Сб08182018

Last updateПт, 17 Авг 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҚАТЛУ ҒОРАТ АЗ ИСЛОМ НЕСТ

 

Мавзӯи омехтагии дин ба манфиатҳои шахсӣ, халал ворид намудан ба фарҳангу тамаддун ва ба нестӣ бурдани халқияту миллатҳо имрӯз миёни кишварҳои абарқудрат ва ашхоси ғаразҷӯву манфиатхоҳ яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Тавре тариқи воситаҳои ахбори умум огоҳ гаштаем, имрӯз дар ҷаҳони муосир абарқудратҳо бо нияти ҳукумронӣ бо ҳар роҳу восита мардуми бегуноҳро қатлу ғорат менамоянд. Чун оина рӯшан аст, ки низоъу бесарусомониҳо дар Мисру Фаластин, Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои мусулмоншини Ховари Миёна ҳамагӣ баҳри ба даст овардани манфиатҳои шахсист, на чизи дигар. Ақрабсифатони худхоҳ ба хубӣ маҳали неш задани худро дар синаи афроди бегуноҳ пайхас намудаанд. Онҳо дарк кардаанд, ки масъалаи эътиқоди динӣ ва қавму нажодӣ миёни сокинони кишварҳои зикршуда таҳрикдиҳандаи эҳсоси динии мардуми мусулмон аст. Ба ин хотир онҳо ҳар лаҳзаро баҳри бенизом гардонидани ин эҳсос истифода мебаранд.

Ба чи хотир? Ба хотири ба маҳалли ҷанг овардани ҷавонон ва идома додани қатлу хунрезии  бардавоми мардуми бегуноҳ.

Гурӯҳи таблиғотчиёни ба ном давлати исломӣ, ки аслан тарҳрезиаш аз кишварҳои аврупоӣ маншаъ мегирад, ҷавононро бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла ваъдаҳои пуливу молӣ, таъмини нафақаи аҳлу аёл, зиндагии шоиставу таъмини бӯстонсаро дар мамолики пешрафта ва дигар ваъдаҳои подарҳаво шомили ҳизбу ҳаракатҳои қотилонаи хеш мегардонанд.

Мутассифона, тибқи маълумоти пешкашнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, миёни чунин ҷавонони ба доми фиребафтода аз диёри мо низ ҳастанд. Гарчанде қисме аз ин ҷавонон тавассути кишварҳои бегона ба доми фиреби онҳо афтода бошанд ҳам, бархе аз маҳали зисти худ шомили ин гурӯҳҳои ифротгаро гардидаанд.

Қатори дигар мубаллиғон дар кишвари мо ТЭТ ҲНИТ низ ҷавононро гумроҳ намуда, мафкураашонро аз кинаву ҳасад пур менамуд.  Акнун бинед, ки пас аз ташкилоти экстремистию террористӣ эълон гардидани ҲНИТ пайравони аршадаш ба хориҷа гурбавор фирор намуда, бархе дар ғарибиҳо мисли гурги турхӯрда уллос мезанад, қисмати дигар бошад вориди ҷангҳои Сурияву Ироқ гардидаанд. Замоне роҳбарону намояндагони ҲНИТ бо дастгирии  сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзиашон моҷароҷӯйи карда, зодбуми хешро ба майдони ҷангҳо табдил додан мехостанд. Маҳз бо дасти онҳо даҳҳо ашхоси  бегуноҳ кушта гардида буд. Имрӯз онҳо такрори чунин ҳодисаҳои ваҳшатборро  мехоҳанд бо дасти ҷавонони ҳамиллати худ дар дигар минтақаҳои ҷангзада  рӯи кор оваранд.  Оё чунин пиндор ва рафтори бадхоҳони онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи  ис­ломӣ донист? Албатта, не! Ҳақиқати ин  масъала ошкор аст.  Аммо барои онҳо ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо  ас­лан на дар пайи ҳақиқат, балки дар пайи манфиат ҳастанд.   Исломгароии онҳо на барои ислом, балки барои манфиат аст. Аммо бо далели ин ки бояд барои маблағҳои  бузурги аз сарпарастон гирифтаашон ҷавоб гӯянд, роҳи бозгашт надоранду дигаронро ба ин гирдоб ғуттавар карданиянд.

Барои  рафъи ин вабо аз миёни ҷавонон ҳамагӣ моро зарур аст, ки ба хусус дар маъвизаҳоямон моҳияти дини мубини Исломро ба ҷавонон хуб омӯзонем, то ки дар зиндагии рӯзмарраи худ ба фиребу найранги бадхоҳону хоинони миллат рӯ ба рӯ нашаванд.  Ба онҳо мушаххасан фаҳмонем, ки қатлу ғорат, дуздӣ, надониста паст задани шаъну шарафи мусалмон ва дигари амалҳои разилона аз Ислом нест. Дар ин сурат мо метавонем пеши роҳи гирифтор шудани ҷавононро аз доми фиреби хоинони миллат бигирем.

Абдуҷаббор Шарифов, имомхатиби

 масҷиди ҷомеи деҳаи Фатҳобод,

 ба номи Домулло Солеҳ.