Вс03242019

Last updateПт, 15 Март 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ МАОРИФ ЗИЁД АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа-маориф низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мушкилоти онро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Дар Паём чун ҳарсола ба соҳаи илму маориф диққати хосса дода шудааст. Роҳбари давлат ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани таҳкурсии моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилотро вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф ҳисобид.

Ислоҳоти соҳаи маориф аз соли 2004 оғоз ёфта то имрӯз идома дорад. Бояд ин ислоҳот ҳар як зинаи таълимро фаро бигирад. Ҳамчунин дар Паём аз заҳмати устодону омӯзгорон ва қадрдонии онон сухан меравад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаққи омӯзгорон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд. Пайваста сол то сол афзудани маоши омӯзгорон далели ин гуфтаҳост. Дар Паём қайд шудааст, ки «Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем». Ин андеша бебаҳс аст. Чаро ки агар беҳтарин китоби дарсӣ, маводи диктантӣ, воситаҳои техникии таълим ва муҷаҳҳазтарин синф муҳайё ва ба ихтиёри омӯзгор дода шавад ҳам, ӯ бо дили гарм кор накунад ва пайи худомӯзию ҷустуҷӯҳои роҳу усулҳои нав набошад, мақсад ҳосил намегардад.

Нуктаи дигари бисёр муҳим ва зарурӣ, ки дар Паём зикр гардидааст, ин такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Барои дуруст ба роҳ мондани таълими ин забонҳо бояд ҳар як омӯзгори соҳа ба таври ҷиддӣ биандешад ва дар роҳи такмили он кор кунад.

Хулоса, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маорифро роҳнамост.

Мавзуна ИСЛОМОВА, омӯзгори фанни

забон ва адабиёти тоҷик, муассисаи №1.