Чт11152018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

МУҲИДДИН КАБИРӢ ШАЙЁДЕ АЗ ШАЙЁДОНИ ДИНФУРӮШ

Умрат ба сад расид сомон намешаваӣ,

Аз кардаҳои худ пушаймон намешавӣ.

Қуръон каломи Ӯст бихониву бишнавӣ,

Лекин чи суд пайрави Қуръон намешавӣ.

Чун дар бораи нооромиҳои охири қани гузашта, ки сабабгори қатлу ғорати сокинони кишвар ва ятиму сарсониҳои ҳазорон тоҷику тоҷики стониён сухан мекунем пеш аз ҳама номи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбарону саркардагони аз ҷумла раиси кунунии он Муҳиддин Кабирӣ пеши назар ҷилвагарӣ менамояд. Бале маҳз онҳо омилони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакатамон ба ҳисоб мераванд. Маҳз онҳо буданд, ки мардуми мусалмонро бо мусалмону номусалмон ҷудо кардаву миёнашон   тафриқаандозӣ, иғво ва фитнаро ҷо карданд. Онҳо аз   ҷавонони нимсаводу беандеша, моҳирона истифода намуда , мақсадҳои заҳҳоконаи худро амалӣ кардан хостанд.

Ҷоизи баҳс нест, ки мавҷуд будани ҲНИТ аз қадамҳои аввали фаъолияташ нишонае буд баҳри низоъандозӣ, барпо намудани муноқиша баҳри ба дастовардани мансабу курсиву вазифа ва ҷоҳу ҷалоли шоҳона, ки масъулину роҳбарони гуруснааш дар ҳирси он афтода буданд.

Ин ҳизб на ба мусулмонони кишвар, балки ба давлатҳои ба ном исломӣ такя карда дастуру маслиҳат ва маблағи ин хоҷагонашонро мегирифтанд. Онҳо ба супоришу иҷрои фармонҳои ин хоҷагони хориҷӣ чунон дода шуда буданд, ки халқи худ кишвари худро фаромӯш сохтанд, ки дар кадом кишвар зиндагӣ доштаву сохти конститутсионии он чи гунна аст. Қатлу ғоратро пешаи худ қарор додаву насли ҷавону ноогоҳро зери шиори «Ҷиҳод баҳри ислом» ба қатлу ғорат раҳнамун месохтанд. Ҳол он ки аз таълимоти ҳамаи динҳои дунявӣ огоҳӣ дорем, ки одамкушиву одамбадбинӣ дар ҷавҳари онҳо нест . Дар Ислом Худо ҳам зид ҳасту Пайғамбар ҳам. Вале мо дар таҷрибаи рӯзгор баръакси онро дидем, ки бо ҳидояти роҳбарони ТТЭ ҲНИТ хусусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ мусалмон қотили бародари худ гардид.

Чун шаёдони динфурӯш Мущиддин Кабириву пайравонаш зери парчами ислом танҳо ва танҳо дар фикри ноором сохтани Тоҷикистони акнун сӯи ободию суботи ҷомеа ва ваҳдату якдилӣ баҳри ояндаи дурахшон гомҳои устувор роҳ пешгирифта буданд. Тасдиқи ин таъкиди мо матни варақаҳоест, дар рӯзҳои табаддулоти генерали хоину ватанфурӯш Назарзода аз утоқҳои ТТЭ ҲНИТ дарёфт шуда мебошад, ки   онҳо хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстриместӣ ва террористӣ, табаддулоти давлатӣ  доштанд,   Матни яке аз онҳо чунин буд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се - чор рӯзи дигар монд.  Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ пирӯзӣ бо мост...”

Ана ҳамин аст, ҳақиқати фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси он Муҳиддин Кабирӣ. Ва кӣ медонад бар ивази ин марҳамати ватанфурӯшӣ дар кадом кунҷи кишвари хориҷӣ «гулгашти зебову қасри пурдабдаба»- еро барояш боз ваъда кардаанд хоҷагони хориҷияш.

Афсӯсу сад афсус, ки чи тавре шоир таъкид мекунад:

Умре бипарваридӣ ин нафси сагсифатро,

Лекин чи суд зӣ макраш як дам амон надидӣ.

Динро ба бод додӣ, пас бар муроди ин саг,

Як тои нон нахурдӣ , як устухон надидӣ.

Бале, дороие, ки олудаи хуни ноҳақ рехтаи бегуноҳест, олудаи ашки модару фарзанди ятими ҷавони роҳгумзадаест ба касе насиб накардаасту ба   Муҳиддин Кабирӣ ҳам насиб нахоҳад кард.

Шукр, ки имрӯз ободӣ кишвари моро фаро гирифтаву сокинони он ки қариб ҳамагӣ пайравони дини мубини исломанд ҳеҷ гоҳ ба он созиш намекунанд, ки як гуруҳи манфиатҷуву ҷудоиандоз ба шаъну эътибори дини мубини Ислом, ки мақсади асосии он ободию созандагӣ, баробарию адолат, тарбияи инсони комил ва зиндагии поку гуворо аст, иснод оварда аз номи он ҳадафҳои нопоки худро роҳандозӣ намоянд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон   ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин дар  суханрониҳояш дар бораи ҳушёрию зиракӣ, ватандӯстию ваҳдати миллӣ ибрози назар намуда , баҳри ободию оромӣ, сулҳу суботи ҷомеа ҳаёти бофароғати шаҳрвандон, дурӣ ҷустан аз ҳар гуна дасисаҳо, ҳизбу ҳаракатҳо ва гуруҳу равияҳои ифротгаро ҳамагонро таъкид менамояд. Моро низ зарур аст, ки ин таъкидҳои Сарвари муаззами худро роҳнамои зиндагии хеш қарор дода, баҳри рӯзгор осудаву шоистаи худу фарзандонамон бикушем.

Носирхуҷа Раҳимов,

сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии ноҳия .