Ср10232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ТУҲФА БА СОКИНОНИ БОҒИМИРӢ

Бо шарофияти истиқлолияти давлатии кишвар рӯз аз рӯз Тоҷикистон аз ҷумла ноҳияи мо ободу зебо гардида истодааст. Имшабу рӯз ҷиҳати амалигардонии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 таҳти №1059 барои дар сатҳи баланд ва дастовардҳои нав ба нав пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён дорад.

Сокинони меҳнатқарини диёри файзборамон қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар баҳри сазовор истиқбол намудани ин санаи фархунда наздики 500 иншооти ҷашниро пешниҳод намуданд, ки қисе аз онҳо то анҷоми соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

Соҳаи тандурустӣ бхши муҳими сиёсати ҳукумати кишварро фаро мегирад. Зеро мо бидуни ҷомеаи солим наметавонем ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил гардем. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат ҳам пайваста дар суханрониҳояшон аз ин боб таъкид мекунанд. Ҷиҳати фаро гирифтани сокинони диёр ба хизмати саривақтии тиббӣ дар қаламрави ноҳия бунёду азнавсозии бунгоҳу марказҳои саломатӣ вобаста ба пешвози ҷашни фархундаи миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ бо маром ҷараён дорад. Тайи солҳои охир дар соҳаи тандурустӣ якчанд марказу бунгоҳҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла дар соли 2017 бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Себистон, Офтобрӯя, Яккабед, соли 2018 бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Оби сангбур, Хами савра, Навбаҳор ва давоми шаш моҳи соли ҷорӣ марказҳои саломатии деҳаҳои Орифон ва Дубеда аз ҷониби лоиҳаи “Беҳтаркунонии хизматрасонии тиббӣ” аз ҳисоби бонки умумиҷаҳонӣ ва бунгоҳи саломатии деҳаи Шукурӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва саховатмандони диёр сохта ба истифода дода шуданд. Дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмонӣ дар бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Шаҳтакиён, Қалошӣ, Карсанг ва Боғи мирӣ ҷараён дорад.

Бунгоҳи тиббии деҳаи Боғи мирӣ бо ташаббусу маблағгузории вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Хайрулло Асозода ва дастгирию сокинони деҳа   бунёд гардидаистодааст, ки аз 5 утоқ ва 1 роҳрав иборат аст. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар қисми асосии бино бомаром ҷараён дорад. Дару тиреза ва дигар масолеҳи зарӯрӣ барои болопӯши бино пурра тайёр аст. Сокинони маҳал низ аз иқдоми вакил илҳом гирифта азм доранд, ки ҳарчи зудтар корҳои сохтмониро ба охир расонида, бунгоҳи мазкурро то ҷашни 28 солагии истиқлолияти давлатии кишварамон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Ин туҳфаи сазовор ба сокинони деҳаи Боғимирӣ дар арафаи иди истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб меёбад.  Ҳаминтавр  то соли 2021 бунёду азнавсозии марказу бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Дороб, Кӯлобиён, Сайдонӣ, Себзор ва Навобод ба нақша гирифта шудааст.

Воқеан, чунин ҷараён гирифтани корҳои ободониву созандагиро метавон самараи навниҳоли истиқлолият гуфт. Ба ин хотир ба қадраш бояд расид. Зеро он ганҷест бебаҳо.

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори “НФ”.