Пн10222018

Last updateПн, 22 Окт 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

МУШКИЛОТИ БЕМОРХОНАИ МЕҲРОБОД

Тандурустӣ ё солимии мардум яке аз самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба шумор меравад. Табиист, ки бидуни ҷомеаи солим пешравии давлат ва болоравии генафонди миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки ҳатто сарвари давлат ҳам ба ин самт таваҷҷуҳи хоса доранд ва ба таври ҳамешагӣ дар суханрониҳои худ бобати вазъи хизматрасонии тиббӣ ба масъулини соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид медиҳанд.

Дар ноҳияи мо ҳам вазъи хизматрасонии тиббӣ давоми 26 соли соҳибистиқлолии кишвар рӯ ба беҳбудӣ дорад. Бунёди маркази саломатии нав дар маркази ноҳия, таъмиру азнавсозии бунгоҳу марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, таъмири бинои шуъбаи асаби беморхонаи марказии ноҳия ва овардани дастгоҳу дигар таҷҳизоти замонавии соҳаи мазкурро метавон аз дастовардҳои соҳа номид. Аммо қатори ин ҳама дастовард ҳаст камбудиву норасоиҳое, ки боиси нигаронии мардум ва қобили гуфтан аст.

Ин шабу рӯз ба зиёда аз 100 ҳазор нафар аҳолии ноҳия, ғайр аз бунгоҳу марказҳои саломатӣ, беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои минтақавии Мискинобод ва Меҳробод бо  теъдоди 200 кат, З8 табиби соҳибтахассус ва 162 корманди миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд. Ба хонанда атрофи вазъи хизматрасонии соҳаи тандурустӣ дар ноҳия маълумот доданӣ нестем. Ин навбат ба хонандаи закӣ танҳо атрофи дирӯзу имрӯзи беморхонаи минтақавии Меҳробод сухан хоҳем гуфт.

Насли калонсол, онҳое, ки нисфи ҳаёти худро дар замони ҳокимияти шӯравӣ паси сар намудаанд, шуҳрати ин беморхонаро хуб дар ёд доранд. Бемористони мазкур дар солҳои 70-80-уми асри гузашта натанҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар тамоми ҷумҳурӣ овозадор буд. Дар он беморон аз дигар шаҳру навоҳии кишварамон барои муолиҷа меомаданд. Табибони ҳозиқу номдори диёрамон,  Абдураҳим Холиқов, Муҳаббат Шарифова, Ҳ. Сангов, Самад Расоев Шариф Нуров ва Светлана Наҷмонова дар ин дармонгоҳ ба ҳайси сардухтур кору фаъолият намудаанд.

Дар шифохонаи мазкур аввал гирифторони бемории сил табобат мегирифтанд. Ин маконро он солҳо ба ҳайси шуъбаи муолиҷавӣ ҳам истифода менамуданд. Баъдтар дар бинои табобати бемориҳои сил беморони гирифтори касалии пуст табобат мегирифтанд, ки то солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаъолият дошт. Аз нақли шоҳидон он замон дар як вақт то 60-70 нафар табобат мегирифтанд.

Имрӯз ин шифохона дар кадом вазъ қарор дорад?

Аз ҳамаи биноҳои хизматрасонии ин бемористон ҳамагӣ 13 утоқ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Боқӣ ҳама корношояму вайрону валангор. Аз 13 утоқи зикршуда 8-то барои хоби беморон ва боқӣ барои доругузаронӣ ва утоқи кории пизишкон истифода мешавад. Айни ҳол ин ҷо 10 кат, 5 кати кӯдакона ва 5-тои дигар барои беморони синнашон калон, шабонарӯзӣ фаъолият дорад. Бинои мазкур соли 2005 аз таъмири пурра бароварда шудааст. Дар ин миён як муддат бо сабаби таъмири бинои шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия шуъбаи зикршуда дар солҳои 2007-2008 ба касалхонаи Меҳробод интиқол меёбад. Айни ҳол бошад, дар он 1 нафар табиб, 1 бародари шафқат ва  5 ҳамшира ба муолиҷаи беморон машғуланд.

Агар ба омори соли 2017 назар афканем, давоми 1 сол ҳамагӣ 29 нафар дар ин бемористон табобат гирифта бошад, пас давоми се моҳи соли равон 24 нафар ва айни  ҳол 1 нафар табобат гирифта истодааст.

Ин ҷо диққати хонандаро ба як нуқта ҷалб мекунем: аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ ноҳияи мо ба се минтақа тақсимбандӣ мешавад. Қисмати поёнии он ки Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстону Меҳрободу Вашгирдро дар бар мегирад, аҳолии Ҷамоатҳои зикршуда метавонанд ба ин бемористон муроҷиат намоянд. Агар ҷамоати деҳоти Вашгирдро бо сабаби ба маркази ноҳия наздиктар будан истисно намоем, маҷмуан шумораи аҳолии ду ҷамоати деҳоти боқӣ 21 ҳазору 206 нафарро ташкил медиҳад. Ин ҷо омори беморони бистаришударо дар шифохонаи Меҳробод ба шумораи аҳолии ду ҷамоат таносуб намоед, ки фарқ байни замину осмон аст. Вақти омӯзиши мавзӯъ аз иҷрокунандаи вазифаи сардухтури беморхонаи минтақавии Меҳробод Раҷабзода Басонат шунидем, ки “мардум бо сабаби шароити мусоид надоштани касалхона кам муроҷиат мекунанд. Ҳастанд маризоне, ки барои бистарӣ шудан ба макони мо меоянд. Вақте шароитро мебинанд, норозӣ шуда ё ба беморхонаи марказии ноҳия мераванд ва ё ба беморхонаҳои шаҳри Ваҳдат”.

Мо ҳам ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунем. Воқеан, ҳолати бемористон беҳбудӣ мехоҳад. Сабаб чӣ бошад, ки ба дармонгоҳи минтақавӣ таваҷҷуҳ кам аст.

Вақти омӯзиши мавзӯъ бароямон рушан гардид, ки аҳолии деҳаҳои Файзова, Гулафшон, Шукурӣ, Яккабед, Қасамдара ва навад фисади мардуми Ҷамоати деҳоти Бӯстон барои муолиҷа ба беморхонаҳои шаҳри Ваҳдат мераванд. Мардум сабабашро дар мутобиқи давру замон набудани касалхонаи Меҳробод ва дур будани беморхонаи марказии ноҳия медонанд.

Ба ин ҳол омада расидани шифохонаи мазкур аз як сӯ ҷудо нагардидани маблағу аз назари масъулин дур мондани он бошад, аз сӯйи дигар хунукназарии худи мардум ҳам ҳаст. Оби нӯшокии бемористон баъзан хушк мешавад. Фаррошону хоҷагидори беморхона барои истифодаи беморон обро дар зарфҳои калонҳаҷм мегиранд. Аз шунидаи мо зарфҳои калонҳаҷми обгирие, ки болои деҳа барои захираи об гузошта шудааст, моликияти беморхонаи ноҳия аст. Айни ҳол атрофи ин зарфҳо замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст. Аҳолие, ки манзилҳои истиқоматиашонро сохтаанд, аз он истифода менамоянд. Аз ин рӯ мушкилии норасоии об дар беморхона рӯз аз рӯз ба чашм мерасад. Бинед, ки агар қисмати аввал монеи обу дувуми монеи роҳ ва севумиву чоруми монеаҳои дигарро ба бор орем, аз куҷо табибу табобатгоҳ мемонад.

Мушкилоти мазкур саҳлу осон нест. Он метавонад ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа зарба занад.  Бе ҳалли ин мушкилот солимии ҷомеаро аз даст медиҳему аз рушду бунёдкорӣ чанд қадам ақиб мемонем.

Ба ин хотир масъулини соҳа, раисони ҷамоатҳои зикршуда ва дар маҷмӯъ худи сокинони минтақа бояд пайи ҳалли  мушкилоти мавуда шаванд. Зеро барқарор будану ба пуррагӣ фаъолият намудани  беморхона метавонад сонияе байни ҳаёту марги инсоният бошад.