Сб11162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР»

Модарони меҳрубон! Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамасола дар айёми фарорасии фасли зебои сол - баҳори нозанин дар саросари кишвари азизамон яке аз ҷашнҳои зебову муқаддас - ҷашни «Рӯзи модар» бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат модарону хоҳарони азизро самимона табрику таҳният мегӯям.

Зан-модар дар ҳама давру замонҳо дар баробари офарандаю тарбиятгари инсон будан, боз дар қатори мардон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолона ширкат варзида, дар ташаккули равандҳои ҷомеа, зебову гуворо гардонидани зиндагӣ саҳми босазо мегузорад. Имрӯз занон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар сафи пеш қарор дошта, аз худ диловарию қаҳрамонӣ ва шуҷоату шарафмандӣ зоҳир менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таваҷҷуҳу ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва дастгирии пайвастаи онҳо аз ҷониби Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи занон меафзояд. Дар ин давра дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон аввалин давлате буд, ки дар қатори дигар хуҷҷатҳои байналмилалӣ ба Конвенсияи байналхалқӣ «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои таъбиз нисбати занон» ҳамроҳ гардид. Баробари ҳамроҳ шудан ба Конвенсияҳои байналхалқӣ аз ҷониби парламенти мамлакат қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва як қатор дигар қарору фармонҳо ба имзо расиданд, ки ба таъмини пурраи сиҳатии модарону кӯдакон, баланд бардоштани мақому манзалат ва маърифати ҳуқуқии бонувон равона карда шудаанд. Ғамхориву тадбирҳои Давлату Ҳукумат дар ҳаққи занон пайваста идома меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон 26 декабри соли 2018 қайд намудаанд, ки: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба роҳбарӣ гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани он чораҳои амалӣ меандешад. Бонувони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия баробари дигар занони кишвар ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат дар рушди иҷтимоиву иқтисодии диёру кишвар ҳиссагузорӣ менамоянд.

Имрӯз дар ноҳия 8 нафар вакилони халқи ноҳия, 38 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 18 нафар хизматчиёни давлатӣ, 10 нафар директорони муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби занонанд. 500 нафар занон ба ҳайси духтурону ҳамшираҳои шафқат ва 690 нафар ба ҳайси омӯзгорон фаъолият менамоянд.

Боиси ифтихору шодмонист, ки имрӯз садҳо нафар бонувони ноҳия бо меҳнати ҳалолу пурсамар, фаъолияти ҷамъиятии худ дар ноҳия ва берун аз он соҳиби иззату икроманд.

Модарону хоҳарони азиз! Бонувони гиромиқадр!

Мо дар ҳаққи модарони мушфиқу ғамхор, занҳои меҳрубону босадоқат, хоҳарону бонувони азиз ҳар чӣ қадар сухан гӯем кам аст ва боз ногуфтаҳо мемонанд. Зеро ҳеч як ситоишеву сухане наметавонад бо меҳру муҳаббати модар, ранҷу машаққати ӯ дар тавлиду тарбияи фарзанд ва ободии хонадон баробар бошад.

Бо истифода аз минбари нашрия бо як ҷаҳон ихлосу меҳр ҳамаи модарону хоҳарони азиз, бонувони мушфиқу меҳрубонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба ифтихори иди зебои баҳор - «Рӯзи модар» самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, саодати рӯзгору барору комёбиҳои беназирро таманно мекунам.

Идатон муборак, модарону хоҳарони азизу гиромиқадр!