Ср11142018

Last updateЧт, 08 Нояб 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ВАТАНХОҲӢ БА ГУФТОР АСТ...? Ё ЧАРО РАФТОРУ ГУФТОРИ САРВАРОНУ ЯЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИТ ЯК НЕСТ!

 

Чӣ тавре аз шабакаҳои интернетӣ огоҳӣ дорем, амалҳои мудҳиши террористӣ дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон, алалхусус Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико рух дода, қариб рӯзе нест, ки сокинони ин кишварҳо қурбони ҷиноятҳои террористӣ гарданд.

Террористон худро дар ҷомаи ислом дида, корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки дар ақли солим намеғунҷад. Аз амалҳои террористони исломӣ бар меояд, ки онҳо худӣ ва бегонаро аз ҳам ҷудо накарда, ҳазорҳо шахсиятҳои бегуноҳро ба коми марг мекашанд ва ҷиҳод ном гузошта саркардаҳои онҳо аз ин амалашон кайфият мебардоранд ва ин амали носавоби онҳоро Қуръони маҷид ва дигар ҳадисҳову китобҳои динӣ маҳкум мекунанд.

Дар давлати ҳамсояи мо Афғонистон пайдо шудани террористони дар қаламрави Покистон таълим гирифтани ҷиҳод дар роҳи «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои мусулмон ба он шомиланд, вазъияти ҷаҳонро ноором карда, боиси ташвишҳои давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Имрӯзҳо дар чандин кишварҳои мусулмоннишин бар осори дахолати доираҳои манфиатҷӯ амалҳои террористӣ рух медиҳаду ҳазорҳо одамони бегуноҳ кушта шуда ва даҳҳо манзилҳои зист ва шаҳрҳо сӯхтаву валангор мегарданд.

Саркардаҳои онҳо бо номи ДИИШ амал доранд бо ин амали зишти худ ҳаловат бардошта ҷаҳонро ба ларза андохтаанд. Ҷангҳои Ироқу Сурия, Афғонистон маҳсули кори чунин саркардаҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар қатори  чунин саркардаҳо чанде аз ҳамватанони ба хусус роҳбарону аъзоёни  ТТЭ ҲНИТ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ низ шомиланду аз минбарҳои баланд бар зидди сиёсати пешгирифтаи мардуми Тоҷикистон ободию оромии кишвар, ки ба манфиати онҳо нест, санги маломат мезананд. Худро ватахоҳу ватандӯст вонамуд мекунанду дар асл оромию пешравии Тоҷикистонро чашми дидан надоранд.

Дар урфият мегӯянд: «Саг меҷакаду корвон ба роҳи худ меравад». Сад шукри сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти кишвар, ки Тоҷикистони азизи мо сол аз сол ободу зебо гашта мардуми шарафманди он аз осмони софи он нафас мегиранд.

Мардуми Тоҷикистон шаҳди сулҳу амонӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти ватанро чашида, шукрона аз он мекунанд, ки чунин ватани зебо ва сарвари оқили доно доранд. Истиқлолияте, ки баъди ҳазорсолаҳо насибамон гаштааст, чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем.

Сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистонро, ки бар манфиати халқу миллат аст, дастгирӣ карда намегузорем, ки террористону хоҷагони манфиатҷӯи он ба хоки муқаддаси мо роҳ ёбанд.

Кунун мардуми Тоҷикистон мардуми солҳои пешин нестанд, ки ба дасисаҳои шумо бовар карда бародар муқобили бародар санг бигирад. Имрӯз онҳо сиёҳро аз сафед, худиро аз бегона фарқ карда метавонанд.

Шумо, ҳамватанони дар нохунак бо ҷорзании худ коре аз дастатон намеояд. Вазифа ва коре, ки шумо ҳоло анҷои дода истодаед, ҷавонони бедарак аз илму маърифатро бо роҳи фиреб ба давлатҳои ҷангзада ба ҷанг кашида қурбони манфиатҳои худ мегардед.

Худо бузург аст. Намеандешед, ки аз марги чунин ҷавони навхат фарздо назди Худова Расул ҷавоб хоҳед гуфт.

 Чӣ тавре Лоҳутии бузург мефармояд:

Ҳама доди ватанхоҳӣ кунанд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳарду.

Хуб мебуд ба ҷорзаниҳои минбарҳои баланд хотима гузореду биёед бо ҳам Ватанро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Тилло СОҲИБНАЗАРОВ, раиси шӯрои куҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия.