Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

varzishДар шумораи даҳуми соли ҷории   нашрияи «Набзи Файзобод» бо номи «ЧЕМИОНИ  ҶАҲОН АЗ ВАШГИРДИ БОСТОН» аз ҳаёту фаъолияти варзишгари шинохтаи тоҷик, ҳамдиёри мо, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва саломатии  ба номи П.Ф. Лезгофтаи шаҳри Санкт- Петербурги Россия Гулбиддин Раҳматзода  мақолаи корманди нашрия рӯи чоп омада буд. Дар ин навишта  Гулбиддин   орзуи онро карда буд, ки зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ширкат намояд. Инак, орзуи Гулбиддин Раҳматзода  дар чемпионати ҷаҳон, ки аз 20 сентябр то 1 октябр дар шаҳри Екатеринбург доир гардид, ҷомаи амал пӯшид. Ӯ якбора аз рӯи панҷ бахши варзиши вазнин (аз ҷумла армлифтинг, пауэрлифтинг) дар ду вазн соҳиби 10 медали тилло гардида  унвони Чемпиони ҷаҳонро сазовор шуд.  Яъне,  Гулбиддин Раҳматзода  бори аввал зери Парчами Тоҷикистон ин унвони баландро соҳиб шуд. Қаҳрамонӣ муборак, Гулбиддин!

Дар сурат: Гулбиддин Раҳматзода бо Парчами Тоҷикистон дар пояи қаҳрамонӣ.