Вт05262020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

НЕЪМАТИ БУЗУРГ

     НЕЪМАТИ БУЗУРГСолиёни пеш дармонбахши беморон аслан   табибони халқӣ ва муллоҳо буданд. Онҳо усулҳои гуногуни табобат, аз ҷумла  дуохониву рӯҳфарорӣ, аловгардонӣ, бахшибонӣ, хӯрондани доруҳои аз гиёҳҳо омода шуда, маҳскунӣ, хунгирӣ, шикастабандӣ ва ғайраро, ки пушт ба пушт миёни мардум маъруфият дошт, истифода мекарданд.


Албатта, фарзандони миллате, ки Абӯалӣ ибни Сино барин табиби оламшумул дорад, мардумашро ҷоҳилона ба коми аждаҳои марг намесупорад, балки мехонад, ҷустуҷӯ мекунад, роҳу усулҳои табобатро меёбад.  Ҳамин аст, ки ҳар давру замон ворисони Синои бузургро тарбия мекунад.  Қаҳрамони навиштаҳои поёнии мо низ мефахрад, ки тавассути теғи ҷонбахши Сино ба дарди ҳазорон беморон даво меёбад.
...Гулмаҳмад Нуров зодаи  қишлоқи Олуниҷамоати Сағирдашти ноҳияи Қалъаихумб мебошад. Падараш Қаландаров  Нур, ки  иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва  маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм буд, мехост фарзандонаш пайи илм рафтаву соҳибкасб шаванд ва  ба халқу миллат нафъ биёрад. Ҳамин буд,ки Гулмаҳмадро пас аз хатми  мактаби  деҳа,   соли 1959  ба мактаб-интернати ба ном В.И.Ленини шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм овард. Соли 1964 баъди гирифтани  маълумоти миёна  роҳ сӯи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  гирифт. Сиру асрори тибро аз устодони сахтгираш омӯхтаву  бо сари баланд  соли 1970 онро хатм кард.  Пас аз хатми донишгоҳ ба ординатураи клиникӣ, ба кафедраи госпитали №2 дохил шуда, онро соли 1972 ба ихтисоси  ҷарроҳи узвҳои дохили шикам ба итмом расонид. Худи ҳамон сол, яъне аз моҳи августбо фармони вазири тандурустии ҷумҳурӣ ҳамчун ҷарроҳ дар беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод  ба фаъолият шуруъ  кард. Аз соли 1973 то соли 1989 ҷонишини сардухтур оид ба корҳои табобатӣ ва ҳамчун ҷарроҳ ифои вазифа кардааст.
Солҳои тӯлонӣ  мудирии шуъбаи ҷарроҳиро низ ба уҳда дошт.Солҳои 2001-2005  дар Ҷумҳурии  Яман ҷарроҳ-мушовир шуда кор кард.  Баъдан то ба нафақа баромадан   мудирии шуъбаи ҷароҳии беморхона буд.
Ҳамсараш Бухориева Олима  низ табиб аст. Солҳои зиёдест,ки  духтури чашми маркази саломатии ноҳия мебошад. Имрӯз аз он меболанд, ки соҳиби  се фарзанди баркамол мебошанд, ки имрӯз дар соҳаҳои гуогуни хоҷагии халқи кишвар адои вазифа доранд. Ҳамеша меҳнати ҳалолу  маҳорати касбии Г.Нуровро  қадрдонӣ мекунанд. Бо медали «Шафқат» ва Грамотаи фахрии Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.  Як маротиба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб шуд. Мақолаҳои илмияш доир ба узвҳои инсон рӯи чоп омадаст.
Айни ҳол бахши ноҳиявии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмарро сарварӣ дорад. Мефахрад аз он ки шогирдонаш доктори илмҳои тиб Зубайдов Асадулло Убайдович дар шаҳри Москва ва Сафаров Х. дар Ҷумҳурии Доғистон ба сифати ҷарроҳ фаъолият доранд.
Аз эҳтироми  мардум барои худ хулоса мегирад, ки умрашро беҳуда зоеъ накардааст.

 

З.СОБИРОВ.