Сб10202018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ТЕРРОРИСТОН БА МОДАРОНИ ХУД РАҲМ НАДОРАНД

Хабари соле пеш аз дасти фарзанд ба қатл расидани модареро, ки бо ивази ҷон фарзандашро ба дунё оварда сари мӯи уро бо сарвати дунё иваз намекард, ба ёд оварда аз худ бехуд мешавам. Лаҳзае, ки силоҳбадасти бистсола Али Сакр-ал Қосим модари чилсолаи худро, ки то нафасҳои охирин бо чашми умеду меҳрубонӣ ва насиҳатомезу илтиҷоомез ба ӯ менигарист, бо дастони худ ба қатл мерасонад, замину осмон ба гумонам ба ларза омад.

Оё қумондонҳои ба ном «Давлати исломӣ» агар заррае аз дини ислом бӯ мебурданд, пеш аз амри қатли модар бо дасти писар дарк мекарданд, ки нофармонӣ ба волидайн бузургтарин гуноҳ назди Худованд аст. Ин фоҷиаи гӯшношунид шояд дар саҳифаҳои таърих боре ҳам роҳ наёфтааст. Ин амалу рафтори даҳшатнокро баъд аз огоҳӣ ёфтан пеш аз ҳама модарон шадидан маҳкум намуданд. Бо касофату разолати ҷангиёни ДИИШ, ки «Давлати исломӣ» сохтанд, дар панҷ соли охири давомёбии ҷанг зиёда аз 150000 занону модарон бегуноҳ қурбон шудаанд.

Ислом динест моломоли адолату рафоқату садоқат, динест поку мубарро, софу муҷалло, динест кариму ҳалим, раҳиму раҳнамо, динест бошафқату саодату шарофат, динест шарифу ҳаниф… ва беохиру беанҷом баҳо медиҳанд бандаҳои муъмин ин дини муқаддасро ва шариати исломро қонуни зиндагӣ барояшон қарор медиҳанд. Пас  чаро ба номи мубораки ин дин иснод оварему одамонро ба ҷои барои ҳақ даъват кардан ба пайроҳаи  фиреби модаркушӣ бурдан?! Ислом ҳаргиз ба терроризиму экстремизм айният надорад!

Т.МУНАВВАРА.