Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

ФАЙЗОБОД ДАР САФИ АВВАЛ

Ба истиқболи 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон   дар толори қасри фарҳанги ноҳия мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини миллӣ миёни  наврасони соли таваллудашон 2000-2002 баргузор гардид. Дар мусобиқа гӯштингирони наврас  аз шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Норак, Ҳисор ва Хуросону Рӯдакӣ иштирок доштанд.

Чӣ тавре директори мактаби варзишӣ И. Ғиёсов ба мо иброз намуд, дар мусобиқа шарафи ноҳияамонро   зиёда аз 60 нафар варзишгарон   ҳифз намуданд. Дар сабқати мазкур, ки аз рӯйи 8 вазн баргузор гардид, намояндагони ноҳияи мо қариб дар ҳамаи вазнҳо мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Дар вазни 46 кг Додихудо Зиёзода сазовори ҷойи аввал, Баркатулло Икромов, Ҷунайдулло Акобирзода ҷойи сеюм, дар вазни 50 кг Руҳангези Бахтиёр  ҷойи  аввал, Сарвари Искандар ҷойи дуюм, дар вазни 55 кг Сомон Расулов ҷойи аввал, Эҳсон Қудратов ҷойи дуюм, Ҳасанҷон Мирзозода ва Қосимҷон Одинаев ҷойи сеюм гардиданд.

Варзишгарони ҷавон Аҷам Нуриддинов дар вазни 60 кг ҷойи аввал, Саидҷаъфар Ваҳҳобов ҷойи сеюм, дар вазни 65 кг Диловар Ҳайдарзода ҷойи дуюм, Хайрандеш Назиров, Муҳаммад Холиқов ҷойи сеюм, дар вазни 70 кг Давлатбег Саъдуллоев ҷойи дуюм, Диловар Соибов ҷойи сеюм, дар вазни 75 кг Меҳрубон Исматов ҷойи аввал, Фозил Латипов ҷойи дуюм, Шуҳрат Каримов ҷойи сеюм, дар вазни 80 кг Меъроҷ Баротзода ҷойи дуюмро сазовор гардиданд.

Дар ҷамъбаст ҳамаи ғолибон бо Ифтихорнома ва медалҳои мусобиқа мукофотонида шуданд.

А.ҲИКМАТУЛЛО.