Пн10072024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ШУЪБАИ ҶАРРОҲӢ НАВСОЗӢ ГАРДИД

Масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар маркази таваҷҷуҳии ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст, зеро ояндаи босаодати ҳар миллат ва пойдории он аз сиҳатии сокинонаш вобастагии калон дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мо ҳам баҳри баландбардоштани хизматрасонии тиббӣ ва фароҳамовардани таҷҳизотҳои муосири тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ чораҳои мушахасро роҳандозӣ мекунад. Дар доираи нақша-чорабинӣ ба ифтихори таҷлили сазовор аз ҷашни 30-солагии Итиқлолияти давлатии кишвар намои берунии беморхонаи марказӣ ва шуъбаи ҷарроҳии он пас аз таъмиру таҷдиди пурра мавриди истифода қарор гирифт. Намои беморхонаро бо маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ширкати сохтмонии “Нексохт” сардораш Ҳабиб Содиқов азнавсозӣ намудааст. Дару тирезаҳои саросари беморхонаро низ бо маблағи буҷаи маҳаллӣ соҳибкор Шамсулло Ҳомидов аз нав бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намуд. Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ бошад, бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои саховатмандону соҳибкорон пурра таъмир шуд. Ҳамчунин дару тирезаҳои ҳуҷраҳои беморону табибон иваз карда, девору фарш ва сақф низ рӯи таъмир диданд.

Дар маросими ифтитоҳи шуъбаи мазкур   саховатмандону соҳибкорон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва аксар раисони маҳаллаҳои ноҳия иштирок доштанд.

Ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи шуъбаи ҷарроҳӣ муовини раиси ноҳия Раҷабзода Нурия Ҷунайд қайд намуд, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ баҳри дар сатҳи зарурӣ боло бурдани хизматрасонии тиббӣ ба сокинон роҳбарияти ноҳия ҳама чораҳоро меандешад. Агар бигӯем, ки соли 2020 соли дигаргуниҳои куллӣ барои кормандони соҳа хоҳад гашт хато нахоҳем кард. Зеро таъмири шуъбаву бунёди як қатор иншооти ёрирасон дар дохили беморхонаи марказӣ, таъмири пурраи беморхонаи минтақавии Меҳробод ва як қатор марказу бунгоҳҳои тиббии наву замонавӣ дар деҳоти ноҳия, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард, дар назар аст. Ҳамаи ин табибонро водор месозад, ки бо дасту дили пок баҳри табобати мардум кӯшиш намоянд. Сипас Раҷабзода Н.Ҷ. ба раисони ҷамоатҳои Ҷавонон, Вашгирд ва Қалъаи дашт сипосномаҳои раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравиро ба хотири саҳмгузорӣ дар таъмири шуъбаи ҷарроҳӣ супорид.

Ҳамчунин он рӯз дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаашон дар даромадгоҳи шуъбаи бемориҳои кӯдакона китобхона ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳуҷраи барҳавои китобхона бо таҷҳизоти зарурии китобдорӣ таъмин аст. Дар китобхонаи нав алҳол зиёда аз 300 нусха китобҳои бадеию илмӣ гирд оварда шудааст.

Ҳ. Бузург, “НФ”.