Вт11132018

Last updateЧт, 08 Нояб 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

БА ХОТИРАИ ШОҲМОТБОЗ

Миёни шоҳмотбозони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ӯро ҳамчун «Исои шоҳмотбози файзободӣ» мешинохтанд. Зеро Исо дар мусобиқаҳои ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор, Турсунзодаю Ёвон, ки аз ин риштаи варзиш доир мешуд, иштирок карда, мудом ҷойҳои ифтихориро ишғол менамуд.

Исо ҳамчун инсони хоксору заминӣ бо рафтору гуфтораш миёни мардум, алалхусус дӯстдорони бозии шоҳмот соҳибэҳтиром буд.

Сад ҳайф, ки марг ӯро бармаҳал ба таври фоҷиавӣ аз миёни мо рабуд. Инак, аз марги Исо як сол сипарӣ шуд. Дӯстдорони шоҳмот ва ёру рафиқонаш барои поси хотираи ӯ мусобиқаи шоҳмот доир намуда, дӯстдорони ин намуди варзишро аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват карданд.

Мусобиқаи шоҳмотбозон рӯзҳои 13-14 январ бо иштироки беш аз 40 нафар шоҳмотбоз гузаронида шуд. Чи тавре сардовари мусобиқа Ислом Каримов иброз дошт, шоҳмотбозони ноҳияи мо хеле хуб баромад намуданд. Маҳмадулло Олимов мақоми аввал, Аскар Тоирову Ҳусейн Шарифов ҷойҳои дуюму сеюмро соҳибӣ карданд.

Ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои молии бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.