Пт07192019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ДАР МУЛОҚОТИ ВАКИЛ

Ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Хайрулло ва раиси Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони кумитаҳои маҳал атрофи Паёми ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Подробнее...

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН САДО ВА ИФТИХОРИ ТОҶИКОН БУД

Парчами миллӣ дар радифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллӣ ва Нишон яке аз рукнҳои аслии шинохт ва муаррифии давлат маҳсуб меёбад.

Подробнее...

ГИРЕҲИ ДИЛҲО КУШОДА ШУД

 

Аз барқарории муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон, манзур сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва гуфтушуниди сатҳи давлатии сарони ду кишвар дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе  чор моҳ гузашт. Вале банда ҳанӯз ҳам аз таассуроти чорабиниҳои муҳими Душанбе фориғ нашудаам. Ва мехоҳам андешаҳои худро рӯйи коғаз биёрам.  

Подробнее...

МО СОҲИБИХТИЁРЕМ!

 

Вожаи Истиқлолият моро ба андеша мекашад, то дарк кунем, ки он чӣ чиз асту чӣ медиҳад. Ҳафтод сол зери байрақи соҳибихтиёрӣ зиндагӣ кардем. Вале соҳибихтиёрии мо, тоҷикистониҳо, нисбӣ буд. Москваро гӯш мекардем, аз ӯ мепурсидем, ки фалон корро чӣ навъ оғоз кунему чӣ тарз ба анҷом расонем. Чунки мо фарогири СССР – Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ будем. Ҳамеша ду парчам меафрохтем: Парчами СССР ва Парчами Тоҷикистон.

Подробнее...

ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ҶАНГ НЕСТ

ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ҶАНГ НЕСТ

Бархурди андешаҳову рушди бемайлони технологияи коммуникатсионӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ намегузорад, ки шахсе ё гуруҳе бидуни дахолат вобаста ба ин ё он руйдод дар ҷомеа кору фаъолият кунад. Сабабу оқибатҳои даргириҳои динию мазҳабиву нажодӣ дар мамолики Мисру Фаластину Сурияву Ироқ ва Покистону Афғонистони ба мо ҳамсоя имрӯз наинки мардуми ҷангзадаи мамолики зикршударо балки кулли сокинони сайёраро ба таҳлука гирифтор кардааст. Чун оина рушан аст, ки дар меҳвари асосии ҳамаи ин даргириҳо кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳ меистанд. Ва бо ин аъмоли хеш ҷилва медиҳанд, ки молику ҳукмрони аслии сайёра онҳоянд.

Подробнее...