон нишон медиҳад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммосолҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти ҷомеа ва дар ин миён на наҷот бахшидани кишвар аз оқибатҳои нангбору мусибатовари ин зуҳуроти номатлублозим донистем мавзӯи мазкурро то ҷое таҳлилу баррасӣ намоем.

Нахуст ба шарҳи вожаи «Экстремизм» мепардозем. «Экстремизм» ба калимаи франсузии «ехtremismе» ва лотинии «ехtremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремизм ин оғози ногузори терроризм аст.

Истилоҳи «Терроризм» (ба калимаи лотини «terror») сарчашма гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст.

Терорристон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣафкандан аст.

Терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд.

Мутаасифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.

Тибқи баъзе маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷаҳон беш аз 500 ташкилоти террористию экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст. Дар ин рӯйхат гурӯҳҳои террористие чун «Ҳизб-ут-таҳрир», «Алқоида», «Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ», «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Толибон»-и Афғонистон, «Бародарони мусалмон»-и Миср, «Лашкари Тайиба»-и Покистон, “Ҷомеаи исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» «Тоҷикистони озод”, «Ҷамоати ансоруллоҳ», «Салафия», «Гурӯҳи-24», «Давлати исломии Ирақу Шом(ДИИШ)» ва «Ҷабҳат-ан-нусра» шомиланд.

Гузаштани таърих ва ҳодисаву воқеаҳои дар ҷаҳони муосир рӯйдода аз он бозгӯ мекунанд, ки экстремизму терроризм бештар аз ҳама дар бахши дин, махсусан боиштироки «намояндагон»-и дини ислом дучор меоянд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба назари донишмандону таҳлилгарон, азбаски дин (навобаста аз шаклу хусусуят) яке аз ҳассостарин ҷанбаи ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, тахрибкорони андешаи солим маҳз аз ин роҳ мехоҳанд ба осонӣ миёни мардум ихтилоф ангезанд. Динҳои дигар, ки таърихи тӯлонитар доранд ва аҳли онҳо пеш аз ислом чунин бадбахтиҳоро аз сар гузаронидаанд, ба ин гуна фитнаҳо қариб, ки дода намешаванд. Аммо пайравони дини ислом бо ҳассосияти худ фарқ мекунанд.

Аллакай механизми сӯйистифодаи дин аз тарафи экстремистону террористон маълум аст: як гурӯҳ ҷангҷӯёнро бо пардохти маблағҳои калон гирд меоранд вабеибо тамоми амалҳои ваҳшиёнаву ғайриинсониро зери кадом шиори дине, ки хоҳанд, амалӣ мекунанд ва пушти ақидаҳои динӣ ҷиноятҳои содиркардаашонро пинҳонӣ дошта, ҳамаи инро аз «қонуни шариат» мегӯянд.

Аммо бубинед, ки зимни амалигардии ин «қонуни шариат», яъне амалҳои террористӣ дар як соли охир дар ҷаҳон наздики 70000 сокини осоишта кушташудаанд, ки беш аз 1000 нафари онро кӯдакон ташкил медиҳанд ва 99%-и онҳо мусалмонанд.

Аксарияти кулли амалҳои террористиро имрӯзҳо аз номи ислом ва бо номи ислом амалӣ карда истодаанд.

Ҳатто солҳои охир бо ном давлати исломие дар Ироқу Сурия сохта буданд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, хоса мусалмононро ваҳшатзада кард. Ҳамаи кор аз куҷо оғоз ёфт? Аз он ҷое,ки давлатҳои абарқудрат хостанд дар Ироқу Сурия «демократия» ҷорӣ кунанд ва ҳатто неруҳои ҳарбии худро низ бо ин мақсади демократикунонӣ сафарбар карда буданд. Натиҷаи чунин «демократиясозӣ” харобу валангор шудани ин кишварҳо гардида, захираҳои зеризаминиашон ғорат карда шуд ва рушди иқтисодиёти давлатҳое замоне сарватманд садсолаҳо қафо монд.

Мутаассифона, экстремизм ва терроризм ба яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи  ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва чун аниқтар таҳлил кунем ин мушкилиро ҷомеаи ҷаҳонӣ худ эҷод кардааст. Маҳз стандартҳои дугонаву духурагиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ ба ин боис гардидаанд.

Бо тасдиқи ин воқеият бо боварӣ метавон гуфт, ки сиёсати манфиатҷӯёнаи абарқудратҳо ба хотири тақвияти манфиатҳои худ, ин пеш аз ҳама ба заиф сохтани идеологияи рақибонашон равон шудааст.

Дар хотир бояд дошт, ки эшон барои даст ёфтан ба манофеи худ аз ягон усул рӯ намегардонад. Ҳатто баъзе аз доираҳои манфиатдор кӯшиш мекунанд ба ифлостарин корҳо, то андозае, ки афкори умум бардошт доранд, либоси мусбӣ пӯшонанд ва ё андешаи мардумро ба мавҷудияти ногузири онҳо мутобиқ созанд. Масалан дар сиёсати байналмилалӣ ибораҳое пайдо шудаанд ба монанди «гурӯҳҳои мусаллаҳи муътадил», «мухолифони муътадил» ва гайра. Агар ин омилидома кунад, он рӯз дур нест, ки неруҳои манфиатхоҳ пайи амалӣ намудани ғаразҳои геополотикии худ дар сиёсатҳои бузург ибораи «террористони муътадил»-ро ҳам расмӣ кунанд.

Чизи дигаре, ки дар технологияи ташкили инқилобҳои ранга маъмул шудааст, ба симои террористону ифротгароён ва паҳнкунандагони ақидаҳои ифротӣ бо назардошти манфиатҳои геополитикӣ пӯшонидани ниқобҳое аз қабили «Гурӯҳи озодихоҳ», «Пешвои дин», «Сиёсатмадори маъруф», «Коршиноси мустақил» ва ғайра мебошад, ки мақсад аз он нишон додани пуштибонии доираҳои муайяни сиёсӣ аз амалу рафтори онҳо бо мақсади дилгарм карданашон аст.

Санаи 22.12.2017 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин вазъ чунин гуфта шуд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Омилҳои мусоидаткунанда ба терроризму экстремизм аз як тараф дар бархурди манфиатҳои абарқударатҳо бошад, аз ҷониби дигар дар осебпазир будани афкориҷомеа вамусъалаҳои иҷтимоӣ нуҳуфтааст. Дарин росто метавон азчунин омилҳоном бурд:

Надоштани донишу фаҳмишҳои кофии илмӣ ва чаҳонбинии фарогир. Ин омил боис мегардад, ки ҷавонон ба осонӣ ба доми чунин ифротиён афтода ба механизми иҷрои дастурҳои онҳо табдил ёбанд.

Бетарафии аҳоли ҷомеа нисбати зуҳури аввалин нишонаҳои ифротӣ шудани ҷавонон. Баъзан падару модарон ҳатто дар ибтидо хурсандӣ мекунанд, ки фарзандонамон дар дин «сахт» шудааст, аммо баъдан шикоят мекунанд, фарзандон ба шакли намозхониамон эрод мегиранд, беҳурмативу нописандӣ мекунанд, кофирамон мегӯянд ва билохира об дар дидаҳояшон мегӯянд, ки фарзандашон дар Сурия ва ё Ироқ кушта шуда ному нишоне аз ӯ боқӣ намондааст ва ё ин падару модари пиронсол намедонанд бо кӯдакони ятимондаву ҳамсари кӯчагишудаи чунин фарзанд чӣ кор кунанд. Чунин аст охири силсила дар дин «сахт» шудани фарзандон, ки дар пайи таблиғоти беруна ба вуҷуд омадааст ва волидон дартарбияаш бетарафӣ кардаанд;

Бовари зиёд нисбати овозаву хурофот ва мусоидат кардан ба таблиғоти ифротиён. Масалан, паҳн кардани шабномаҳо бо усули он ки агар ин паёмро 6а 10нафари дигар фиристӣ хушбахт мешавиву нафиристӣ бадбахт.

Яъне то ин дараҷа мардумро гумроҳу фирефта кардаанд. Мебояд ба мардум фаҳмонем,ки инҳо варақаҳои сарнавишт нестанд, ки моро хушбахту бадбахт кунанд ва бовар кардан ба чунин хурофот ин худ ширк ба қудрати Офаридгор аст. Мисоли дигари соддалавҳӣ ва ё зудбоварии мо ҳамон як овозаи заминҷунбии шаби 10.01.2009 аст, ки агар аз як тараф чандин занону кӯдакон дар кӯчаҳо бемор шуданд, соҳибони воситаҳои нақлиёт маблағи пасандозҳои худро пурра бензин харида то рӯз дар роҳҳ гирд гаштанд, баъзе одамони беморро афсурдагиашондучанд шуд ва ҳамагӣ худро ба сарсониву саргардонӣ ва ранҷу азоби рӯҳиву ҷисмонӣ афканданд, аз дигар ҷиҳат ин таҷриба осебпазир будани мафкураи моро ба намоиш гузошт.

- Гурез аз мушкилиҳои зиндагӣ. Мутаассифона, бисёре аз ҷавонон ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ, аз ҷумла баҳсу мунозираҳои оилавӣ ва мушкилиҳои рӯзмарраро дар гурехтан аз проблемаҳои бавуҷудомада мебинанд ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин гурӯҳҳо майл пайдо мекунанд. Хусусиятҳои мазкурро дар илм «танбалии андеша» ва дар забони халқ сабукфикрӣ мегӯянд. Ҳол он ки ҷустуҷӯи ҳалли ин ё он мушкилот осонтар аз гурехтану ба бадбахтиҳои аз ин ҳам вазнинтар гирифтор кардани худ аст.

- Ҳавову ҳавас. Маълум аст, ки яке аз ҷанбаҳои ҳавасмандсозӣ ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои таррористӣ ин ваъдаи пулу сарват мебошад.

Ин ва дигар омилҳои шабеҳ аз усулҳое ҳастанд, ки ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намуда, ба механизми қатлу куштор ва даҳшатафканӣ табдил медиҳанд.

Бинобар ин моро лозим аст, ки сатҳи огоҳии аҳолиро аз хатарҳои терроризму экстремизм баланд бардошта, насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир талқин намоем. Инчунин ба корҳои муфиду созанда, ки дар ҳаёти рӯзгори худу атрофиён паёмадҳои нек меорад, рӯ овардан, истифодаи дуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон, аз қабили эҳтироми калонсолон, маърифати оиладорӣ, кӯмак ба дармондагон, анҷоми корҳои ободонӣ аз тариқи ҳашар, ки боиси пайдоиши ҳиси дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мегардад.

А. АЗИЗОВ, раиси КИ XXДТ дар н. Файзобод.