Сб10202018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ҶАНГ НЕСТ

ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ҶАНГ НЕСТ

Бархурди андешаҳову рушди бемайлони технологияи коммуникатсионӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ намегузорад, ки шахсе ё гуруҳе бидуни дахолат вобаста ба ин ё он руйдод дар ҷомеа кору фаъолият кунад. Сабабу оқибатҳои даргириҳои динию мазҳабиву нажодӣ дар мамолики Мисру Фаластину Сурияву Ироқ ва Покистону Афғонистони ба мо ҳамсоя имрӯз наинки мардуми ҷангзадаи мамолики зикршударо балки кулли сокинони сайёраро ба таҳлука гирифтор кардааст. Чун оина рушан аст, ки дар меҳвари асосии ҳамаи ин даргириҳо кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳ меистанд. Ва бо ин аъмоли хеш ҷилва медиҳанд, ки молику ҳукмрони аслии сайёра онҳоянд.

Мутаассифона, имрузҳо мебинем, ки гуруҳҳои зердасти ин абарқудратҳо бо ҳар роҳу восита ҷавононро биреб намуда, ба коми ҳадафҳои нопоки худ мекашанд. Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ, ки яке аз чунин зергурӯҳҳои ин хоҷагон ба шумор меравад, дар кишвари мо пайи амалишавии чунин ҳадафҳои нопок берун аз кишвар баҳри гумроҳ намудани ҷавонон фаъолият мекунад.

Тазоҳуроти мардум назди сафорати ҶИ Эрон дар пойтахти кишвар, ки маҳаки асосиашро мавзуи матраҳшаванда форо мегирад, як навъ безории мардум аз чунин ҳизбу ҳаракатҳо ва амалкардашон дар қаламрави кишвар ва берун аз онанд.

Гарчанде ин митинг як таҳаввулоти нав баъд аз бенизомиҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба назар тобад, аммо як руйдоди табиист ва бояд чунин ҳам бошад. Зеро давлати мо дар асоси муқаррароти конститутсияи кишвар демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявист. Пештар гуфта гузаштам, ки рушди технологияи муосир ба ҷомеа бетаъсир нест. Зеро ки мардум ҳамаи воқеаву ҳаводиси ҷаҳонро худ мебинанду ба кӣ ва чӣ бо кадом тарз муносибат намуданро омӯхтаанд. Бинед, ки дар кишварҳои аврупо барои ҳифзи манфиатҳои миллиаш сокинонаш монанди сели мӯр ба кучаҳо мерезанд. Ва аз ҳуқуқу манфиатҳои миллии хеш дифоъ мекунанд. Пас чаро мардуми мо барои ҳифзи чунин арзишҳо, аз ҷумла сулҳу субот ва амнияти комил тазоҳурот накунанд.

Замони бадастории истиқлолияти кишвар як маротиба давлатҳои ғаразҷуву манфиатхоҳ давлати ороми моро ба гирдоби хуну оташ кашиданд. Ва хуни ҳазорон бегуноҳҳоро рехтанду ба ҳадаф расиданд. Акнун мардум пайхас намудааст, ки вақти нишастану хомуш истодан нест.

Алакай мардум огоҳ аст, ки чи гуна гуруҳҳои манфиатҷу берун аз кишвар баъзе аз ҷавононро фиреб намуда, қурбони ҳадафҳои разилонаи хеш месозанд. Ба ин хотир тазоҳуроти мардум бо шиори «Нест бод Кабирӣ!», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!» ва бо муроҷиат ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор мекарданд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд», «Дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳабӣ ҷой нест!», «Фарзандони моро аз гуруҳҳои террористӣ ба ватан баргардонед!», «Ба баргаштани фарзандони мо монеъ нашавед!» саривақтӣ ва ба маврид буд. Чунки мардум намехоҳад, ки оромиву сулҳу соботи ба мушкилӣ бадастомадаро дубора аз даст диҳад.

Бунёди ҲОТАМ.