Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

ГУЛБИДДИН ДАР РОССИЯ ПЕШСАФ АСТ

Чанде пештар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 (деҳаи Мӯминобод) ҷамъомаде барпо гардид, ки дар он аз дастовардҳои варзишии Гулбиддин Раҳматзода боифтихор сухан рафт.

Гулбиддин кист ва чӣ дастоварде дорад, ки омӯзгорони таълимгоҳи мазкур аз номи ӯ ифтихор мекунанд?

Раҳматзода Гулбиддин 14 майи соли 1996 дар деҳаи Мӯминободи ноҳияи Файзобод дар оилаи Раҳматов Иззатулло ба дунё омадааст. Ӯ то 15-солагиаш дар мактаби деҳа таҳсил кард. Гулбиддин дар озмуну чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок менамуд. Омӯзгори муассиса Мӯсоев Мулоҷон шавқу завқи ӯро ба варзиш бештар ҳис карда, иштироки фаъолонаашро дар чорабиниҳои варзишӣ  таъмин мекард. Падару модари Гулбиддин ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Гулбиддин  таҳсили минбаъдаро дар ин шаҳр давом дод. Ӯ дар толори варзишӣ ба машқи армлифтин машғул шуда, малака ҳосил намуд. Соли 2015 дар мусобиқаи байналхалқӣ сазовори медали нуқра гардид.

Моҳи октябри соли 2016 Гулбиддин аз 28 то 30 октябр дар  мусобиқаи байналхалқӣ дар шаҳри Москва иштирок карда, дар 5 намуди  варзиш дар вазни 80 кг сазовори ҷои якум гардид ва соҳиби 5 медали тиллои ин мусобиқа шуд. Азбаски дар толор ягон тоҷик набуд,  ҷавонмарди арманӣ ва мухлисони финнӣ Гулбиддинро табрик карда барои ғолибияташ кафкӯбӣ кардаанд. Гулбиддин аз корманди консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Москва  Саидов Мирсаид, ки ба ӯ ёрии молиявӣ расондааст, миннатдорӣ мекунад.

Гулбиддин Раҳматзода дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербург таҳсил  менамояд. Ӯ баъди хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта ба халқу ватанаш хизмат хоҳад кард.

Анвар ҚОДИРОВ,
майори мустаъфӣ.