Сб02242018

Last updateПт, 16 Фев 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

МУҲАББАТ – ПУЛ, ТАҒО – ПУЛ, ОШНО – ПУЛ

Барпокунандаи аввалин дар ҷаҳон давлати шӯравӣ Владимир Илич Ленин гуфта буд:  вақте мерасад, ки ҳама чиро пул ҳал мекунад.

Касе, ки «Капитал»-и Карл Марксро хонда бошад, ба маънии сухани олимонаи Владимир Илич (Улянов) хуб сарфаҳм меравад. Сухани Ленин ҷиддӣ аст.

Агар тарафи дигари сухани Уляновро гардонем, ҷиддият (ҷиддияти мусбат) ба танз, содатар, ба киноя мебарад. Бесабаб маталҳои шеършудаи  маъникаш, аз қабили «Тағо-пул, обрӯ - пул, ошно-пул, - Муҳаббат – пул, садоқат – пул, даво – пул» – пайдо нашудааст. Яъне ба фаҳмиши имрӯза ҳама чиз ба воситаи пул ҳал мешавад. Пул ба ҷони мо чунон «тавъам» аст, ки бе он нафас гирифта наметавонем. Ҳоло табобат пурра пулакист. Ва ҳеҷ пӯшида нест, ки дар ин кор фасод набошад. Инкор накунед, ки дар касалхона ба ғайри «пули кафолат» боз чанд даҳсомонаи шумо «ҳавоӣ» меравад. Агар надиҳед, табобаткунандаҳо қавоқ мегиронанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор ба таъкид зикр мекунад, ки мансабдорон нисбат ба мардуми оддӣ, эҳтиёҷмандон ғамхор бошанд, ба онҳо ҷавр накунанд, раҳму шафқат зоҳир намоянд. Не, мебинӣ ва мешунавӣ, ки ҳангоми «буд кардани» кори корафтодаҳо (мисоли равшан, тақсими қитъаи замини ҳавлӣ) пора мегиранд. Борҳо тавассути оинаи нилгун мебинем, ки раисони ҷамоатҳои ин ё он минтақа, кормандони идораҳои заминсозӣ дар ивази маблағҳои калон замин медиҳанд. Ҳол он ки, охир, давлат ба шаҳрвандон дар асосҳои қонунӣ тақсими заминро барои манзилгоҳ раво медонад. Ришвахӯрон, албатта, дар сурати ошкор шуданашон, ҷазо мебинанд. Афсӯс, ки муҷозот ба дигарҳо дарс намешавад. Мувофиқи шунидаҳоямон, «нафси сабил» оромашон намегузорад.

Мо баъзан дар хоктӯдаи андеша меафтем, ки кормандони идораҳои давлатиро худи худамон порахӯр кардаем. Ба мисол, шахсе, ки бе навбат барои сохтмони манзили иқоматӣ,  ё умуман қитъаи замин барои сохтмон, замин гирифтааст, ба одаме, ки солҳо дар навбат истода, ба мурод намерасад, маслиҳат медиҳад: «то пул надиҳӣ, замин намегирӣ». Ана ҳамин тавр, пора додан ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ифодаи мардумӣ, мансабдоронро худамон омӯхта кардаем.

Як шинос шиква кард, ки барои қонунӣ гардондани замини гирду атрофи амволи харидааш се сол боз  ба кумитаи заминсозӣ равуо мекунад, вале кораш буд намешавад. «Ҳуҷҷатҳо бошанд, - ба дард мегӯяд ӯ, - ягон камбудӣ надоранд».

Кашолкорӣ манфиатҷӯйӣ талаб мекунад.

Ҳамин гуна дард дили бисёриҳоро иллатӣ кардааст.

Чашми тамаъҷӯ ҳамеша чор аст. Зарофате ҳаст: «Назди мулло даст сӯйи киса набар, ки боумед мешавад». Дар идораҳое, ки корафтодаи бисёр доранд, мисли мулло рафтор мекунанд.

Боре сухан аз фарогирии коррупсия мерафт, сардори идораи муътабаре, ки он қадар хазинаи дилхоҳ надорад, гуфт: «Ҳатто дар ҷойи мо ҳам коррупсия ҳаст, - ва шаҳр дод, - агар бо пули идора дар як сол аз бозор панҷ ҷорӯб харидорӣ кунем, шашта санад карда, «зиёдатиаш»-ро хона мебарем».

Ин гап ҳарчанд шӯхӣ буд, вале ҳақиқат дошт. Охир, «сӯзандузд ҳам дузду говдузд ҳам дузд» мегӯянд. Чаро аз ҳаққи умум як кас (сардор ё сармуҳосиб) баҳра мебурдааст?

Ҳоло кам хонаест, ки фарзандаш мактабхон набошад. Чаро ғалат гӯем, ки охир дар як сол «барои пардаи синф», «барои қулф», «барои газетаи деворӣ», «барои журнали синф» (ҳатто барои бӯр) ва ғайраву ҳоказо пул медиҳем. Ҳол он ки ба муассисаҳои таълимӣ аз буҷаи давлат ҳамасола маблағ  ҷудо карда мешавад. Дар рафти гап зикр мекунем, ки дар соли 2018 ҳаҷми умумии маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудогардида 28269519 сомониро ташкил мекунад, ки ин 63,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети ноҳия аст. Аз ин маблағ 83,4 фоизаш музди меҳнати кормандони соҳа. Роҳбари синф магар наметавонад чанд варақи сафед барои «Гӯшаҳои синфӣ» харидорӣ намояд?

Ба омӯзгорони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ сахт нарасад, зеро дар баъзе таълимгоҳҳо расм шудааст, ки барои рӯзи таваллуди муаллим (аслан муаллимаҳо) хонандаҳо пул ҷамъ мекунанд. Пӯшида нест, ки фаросати талабаҳои синфҳои поёнӣ ба ин чиз намерасад, то худи омӯзгоронашон «рӯшанӣ» наандозанд. Мо, худамон баъзан бедилӣ мекунем, ки охир, чаро дар рӯзи таваллуди муаллими азиз ба ӯ туҳфа нагирем? Агар чунин аст, пас бояд дар ҳаққи директори мактаб низ ҳамин гуна «лутф» кунем.

Агар чашм напӯшем, дар фурӯшгоҳҳову ошхонаҳо, умуман ҷойҳое, ки андозсупорандаанд, фасодро мебинем. Як далел: аз рӯи талабот ҳамаи нуқтаҳои молфурӯшӣ бояд мошини назорати хазинавӣ дошта бошанд. Ҳамин гуна дастгоҳ дар ноҳия танҳо дар се ё чор нуқта мавҷуд аст. Саркашӣ аз ин кор пинҳон кардани даромад аст. Агар ҳамаи нуқтаҳои савдо чунин дастгоҳ дошта бошанду мизоҷон мувофиқи харидашон чек талаб кунанд, аз даромад ба буҷет бештар маблағ ворид мегардад. Мутасаддиёни ин кор панҷ панҷаашон барин медонанд, ки кор муҷозот дорад, мутаассифона, бо мақсади манфиатҷӯйӣ соҳибмулконро озор намедиҳанд.

Фасодро (коррупсияро) аз байн бардоштан басо мушкил аст. Вале барои кам карданаш бояд виҷдону имону садоқат ба халқу давлатро тарбият намоем.