Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҲНИТ — як шохаи «Ихвон-ул-муслимин»

Яке аз равияҳои куҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз тарафи Ҳасан ал-Банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри  Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё «Ҷомеаи бародарони исломӣ» ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ниҳоии «Ихвон-ул-муслимин» ташкили хилофати исломӣ мебошад, ки ба қавли пешвоёнашон Ҳасан-ал-Банно ва Саид Қутб, бояд аз Испания то Филиппину Индонезия густариш ёбад.

Тибқи  принсипҳои «Ихвон-ул-муслимин»  ҳадафи якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дас-ти худ дошта бошад. Ҳадафи дуюми онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни ҷараёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ, аз ҷумла, «Ваҳҳобия», «Ал-қоида», «Салафия», «Ҳизби таҳрир», «ДОИШ» фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Бар хилофи дигар равияҳои исломи сиёсӣ ихвониҳо барои расидан ба ҳадафи худ, аз усули хос «қадам ба қадам» истифода мебаранд. Принсипҳои асосии ин усул инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд, тарғиби илмҳои теологӣ, аз ҷумла, калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо, ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, демогогияи (авомфиребии)  «Ихвон-ул-муслимин», исломисозии ҷомеа ва давлат «аз боло» ва қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.

Ихвониҳо дар кишварҳои мухталиф ниҳодҳои худро бо номҳои гуногун таъсис додаанд. Онҳо барои расидан дар кишварҳои исломӣ мактабҳо, донишгоҳҳо, дармонгоҳҳо, фондҳои хайрия барои камбизоатон ва донишҷӯён, бонкҳои исломӣ, меҳмонхонаҳо, ширкату марказҳои туристӣ ва созмонҳои миссионерӣ таъсис дода, ба ин восита фаъолияти худро пеш мебаранд. Ҳамин аст, ки «Ихвон-ул-муслимин» ба шабакаи байналмилалӣ табдил ёфта, даромадҳои худро аз ҳисоби аъзоҳаққӣ, хайрияҳо ва дастгирии молиявии аъзоён ва тарафдоронаш, ки дар кишварҳои нафтхези халиҷи Форс мустақаранд, ба роҳ мондаанд.  Қудратҳои ҷаҳонӣ бошанд, барои манфиатҳои худ ва таҳти нуфуз нигоҳ доштани минтақаҳои муайяни мусулмоннишини ҷаҳон аз исломи сиёсӣ, махсусан, аз «Ихвон-ул-муслимин» ва шабакаҳои ба он тобеъ дар ҳолатҳои зарурӣ  истифода мекунанд ва онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ ва таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин менамоянд.

ҲНИТ як шохаи «Ихвон-ул-муслимин» буда, аксари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ Саид Қутб ва  Ҳасан ал-Банно ҳадафҳои худро барои бунёди давлати исломӣ ба роҳ мондаанд. Ихвониён, чун ҳадафашон таъсиси як хилофати густурда буд, дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои таъсис додани ячейкаҳои худ дар минтақаҳои мусалмоннишини ин кишвар шурӯъ аз солҳои 70-уми асри 20 дар шакли пӯшида ва пинҳонӣ гурӯҳҳо  таъсис дода, дар солҳои охири мавҷудияти давлати Шӯравӣ, ки бозсозию ошкорбаёнӣ ба вуҷуд омад, ба муборизаи ошкоро гузаштанд ва Ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар заминаи он ба расмият дароварданд.

Мусаллам аст, ки роҳбарони ҲНИТ чун аз хориҷи кишвар, махсусан, аз ҷониби «Ихвон-ул-муслимин» дастгирӣ меёфтанд, дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи пур кардани фазо аз афкори демогогӣ (авомфиребона) дар байни аҳолии камсавод то андозае нуфуз пайдо карданд. ҲНИТ пурра методҳои ихвониро истифода намуда, дар саросари Тоҷикистон ячейкаҳо ва гурӯҳҳои худро таъсис дод. Ҳамчунин, тиҷоратҳои гуногун ташкил карда, барои афкори ҷомеаро дар зери нуфузи худ нигоҳ доштан воситаҳои ахбори умумро сармоягузорӣ карда, шахсиятҳои мазҳабӣ ва   тарзи рӯзгори мазҳабӣ; пӯшиши ҳиҷоб ва амсоли инро таблиғ намуда, фазои иттилоотии кишварро то ҷое дар зери таъсири худ гузошта буд.

ҲНИТ аз яке вижагиҳои усули «қадам ба қадам» — ҳамкории байнимазҳабиро (шиъа ва суннӣ), ки дар Баҳрайн, Эрон ва Хамосу Фатҳ ва Фаластин истифода мешавад, ба кор бурд. Ҳамин аст, ки наҳзатиҳо дар тӯли фаъолияти худ гоҳ дар оғӯши Эрон ва гоҳ дар оғӯши Туркия ва гоҳҳо дар оғӯши  ихвониёни мисрӣ ва дигар кишварҳо қарор доштанд. Барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир  оромона ва мисли ихвониҳо кӯшиш менамоянд, ки чунин боварро  дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки гӯё ягона пушту паноҳи ислом онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд. Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад ҳолатеро ба вуҷуд оварад, ки ихвониён ба хотири манфиатҳои онҳо фаъолият мекунанд. ҲНИТ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳо 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифтааст. Сараввал, сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис дода, дар баробари ин ба ҷамъоварии эҳсону хайрия шуғл меварзиданд. Баъдан, бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттилоотӣ корҳои одитарини хешро мавриди таблиғ қарор доданд. Оҳиста – оҳиста онҳо дар зеҳни гурӯҳҳои муайяни кишвар худро чунон вонамуд карданд, ки гӯё маҳз онҳо аз ислом сухан мегӯянд ва ҳизби онҳо ҳизби Худост. Яъне, бо роҳи ақидатӣ «қадам ба қадам» бо демогогияи худ зеҳни мардумро вориди террори ақидатӣ қарор доданд. Аъзоёни ҲНИТ ба мисли ихвониҳо аз демогогия зиёд истифода мебаранд ва шиорҳои озодӣ, демократия, баробарӣ ва озодии матбуотро ба миён мегузоранд, ки ин гуна  шиорҳо дар воқеияти исломи сиёсӣ тадбиқнашавандаанд. Агарчи онҳо дар як давраи кӯтоҳ то замони расидан ба ҳадафҳои худ аз ин шиорҳо истифода намоянд ҳам, вале ҳангоми қудратро ба даст гирифтан баръакс амал менамоянд. Масалан, Муҳаммад Мурсӣ, ки худ ихвонӣ буд, дар муддати кӯтоҳи роҳбарии худ ҷиҳати аз байн бурдани принсипҳои демократӣ дар Миср амал карда, ҳатто ба тағйир додани конститутсияи ин кишвар иқдом кард ва як қатор қарорҳоеро қабул намуд, ки зидди принсипҳои демократия ва озодӣ буданд.

ҲНИТ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмияшон чунин вонамуд карданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола намуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва ҳамчун демократия ба намоиш гузоштанд. Айни ҳол сарони дар пайгарди қонун қарордоштаи ин ҳизби мамнӯи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилатфурӯшиву демогогия ва бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул шуда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд. Барои амалӣ намудани демогогияи худ ва роҳ ёфтан ба мағзҳои хуфта роҳбарони ин ҳизб бо галстуку сарулибоси ғайримазҳабӣ дар чорабиниву расонаҳо ҳозир мешаванд. Ҳамчунин, пайваста дар матбуоти даврии вақт таблиғ шудани шахсиятҳои исломӣ ва нашри фатвоҳои пешвоёни динӣ яке аз ҳадафҳои дигари «ором-ором» табдил додани ҷомеаи дунявӣ ба ҷомеаи динии сиёсӣ аст. Аз таърихи ихвониҳо маълум аст, ки усули «қадам ба қадам», ки бо роҳи «ором-ором» исломӣ кардани ҷомеа сурат мегирад, доимӣ нест ва он танҳо дар шароите ба кор бурда мешавад, ки ҳукумати рӯз қудратмандтар аз ихвонҳо бошад. Дар ҷумҳуриҳои собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 70-ум, ки ҳукумати вақт ниҳоят пурқудрат буд, ихвониҳо усули «қадам ба қадам»-ро истифода намуданд ва ҳаракатҳои исломие, аз қабили гурӯҳҳои исломии Тошканд ва Ҳалқаи ҳиндустонӣ асосан барои паҳн кардани  адабиёти исломӣ дар байни аъзои ҷомеа, бахусус, ҷалби ҷавонон ва донишҷӯён ба ин гурӯҳҳо сафарбар шуда буданд. Дар солҳои 90-ум бо суст шудани қудрати сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ усули нав, яъне, «сиёсати зӯроварӣ»-ро пеш гирифтанд. Дар ҳамин замина Ҳизби наҳзати исломии Шӯравӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро фаъ-ол намуданд, бо истифода аз «сиёсати зӯроварӣ» вазъиятро дар Қафқоз ва хосатан дар Тоҷикистон тезутунд намуданд. Яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сиёсати зӯроварии ихвонипешаи ҲНИТ дар кишвар буд. Дар Россия низ гурӯҳҳои террористии Ибни Хаттоб, Шамил Бассаев, Маҷлиси олии ҳарбии шӯрои қувваҳои мусаллаҳи Кавказ, ки ячейкаҳои «Ихвон-ул-муслимин» буданд, ба амалҳои террористӣ даст заданд, ки ин боиси куштору ноамнӣ дар минтақаи Кавкази Федератсияи Россия гардид.

Ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015-и ҷумҳурии мо низ бозгӯкунандаи он аст, ки ҲНИТ ячейкаи «Ихвон-ул-муслимин» аст ва дар ҳар вазъияте аз усулҳои хос истифода менамояд. Пешвоёни ҲНИТ дар моҳи сентябр мутақоид буданд, ки онҳо дар кишвар бо усули «қадам ба қадам» тарафдорони зиёдеро соҳиб гардидаанд ва баъдан фазои  дигари сиёсии худ «сиёсати зӯроварӣ»-ро шурӯъ карданд ва тавассути гумоштаи хеш — генерал Назарзода даст ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ  заданд. Онҳо муътақид буданд, ки дар муддати кӯтоҳ ошӯби онҳо дастгирию ҳамовозӣ пайдо мекунад ва онро баъдан ба инқилоби исломӣ табдил медиҳанд. Амалҳои террорис-тие, ки солҳои 90-ум аз ҷониби дастандаркорону пайравони ҲНИТ содир шуда буданд, (амсоли даҳшатноктарин навъҳои куштори инсон дар вилояти ҳамонвақтаи Қӯрғонтеппа, террорҳои пай дар пайи шахсиятҳо) боиси он гардид, ки табаддулоти онҳо   ба шикаст мувоҷеҳ гардад.

Хулоса, ҲНИТ тӯли замони мавҷудияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои «Ихвон-ул-муслимин» ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми ақидавии ҲНИТ аз рӯи усули «қадам ба қадам» буда, ором-ором ба мағзҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ сироят кард. Онҳо кӯшиш намуданд, ки то андозае гурӯҳҳои муайяни коршиносону рӯзноманигорон ва адибону олимонро ба самти худ моил намоянд. Дар бахши амалӣ бошад, ҲНИТ мисли «Ихвон-ул-муслимин» аз сиёсатҳои зӯроварӣ ё терроризми амалӣ кор гирифта, сабаби фоҷиаи солҳо 90-ум ё террори ақидатӣ дар солҳои 1991-1997 ва бо роҳи зӯроварӣ иваз кардани ҳокимият дар соли 2015 гардид.

Айни ҳол ин ҳизби мамнуи терористӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон   аз ҳисоби ячейкаҳои дигари ихвонӣ таблиғоти густурдаро алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва  тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамояд, ки зеҳнҳоро мағшуш намояд.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи

технологии Тоҷикистон