Пт08172018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

БАДХОҲРО ХУДО ЗАНАД!

Ҳоло, вақте ки сирру асрори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (имрӯз мамнуъ ва, ҳазор шукрона, ки маҳв шуд) рӯи об мебарояд, нафрати кас ба ин ташкилоти муғриз зиёд мешавад. Ду-се сол пеш намедонистем, ки Эрони дӯсту бародару ҳамзабон аз рӯ механданду дар пас мепесонанд. Бинед, ки наҳзатиёни Тоҷикистон беҳтарин шахсиятҳои кишвари мо – олимон, адибону журналистонро бо дахолати «бародарони ҳамзабон» ба қатл мерасондаанд. (Албатта, тақводорони дар нохунаки тоҷикистонии мо ин корро ҳамту, бе музд намекунанд).

Навакак матлаберо дар бораи ҳаққати куштори журналисти варзидаи асри пешин Муҳиддин Олимпур аз «Ҷавонони Тоҷикистон» (№22, 31 майи с.2018) хондам. Ва ин сатрҳоро аз ғазаб менависам.

Баъди манъ кардани фаъолияти ҲНИТ, ҳамчун ташкилоти экстремистию терроргар, чӣ маънӣ дорад, ки Теҳрон саркардаҳои ҳизбро ба оғӯш бигирад ва имконият диҳад, ки зидди озодию демократияи тоҷик шиорҳо партоянд?!

Рӯзи 12 май дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кард: «Онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба номи исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро ба ғаразҳои нопок омехта мегардонанд. Ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд». Дар фаҳмиши ман ин суханҳо маҳз ба ҲНИТ-и манъшудаи Тоҷикистон дахл дорад.

Маро чунин ҳарфҳо сахт маъқул аст: «даҳҳо ояту ҳадисҳое ҳастанд, ки ҳаққоният ва бартарии адлро аз ибодат таъкид дошта, одил буданро сифати аслии мусулмонӣ медонанд».

Аз амалҳои ноодилонаи ҲНИТ хабардор шуда, ба хулоса омадам, ки онҳо аз Парваридигор тарс надоранд. Худо мезад онҳоро хуб мешуд!

Ҷ. БАҲОРОВ, рӯзноманигор.