Вт09102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАКИЛ АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЯКМАНДАТАИ ФАЙЗОБОД №11 ПЕШБАРӢ ШУД

Конференсияи муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод ва як қисмати шаҳри Ваҳдату ноҳияи Нуробод бо иштироки 130 нафар вакил дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфоваи ноҳия баргузор шуд. Дар кори конференсия, муовини раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Латифзода А.Қ. ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода, шаҳри Роғун Махфират Давлатова, ноҳияи Файзобод Абдулло Азизов ва ноҳияи Махсумҷон Абдуллоев раиси ҳавзаи интихоботии Файзобод №11 Акрамзода З.А. иштирок доштанд.

Вакилони конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Файзобод №11-ро баррасӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод Азизов А. баромад намуда, қайд кард, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 декабри соли 2019, таҳти рақами 1380 интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст.

Мутобиқи моддаи 30-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатӣ низ пешбарӣ намоянд.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Латифзода А.Қ.   баромад намуда, номзадии Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзободро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Баъд аз овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо Наҷмиддинов Файзулло Раҷабовичро бо гирифтани 128 овоз аз шумораи умумии 130 вакил конференсияи муштарак ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Файзобод №11 пешбарӣ гардид.

Сипас Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович ба сухан баромада, аз вакилон барои дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки мекӯшад ба он эътимоду боварии вакилони Конференсия сазовор бошад ва барои халқу Ватан содиқона хизмат намояд.

                                                                                                                        «ФН».